Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МАҲФИЛИ “НАВРӮЗИ КИТОБ”

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 маҳфили “Наврӯзи китоб” доир гардид. Бахшида ба ин маҳфил  дар мактаб намоиши асарҳои шоирону нависандагони классики форсу тоҷик ва шоирону нависандагони муосир ташкил карда шуд. Адибон Муҳаббати Юсуф ва Қурбоналӣ Ғуломзода дар баромадҳои худ.

Дар маҳфили адибаи шинохтаи диёрамон Муҳаббати Юсуф, сардори раёсати фарҳанги вазорати фарҳанг  Қурбоналӣ Ғуломзода, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия Ҳабибулло Мирзошарифов иштирок карданд. хонандагонро ба донишомӯзӣ, худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу ваҳдат, донишу малакаи ҷаҳонбинӣ ҳидоят карданд.

Сипас хонандагони аз ашъори шоироне, ки дар васфи  Ватан-Модар, сулҳу ваҳдат, табиати зебоманзар ва ғайра шеърҳо навиштаанд пораҳо  қироат кардаанд. Сарвари муассиса, Қодир Саидов ба меҳмонон барои вохӯрии шавқовару хотирмон арзи сипос намуд.

Ҳоким САФАР