ИҶТИМОЪ
ВАТАНДӮСТӢ ЧУНИН АСТ!
- Подробности
-
21 Сен 2015
- Опубликовано 21.09.2015 16:24
Ҳаёт беҳтарин неъматест, ки офаридгор ба инсонҳо ато кардааст ва онро метавон ба гунае сипарӣ намуд, ки ҳар лаҳзаву соати он дар қалбу вуҷуди одамон лутфу меҳрубонӣ, муҳаббату самимият, эҳсоси дилбастагӣ ба ҳамдигар бедор карда, зиндагиро боз ҳам ширину гуворо ва рӯҳнавоз созад. Дар ҷомеа тавре бояд зист, ки ибратомӯзи дигарон бошӣ.
Қаҳрамони мо лейтинанти калон, қумандони яке аз взводҳои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе Исмоил Пиров аз зумраи нафаронест, ки дар роҳи ҳифзи Ватан ҷон нисор кард.
Исмоил 13 августи соли 1984 дар деҳаи Сарисафедхоки ноҳия ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар муассисаи таълимии рақами 24-и ҳамин деҳа гирифтааст. Пас аз хатм соли 2002 ба факултаи бойтории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 бо муваффақият хатм кард. Ҳамчунин дар ҷараёни таҳсил курси ҳарбиро аз худ намуда, рутбаи лейтинанти хурдро соҳиб шуд. Дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми кишвар аз гӯшаи имондорист. Ҳамин садоқату дӯстдорӣ ва муҳаббат ба хоки диёр буд, ки дар дили ӯ меҳри хизмат ба халқу ватан ҷӯш зад ва пас аз соҳибмаълумот гаштан корро дар ин самт оғоз кард. Аз соли 2007 то ба имрӯз дар шуъбаи бозрасии автомобилии шаҳрӣ бо сари баланд ва интизоми намунавӣ ифои вазифа кард.
Ӯ фарзанди панҷуми бобои Искандар аст. Дар оила ва деҳа миёни бародарону ҳамдеҳагон бо хулқу атвори некаш намуна буд. Дар ҷои кор ҳам ибратомӯзи дигарон буд. Сад дареғ, ки дар ҳодисаҳои хунини аввали ҳамин моҳ дар айни ифои вазифа ҳадафи нештари хоинону бадхоҳони халқу миллат гардид. Ҳайфо, ки ниҳоли қомати ҷавонаш нав ба самар расида буд. Дар дил орзуҳо дошт, аммо сад афсӯс, ки ҳамаи онро бо худ зери хок бурд.
Он рӯзи шум, ки хабари марги ҷони ҷавонаш ба ноҳия расид, ҳамаро маҳзуну дилҳоро реш кард. Тамоми сокинони ноҳияву деҳа фиғону мотам доштанд. Падару модар, бародарону хоҳарон, ҳамсинфону ҳамкорон, ҳаққу ҳамсояҳо, умуман ҳамаи касоне, ки ӯро мешинохтанд, ба марги ҷавонмарди беозори ҳомии мулку диёр навҳа мекарданду сифатҳои некашро пеши рӯ оварда, ашк мерехтанд.
Пас аз чанд рӯзи дафни марҳум аёдати бобои Искандар рафтем. Навҳакашон сӯзи фироқи фарзанд мекашиду ҳар лаҳзаи ҳаёти ҷигарбандашро, ки саршори муҳаббату садоқат ба Ватан аст, ёдовар мешуд. Ва бо сари баланду ифтихор мегуфт, ки писараш дар роҳи суботу оромии кишвар ҷон бохтааст. Ба хости Худо шаҳид гаштааст. Ман аз ӯ розӣ будам. Амаки Искандар ҳар лаҳза аз давлату ҳукумат ва кулли сокинони диёр ва мардуми кишвар барои ғамшарик буданашон арзи миннатдорӣ мекард.
Воқеан ҳам, тайи чанд рӯзи охир дар кӯчаву роҳ, ҳалқаҳои суҳбати дӯстон, умуман ҳар ҷое, ки будем, аз хулқу атвори нек ва хислати ҳамидаи Исмоилҷони ҷавонмарг суханҳо мешунидем.
Ӯ шаҳид гашт дар роҳи Ватан, барои таъмини амну осоиши мардум ва имрӯзу фардои кишвар.
Ба ривояте чандин нафаронро дар рӯзи охират шафоат мекунад. Албатта, ки худро қурбон кардану осоишу сулҳу оромиро таъмин намудан амали ҷавонмардист.
Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».