Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

САДОҚАТ БА ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

Аз даргузашти Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев 26 сол ва аз зодрӯзаш 65 сол сипарӣ шуд. Давоми бисту шаш соли баъди марги ӯ сурудҳояшро қариб дар тамоми ҷумҳурӣ замзама мекунанд. Садоқати мухлисонаш ба номи ӯ ва таронаҳои офаридааш кам не, зиёдтару мустаҳкамтар мегардад. Далел ҳамин аст, ки ҳамасола дар рӯзи мавлуди ӯ аз гӯшаю канори кишвар бе ягон таклифу хабар мухлисону пайвандонаш ба зодгоҳи шодравон, ба Файзобод омада, дар маҳфили ёдоварӣ ширкат меварзанд.

Маҳфили имсола ҳам хотирмон гузашт. Барои гарм гирифтани маҳфил, яъне ҳунарнамоӣ ба хотири Дӯстмурод Алиев 28 нафар омада буданд. Аз ин шумора 15 нафари онҳо, аз ҷумла Пирхони Файзулло (н. Бохтар), Қурбоналӣ Мирзоев (н.Ховалинг), Рустами Эмомалӣ (н.Ҷиликул), Маҳмадулло Каримов (вилояти Хатлон), Сайфулло Назаров (ш.Ваҳдат), Қурбоналӣ Идиев (ш.Душанбе), Хуршед Тавакалов (н.Файзобод) аз оҳангҳои офаридаи Дӯстмурод бо лаҳни худ сароиданд. Дар ҳама сурудхониҳо симои шодравон пеши рӯ буд. Мухлисонро  суханҳои самимӣ ва таронаҳои ҳунарпешаҳо хуш омад.

Дар баробари меҳмонон пайравону шогирдони Дӯстмурод Алиев, инчунин санъаткорони Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова хотири ҷамъомадагонро шод гардонданд. Аҳли толор ҳунарнамоии Бекмурод Гулмуродов, Ҳасан Шарифов, Қурбон Одинаев, Ҷаҳонбӣ Аслоноваро хуш пазируфтанд. Рақси ҷаззобу диққатрабои Мавзуна Ормонбекова ҳамаро мафтун кард. Фарзанди Дӯстмурод Наврӯз ва бародараш Раҷабмурод низ чанд тарона манзур доштанд.

Маҳфили онрӯза бори дигар собит намуд, ки садои Дӯстмурод Алиев даҳсолаҳои зиёд мухлисони худро гум намекунад.

М.ТАЛЪАТ.