Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ОДОБИ ОИЛАДОРӢ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27-и ба номи Пўлод Абдураҳмонов ба ифтихори “Соли  оила” бо иштироки падару модарон конфронс  дар мавзӯи “Оилаи солим пешбарандаи ҷомеаи демократӣ” баргузор гардид. Директори мактаб Қодир Саидов ва  муаллима  Фароғат Содиқова дар бораи зарурати эълони соли  2015-ро ҳамчун “Соли оила” қайд  намуданд. Онҳо  падару модаронро таъкид намуданд, ки  фарзандонро тарзи оиладориро омӯхта аз никоҳи хешутабори дурӣ ҷӯянд. Зеро аз никоҳи хешутаборӣ фарзандони маъюб таваллуд шуда ба оила душвориҳоро ба бор  меорад. Дар деҳаи   оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонро дар рӯҳияи  хештаншиносӣ, накукорӣ, илмомӯзӣ тарбия мекунанд. Оилаҳои Раҷабалӣ Дӯстов, Давлатшо Нуралиев   аз деҳаи Фатҳобод аз ҳамин қабил аст. Фарзандони онҳо дар муассисаи таълимии рақами 27 бо интизоми намунавӣ ва баҳои хубу аъло мехонданд.
Вале оилаҳое ҳастанд, ки   нисбати тарбияи фарзанд бепарвоӣ зоҳир мекунанду  фарзандро эрка ба воя мерасонанд. Телефонҳои мобилӣ,  фитаҳои характери тарбиявӣ надоштаро дастрасашон мекунанд, ки дар натиҷа фарзандони онҳо даст ба ҷиноят мезананд.
Дар конфронс   чанде аз падару модарон ба сухан баромада андешаҳои худро оид ба оила ва одоби оиладорӣ иброз доштанд.


Ҳоким САФАР.