ИҶТИМОЪ
САБТИ АСНОДИ ШАҲРВАНДӢ ҲАТМИСТ
- Подробности
-
23 Окт 2015
- Опубликовано 23.10.2015 10:03
Чашм ба олами ҳастӣ кушодани тифл шодию сурури хонадон аст. Волидайн аз гиряи нахустини навзод ба ҳаяҷон меоянду меболанд, хурсандӣ мекунанд. Бо хандаи аввалини тифл ва қадамҳои нахустини ӯ, аввалин бор бо ҳиҷо сухан гуфтани ӯ худро дар олами беғамӣ тасаввур менамоянд. Ба қавли шоир:
Хонае, ки тифл бошад, ғусса дар он хона нест,
Хонае, ки тифл бошад, ғайбати бегона нест.
Ҳанӯз аз давраи дар батни модар будани тифл падару модар барояш ном интихоб мекунанд, лекин фикр намекунанд, ки инсон бе сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, яъне бе гирифтани шаҳодатномаи таваллуд шаҳрванд ҳисоб намешавад, ба қавле, шахс ҳам ҳасту ҳам нест.
Тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ҳар як падару модар ҳуқуқ дорад ба фарзанди худ шаҳодатномаи таваллуд гирад. Шаҳодатномаи тиббии таваллуде, ки аз муассисаи тиббӣ ба навзод дода мешавад, то семоҳагӣ ба қайди давлатӣ гирифтани кӯдакро ёдрас менамояд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда баъзе падару модарон ба ҳуҷҷатгузории фарзандон диққат намедиҳанд. Баъде, ки мушкилиҳо пайдо мешаванд, ба такудав медароянд.
Қайд кардан лозим аст, ки то яксолагӣ гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба фарзанд ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам молиявӣ хуб ва дастрас мебошад. Ба қайди давлатӣ гирифтани навзод барои буҷаи оила камхарҷ буда, манфиати дигар дар он аст, ки ҳангоми гум шудани ҳуҷҷат шаҳрванд метавонад бе мушкилӣ нусхаи сабтро дастрас намояд. Бақайдгирии баъд аз яксолагии навзод бошад, маблағхои иловагиро талаб намуда, ба буҷаи оила зарар ворид менамояд ва ҳангоми гум кардани ҳуҷчат барои барқарор намудани он шахс ба мушкилиҳои зиёде дучор мегардад.
Аз ин лиҳоз, аз падару модарон хоҳиш менамоем, ки ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии фарзандони худ хунукназарӣ зоҳир накунанд ва навзоди худро ҳарчи зудтар соҳиби ҳуҷҷат гардонанд.
Ҳуснигул ҲАЛИМОВА,
мутахассиси пешбари бахши САҲШ-и ноҳия.