ИҶТИМОЪ
ТАҚОЗОИ ЗАМОН
- Подробности
-
28 Апр 2016
- Опубликовано 28.04.2016 20:48
Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби мақомоти расмии қонунгузории кишвар пешниҳод шуд, тақозои замони муосир арзёбӣ кардан мумкин аст. Рушди устувору босуботи ҷомеа пайваста тақозо мекунад, ки меъёрҳои Конститутсия такмил дода шавад. Дар баробари ин қонунгузориҳои амалкунанда низ бояд такмил ёбад, ки ин, албатта, ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат менамояд. Чунин иқдом имконият фароҳам меоварад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро “...муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳамчун ҳадяи олитарини фаъолияти Президент ва ҳукумат” арзёбӣ намуд. Ин иқдом ба тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҷомеа, ҳуқуқу озадиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат менамоянд. Набояд фаромӯш кунем, ки меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз Конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Тағйироту иловаҳое, ки солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия ворид карда шуданд, он меъёрҳоро боз ҳам мукаммалтар карданд. Вақти он фаро расид, ки бо назардошти талаботи ҷаҳони муосир, рушди бемайлони ҷомеа, меъёрҳои дархурди замон, ки метавонад омили рушду ташаккули ҷомеа бошад, ворид карда шаванд.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили таъмини меъёрҳои Конститутсия, масъалаҳои таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд, таъмин ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ ҳисобида дар ин ҷода пайваста тадбирҳо меандешад.
Пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ғамхориҳои навбатии Президенти мамлакат дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон, ки аз кафолатҳои конститутсионӣ маншаъ мегирад, ба ҳисоб меравад. Бояд ҳар яки мо пуштибонии худро аз “Тағйиру иловаҳо ба Констиутсияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини раъйпурсии умумихалқӣ” изҳор намуда, дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйиру иловаҳо бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ фаъолона иштирок намуда дар рушди ҷомеа саҳми босазо гузорем.
Мирзозода Файзулло МИРЗО,
судяи суди ноҳияи Файзобод.