ИҶТИМОЪ
МУЪҶИЗАИ ЗАБОН
- Подробности
-
13 Окт 2015
- Опубликовано 13.10.2015 10:20
Забони тоҷикиро сарнавишти хос насиб гашта, нерӯӣ офариниш саропояш аз шеър сиришта. Ҳар сатри покизаю асилаш овои яздонии шеър, танини болафшонии фариштагон, ромиши биҳишти замири ошиқон дошта. Дар замони давлатдории Оли Сомон ба тахти гардуншукӯҳии нафосату зебоӣ биншаста ӯ зудбуми азими хешро аз рудборҳои азими шеър шодоб бинмуда, кохии дилҳоро бо нафистарин парниёнҳои лафз ороста, чеҳрасозони суханаш чун суратгаре дар нигористон анҷом дода. Ин забони эъҷозофарини тоҷик буд. Ин забони анбози шоирону донишмандон, ҳакимону ситорашиносон, табибону гиёҳшиносон, ҳунармандону наққошон кишварҳоро гардиш карда, шунавандагони ноошнояшро бо фасоҳати оҳангаш ба шигифт оварда буд.
Равшанбасарони Аҷам ҳамроҳи худ ба кишварҳо алмоси хираду гавҳари шеър дастовез мебурданд. Файзи забони тоҷикӣ буд, ки дар мамлакатҳои дигар дар ҷараёни ҳазор сол мактабҳои адабӣ арзи ҳастӣ бинмуданд.
Вале замоне фаро расид, ки дар марзбуми хеш ранҷи хор афтода захмеро бичашид. Онро ба сӯи олӯдагӣ кашида, кулборашро аз вожаҳои бегона пур карданд.
Боиси сурурмандӣ аст, ки бомдоди Истиқлолият чеҳраи худро барои мардум боз кард. Бо кӯшишҳои фаровон ва пофишориҳои зиёиёни ҳақиқӣ қонуни забон қабул шуд. Ин як ҷашн, як тантанае гардид дар ҳаёти мардум.
Вале ҳанӯз дардҳои дармонҷӯ кам нестанд ва онҳо нӯшдоруи асил мехоҳанд. Ин дардро даво ҳинест, ки зиёиён, кишоварзон, ҳунармандон, толибилмон, хулоса онҳое, ки бо ин забон ҳарф мезананд, доим ба самимияти он кӯшиш ва ҷаҳд намоянд.
Дар навиштаҷоти пешин сӯфтагию оммафаҳмӣ мавҷуд буд, зеро он аз сухансозии ҳазорсолаи тоҷик канда набуд. Вале соли 1929 алифбои лотинӣ ранги дигар андохт. Соли 1940 бошад ба омӯзиши хати кириллӣ гузаштем.
Масъалаи ҷиддие, ки мавҷуд аст, таълими фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳост. Таълими ин фанро набояд корӣ саҳл донист. Агар омӯзгор дар фаҳмонидан «хуни дил хӯрад», пораи шеъреро маънидод намояд, чун кашшоф гавҳаре меёбад. Боиси таасуф аст, ки на ҳамаи муаллимон ҷӯяндаву фидоӣ мебошанд. Бо усули куҳна таълим додан аз миён нарафтааст.
Таҳлил ва маънидод намудани шеър хонандаро ба латофати забон, дарки маънӣ, сермаъноии калима ошно месозад. Хуб мешавад, ки таълимдиҳандагони забон ба ин чиз такя кунанд.
Мо бояд ҳамеша сари он биандешем, ки агар забон бимирад, инро зинда намудан имкон надорад ва ҳамроҳи ин миллат ба ҳалокат мерасад. Инро таърих хеле хуб дар ёд дорад…
Адабиёт ҷилодиҳандаи худшиносӣ, зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, тарбияи маърифатнокӣ мебошад, ки чунин қудратро илми дигар надорад.
Ҳар касе, ки забону адабиётро таълим медиҳад, бояд ба шогирдон одамгарӣ, накӯкорӣ ва дигар хислатҳои некро биомӯзад. Омӯзгоре, ки шефтаи пешаи хеш аст, шогирдони хушзавқ парвариш мекунад. Муаллиме, ки рӯҳи бедор надорад, завқи суханронии хонандагонро бедор карда наметавонад. Ҳастанд муаллимоне, ки дар байни мардум ду сухани бамаънӣ гуфта наметавонанд, шеър намедонанд. Дар татбиқи қонуни забон бояд омӯзгорон, фарҳангиён, зиёиён фаъол бошанду дастҷамъона амал кунанд. Ташаккул ва такомули давлату миллат имрӯз аз мо, насли даврони истиқлолият, вобаста аст. Ояндагон ба мо аз ҳамин ҷиҳат баҳо медиҳанд. Мехоҳам онҳо сипосгузор бошанд, на нафринхон.
Шарофиддин ВОҲИДОВ,
самутахассиси ҷамоати шаҳраки Файзобод.