ИҶТИМОЪ
МАШЪАЛИ ИРФОН
- Подробности
-
13 Окт 2015
- Опубликовано 13.10.2015 10:22
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин мутафаккирони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 такони бузурге ба адабиёт ворид кард. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф орифи машҳур медонанд. Номаш Муҳаммад, лақбаш Ҷалолиддин, инчунин бо унвони Мавлонои Рум шӯҳрат дорад. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф буданд. Таваллуди шоирро ба 30 сентябри соли 1207 мелодӣ муқаррар карда, вафоти ӯро ба соли 1274 мансуб медонанд. Падари Ҷалолиддини Румӣ Баҳовуддини Валад аз қадимтарин маркази тамаддуни халқи тоҷик, шаҳри Балх мебошад. Ҷалолиддини Балхӣ пеш аз ғасбкориҳои муғул, дар синни 14-солагӣ бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Бағдод, Ҳиҷоз, Сурия ва Осиёи Сағир рафт ва дар Куния иқомат ихтиёр кард. Аввал бо ғамхории падари худ Султон Валад дар Куния, сипас дар Ҳалаб ва Димишқ таҳсил намуда, илмҳои замонаашро аз бар намуд ва чанд гоҳ ба дарсгӯӣ ҳам машғул шуд. Вале дар соли 1224 бо таъсири мулоқоти дарвеши покдил ва орифи ҳақҷӯ Шамси Табрезӣ дарсдиҳӣ ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба халифаҳои худ вогузор карда, худ гушанишиниро ихтиёр намуд. Воқеан, дар сарчашмаҳо ва таърихномаҳо ба робитаҳои дӯстӣ ва эҷодии Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ бештар диққат додаанд ва оид ба нишасти адабии онҳо ёддоштҳои зиёде ҷой дорад. Масалан, ҳикоят мекунанд, ки боре Ҷалолиддини Балхӣ сари мутолиаи китобҳо нишаста буд ва қироат мекард. Шамси Табрезӣ вориди хона гардид ва пурсид, ки инҳо чист? Мавлоно гуфт:
-Чизест, ки ту надонӣ.
Ҳамон дам ба он китобҳо оташ афтод ва Мавлоно пурсид, ки ин чист? Шамси Табрезӣ гуфт:
-Чизест, ки ту надонӣ.
Мегӯянд, ки баъди ин ҳодиса Мавлоно, ки мударриси номдори мадраса буд ва бо илмҳои табиатшиносӣ сарукор дошт, ҳамаро тарк гуфт ва ба дунболи ин орифи покдил ва шахсе, ки ишқро аз ҳама воло мегузошт, афтод. Таъсири Шамси Табрезӣ ва эъҷози каломи ӯ буд, ки Мавлоноро забони сухани мавзун боз шуд ва мегӯянд, ки то вохӯрӣ бо Шамси Табрезӣ Мавлоно бо шеъру шоирӣ сару коре надошт.
Мавлоно дар ҷодаи назму наср заҳмат кашида, аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст, ки инҳо "Маснавии маънавӣ", "Девони Шамси Табрезӣ" ё "Девони кабир", "Фиҳӣ мо фиҳӣ", "Мактубот", "Маҷолиси сабъа" мебошанд, ки то ба мо расидаанд. Муҳимтарин асари манзумии ӯ дар шаш дафтар ва ҳудуди 26 ҳазор байт "Маснавии маънавӣ" аст, ки дар он масъалаҳои муҳими ирфонию динӣ ва ахлоқӣ баён гардидааст. "Маснавии маънавӣ" аз бузургтарин осори адабиёти форсу точик ба ҳисоб рафта, андешаҳои фалсафиву ирфонии Мавлоноро фаро мегирад.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, яке аз номбардортарин зодагони модари тоҷик ва равшанфикртарин андешамандони осмони фазлу хиради миллати ориёнажодамон имрӯз ҳам, баъди садсолаҳо моро бедору ҳушёр ва устувору барқарор нигаҳ медоранд. Зикр бояд кард, ки осори Мавлоно моро ба сӯи сулҳу ваҳдату озодӣ, камолоту тараққиёт ва худшиносиву худошиносӣ ҳидоят мекунад.
Собир РОЗИҚОВ, "НФ".