Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ  ИСТИҚЛОЛИЯТГУЗОРИШ  АЗ  ТАНТАНАҲОИ ИДОНА  БА  ИФТИХОРИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар саросари кишварамон ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.   Рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидаву  фаромӯшнопазир аст ва  барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст, дар расид. Аз ин санаи тақдирсоз бисту чор сол сипарӣ гардида бошад ҳам , он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард.  Зеро ин саннаи тақдирсоз  ифодагари ба дастовардани  неъмати бузург Истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб рафта,     аз гом гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти  осоиштаву дастовардҳои калон дар ҳамаи самтҳои ҳаёт  гувоҳӣ медиҳад. Роҳ ба ормонҳои ҳазорсола Истиқлолияти миллӣ осон набуд, маҳз бо талошҳои  пайвастаи фарзанди  вафодору қаҳрамони миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон меваи сулҳу субот халқи тоҷикро насиб гардид.


Сокинони  ноҳияи мо низ рӯзи Истиқлолияти кишварро бо дастовардҳои калони меҳнатӣ таҷлил  менамоянд. Қариб дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дигаргуниҳо мардуми меҳнатқарини Файзободро  даст додааст. Ҳамин аст, ки таҷлили бошукўҳи  ин рӯзи саид дар ҳамаи ҷамоатҳо хотирмон сурат гирифт.


 

 Ҳамчунин дар арафаи  ид ба чор нафар  собиқадорони  ноҳия  Нусратулло Манонов, Ятим Табаров, Ҳикматулло Солиҳов  ва Талбак Холов   аз номи Президенти мамлакат  туҳфаҳои молиявӣ  тақдим гардид.  
Рӯзи 8 сентябр бошад, маркази ноҳия шаҳраки Файзобод  намуди идона дошт. Ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ дар роҳи маркази шаҳрак ташкил шуда буд, харидорони зиёде дошт. Деҳқонону боғдорон самари дастранҷи худро бо нархҳои дастрас пешкаши сокинону меҳмонон гардонида буданд. Боиси қайд аст, ки  кишоварзони  ноҳияро  солҳои  Истиқлолияти кишварамон дигаргуниҳои куллӣ даст дод. Кишоварзон бобати  иҷрои супориши сарвари давлат барои  ба 1000 гектар расонидани кишти картошка ва бунёди 4000 гектар  боғҳои нав тамоми кўшишу ғайрати худро дареғ намедоранд.
Қайд кардан ба маврид  аст, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳия  чун сухан аз истиқлолияти кишвар меравад,  бо самимият  аз пешрафту  дастовардҳои  соҳа шукрона  мекунанд. Рӯзи 7 сентябр   дар деҳаи Қалъаи дашт мавриди истифода қарор гирифтани  бунгоҳи нави тиббӣ  бо кӯмаку дастгирии сокинони деҳа бозгӯ аз самараи неки ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мардум мебошад.
Тантанаҳои идонаи сокинони ноҳия   рӯзи 8 сентябр  дар боғи фароғату истироҳатии «40-солагии Ғалаба»-и марказии ноҳия ноҳия  баргузор шуд.   Роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия, меҳмонон ва  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  ба базмгоҳ ворид шуда сараввал аз  намоишгоҳҳои оростаи ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо, ки бозгӯи фаъолияти меҳнаткашони ноҳия тайи солҳои соҳибистиқлолист,  дидан намуданд. Ҳама ҷо мардум хурсандӣ мекард ва чеҳраҳошонро руҳияи идона  фаро гирифта буд. Бахусус маҳсули дастони занон, ки гулдӯзиву ороишотҳои гуногун ва пухтупази кадбонуҳо    диданию диққатрабо буд. Варзишгарони ноҳия ҳам назди ҳозирин ҳунару маҳорати хешро намоиш доданд. Маҳз солҳои соҳибистиқлолии кишвар  онҳо имкон пайдо карданд, ки дар мусобиқаҳои  сатҳи ҷумҳуриявию  байналмиллалӣ қувваозмоӣ намоянд.
Раиси ноҳия, узви Маҷлиси  миллии  Маҷлиси Олии мамлакат Раҷабзода Миралӣ сокинони ноҳияро бо фарорасии ин рӯзи саиду хотирмон табрик намуда, таъкид дошт, ки меҳнаткашони ноҳия  барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани  рӯзи Истиқлолияти миллӣ  бо тамоми ҳастӣ кору пайкор намуданд ва боварӣ бахшид, ки сокинони Файзобод дар минбаъда низ  баҳри ободии ватан,  пешрафти Тоҷикистони азиз, пурмаҳсул меҳнат менамоянд, то кишвар дар миқёси ҷаҳон боз ҳам шинохта бошад.
Сипас саҳнаи театрикунонидашудаи  санъаткорони ноҳия бо номи «Тоҷикистон-хонаи дил» пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки он хеле диданӣ ва хотирмон буд.    
Ҳамчунин бо ташаббуси ҷавони  саховатманд      Ҷамшед Ғафуров  хатнатўйи панҷоҳ  нафар писарбачаҳо аз оилаҳои  ятиму камбизоат  доир шуд.  
Таҷлили пуршукӯҳи  иди Истиқлолият дар ноҳия   бозгӯи  рӯзгори хушу    сарбаландии мардумон   буд.

«НФ».