ИҶТИМОЪ
ЗАХМҲОИ ҶАНГ АЗ ҚАЛАМИ ҚУРБОНИ ҶОМӢ
- Подробности
-
16 Сен 2015
- Опубликовано 16.09.2015 15:43
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо даъвати Президенти кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардони ватанпарасту банангу ори ватан пайи кори савобу хайр мераванд: ҷойи ноободеро обод мекунанд, ба бечораю дармондае дасти кӯмак дароз менамоянд, ба қадри имкону тавоноӣ баҳри ободии диёр маблағ ҷудо мекунанд. Ҳамин аст, ки давоми қариб чоряк асри соҳибистиқлолӣ мулки тоҷик, хоса пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе ва марказҳои шаҳру навоҳӣ ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтанд.
Ин тағйиротро инсонҳо ба вуҷуд меоранд, инсонҳои ҳақиқӣ: донишманд, соҳибфаросат, оқил, доно. Ҳар ин гуна инсонҳо дар рости қобилияти хеш ҳиссагузори ободиҳо, бунёдкориҳо мешаванд.
Қурбони Ҷомӣ омӯзгор аст. Дар бадали қариб ним асри фаъолияти муаллимиаш садҳо шогирдони сазовори давру замон тарбия намудааст. Ҳамин кори ӯ бузургтар аз ҳама саховатҳост. Зеро тарбияткардаҳои ӯ дар соҳаҳои гуногун заҳмат кашида, дар пешравию шукуфоии кишвар саҳм мегузоранд, саҳми оддӣ не, саҳми арзанда...
Қурбони Ҷомӣ баробари омӯзгорӣ ба рӯзноманигорӣ шуғл дошта, дар ин ҷода муваффақ ҳам шудааст. Ба нашр расонидани ду китоб иборат аз насри ҳаҷвӣ далели он аст, ки Қурбони Ҷомӣ дар ҳунари эҷодкорӣ ба ҷое расидааст.
Ҳавасу ҳавсалаи эҷодӣ ба ӯ нерӯ бахшиданд, ки ҳаёти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро ба хати эҷод кашад. Қурбони Ҷомӣ ин кори хайрро ба хотири зинда нигоҳ доштани ҳамдеҳаҳои хеш, тарғиби корнамоиҳои онҳо баҳри рӯҳбаландии фарзандон, хешу ақрабои онҳо ба уҳда гирифтааст.
Насли имрӯза аз ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945, ки беш аз 50 миллион ҷони одамонро рабуд, тавассути таърих ошност. Онҳое, ки дар ҷанги зиди фашизми Германия, яъне ҷанги оғозкардаи Гитлер иштирок намуда, хоки СССР (Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ) – Ватани тамоми сокинони онро ҳифз намуданд ва бо ғалаба, бо сари баланду ифтихори ҷанговарӣ баргаштанд, то вопасин лаҳзаҳои умр худашон донистанду Худои болои сарашон.
Ҳикоёте, ки Қурбони Ҷомӣ аз номи онҳо рӯйи дафтар рехтааст, то андозае хонандаи имрӯзро аз чӣ будани фронт, ҷанг огаҳ месозад. Албатта, чи хеле ки муҳаррири китоб меорад, тасвироти ҷанг, корнамоии бобоён ба насли имрӯза ҳушдор медиҳад, ки ҳифзу ҳимояи Ватан чӣ қадар мушкил ва ифтихорманд аст. Аз «Шуҷоъмардони Қалъаидашт» аён аст, ки аксари ҳамдиёрони мо бо амри дил, ихтиёрӣ, бо даъвати Ватан ба ҷанги зиди душман рафтаанд, ҳар ваҷаб хок, ҳар қатра оби Ватан барои онҳо азиз асту арзишманд.
Китоб аз 134 саҳифа иборат буда, бо теъдоди 400 нусха дар матбааи хусусии «Ҳоҷӣ Ҳасан» воқеъ дар шаҳри Душанбе чоп шудааст.
Муаллифи китоб бо ин амали худ хотираҳои иштирокчиёни ҷангро рӯшан карда, рӯҳашонро шоду номашонро дар китоби таърихи диёр сабт намудааст.
Ҷӯрабек МУЪМИН,
Корманди шоистаи Тоҷикистон.