ИҶТИМОЪ
ТОЗАГИИ МАҲАЛ-2015
- Подробности
-
21 Сен 2015
- Опубликовано 21.09.2015 16:20
Рӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия амалиёти аксияи «Тозагии маҳал-2015» гузаронида шуд. Аксияи мазкур дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гашта, дар он ҳудуди 652 нафар сокинони диёр иштирок карданд. Он рӯз дар маҷмўъ 800 мураббаъ-метр ҷӯйбору дарёчаҳо тоза карда шуданд, ки 39 метри мукааб партовро ташкил кард. Ёдовар мешавем, ки дар аксияи мазкур сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон, Бӯстон ва Мискинобод хело ҳам фаъол буданд.
Ҳамчунин бо амри раиси ноҳия аз 5 августи соли равон рӯзи 22 август дар саросари ноҳия аксияи «Тозагии соҳил-2015» доир гардид. Он рӯз аксари сокинони кӯчаву маҳаллаҳо дастаҷамъона ба ҳашар баромада, кӯчаву роҳрав ва каналу заҳбурҳоро аз хасу хошок тоза намуданд.
Бояд гуфт, ки иштирокчиёни фаъоли аксия аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҳавасманд гардонида шуданд.
С. ЮНУСЗОДА, «НФ».