ИҶТИМОЪ
ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ
- Подробности
-
21 Сен 2015
- Опубликовано 21.09.2015 16:23
Субҳ фаро мерасид, охирин ситораҳо чашмакзанон то шоми дигар «хайру хуш» доштанд. Дар ин лаҳзаҳо миёни кӯчаҳои зебошаҳр Раҷабмуроду ҳамкоронаш барои хоби орому осудаи сокинони Душанбе гашту гузор доштанд, то касе роҳати сокинони шаҳрро халалдор насозад, бехабар аз он ки дур аз падару модар ёру бародар ва ҳамсари азизу фарзандони дилбандаш лаҳзаҳои охирини умрро паси сар мекунаду дигар тулӯъи офтобу ҳусни моҳу ситораҳоро намебинад; чун ҳамешагӣ бо чеҳраи хаста аз дари падару модар намедарояд; ҳамсари зебояш дастрахони пурнозу неъматро наздаш во намекунад; Ёсинҷон бағали гарми падарро намебинад ва Сумаяи маъсума, ки акнун якмоҳа шуд, овози ширин намебарорад.
Раҷабмурод аз ин хайёлҳо бехабар буд, ки ҷони ҷавони худро қурбон кард. Қурбони осудагӣ, оромӣ ва тинҷии ватани азиз, ҳамдиёрони меҳрубон. Шаҳид шуд дар рӯзи одина ва пешнамози ҷумъа гашт. Ва садҳо, ҳазорҳо ҷанозахон буд, он рӯз Раҷабмурод рисолати ҷавонмардиро ба ҷо овард. Кори бузургон аст аз худ номи накӯ боқӣ гузоштану дар саҳифаҳои таърих ҷой гирифтан. Таърих ингунаҳоро фаромӯш намекунад… Субҳи чоруми сентябр Раҷабмуроду чанд рафиқи ҳамкораш ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ дар гардиши фурудгоҳи пойтахт, ҳангоми наҷот додани командирашон аз дасти сиёҳкорони хунмасти дастаи генерал Ҳалим Назарзода кушта гардид. Хабари шум дар андак муддат дар саросари ҷумҳурӣ паҳн шуд. Деҳаи Файзобод бошад он рӯз хун мегирист. Ҷасади сардори гурӯҳи қувваҳои зудамали назди ВКД, лейтенанти калон Раҷабмурод Орифовро ба деҳа оварданд.
Модари ранҷури Раҷабмурод, ки солҳои зиёд аз фишори хун як тарафи баданаш кор намекунад, бо сӯзу гудоз «Шаҳбачаи ормониам» гуфта нола мекард, ки ҳатто дили санг об мешуд. Донаҳои ашки падараш ҳоҷӣ Дост рӯи риши сафедаш ҷорӣ буд. Қомати болобаланди мӯйсафед ба назар мисли камон хам гашта буд. Онрӯз ҳама аз сифатҳои некӣ Раҷабмурод сухан мекарданд.
-Раҷабмурод дар байни ҳамсинфон намуна буду ҳамсинфонаш ӯро дӯст медоштанд. Фаъоли корҳои ҷамъиятии мактаб буду дар маҳфилҳои фаннӣ ва варзишӣ фаъолона иштирок мекард. Алалхусус дар олимпиадаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ ҷойҳои сазоворо мегирифт,- ситоиш кард ӯро роҳбари синфаш муаллима Шарифа Наҷмиддинова.
Раҷабмурод пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 6 бо хоҳиши худ ба қисми низомии зудамал рафта қарзи ватандӯстонаи худро ба ҷо овард. Пас аз адои хизмат барои кори доимӣ дар ин қисм монд. Дар ин давра Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси муаллими таърих ва ҳуқуқ хатм кард.
Модари зори Раҷабмурод холаи Зайнаб аз зери бистари беморияш қоғазпечеро баровард, ки дар он Ифтихорнома ва бастаи пулӣ буд, ки барои иштироки фаъолона дар машқҳои низомӣ чанде пеш писараш аз дасти Сарвари давлат гирифта буд. Ба ин мукофотҳои писар дида дӯхтаву ашки ҳасрат мерезад модари зор.
Раҷабмурод, фарзанди кенҷагии ин хонадон, дар байни бародарон бо рафтору гуфтораш намуна буд. Ба ҳамсояҳо дасти ёриаш мерасид. Ҳамин рафторҳояш буд, ки хурду калон дӯсташ медоштанд. Ҳоло дар ҳаққаш дуо карда мегӯянд: равонат шоду хонаи охиратат обод бод, Раҷабмурод!
Тиллои СОҲИБНАЗАР,
хабарнигори «НФ».