ИҶТИМОЪ
САРНАВИШТИ ҶАВҲАРДОР
- Подробности
-
16 Сен 2015
- Опубликовано 16.09.2015 15:41
Идораи нашрияи маҳаллӣ аз солҳои аввали таъсисёбиаш, ки бо номи «Меҳнати коммунистӣ» газета мебаровард, маҳфили адабӣ дошт. Маҳфилро котиби масъули рӯзнома, ҳоло Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ Мирзо Файзалӣ роҳбарӣ мекард. Хеле – хеле эҷодкорони маҳаллӣ, аз толибилму омӯзгори мактаб то кормандони райком, ҳизби ҳокими ҳамон замон, узви маҳфил буданд. Баъдтар, аз соли 1986 сар карда ин маҳфил асосан аз ҳисоби кормандони худи идораи рӯзнома пурқувват шуд. Ҷавонон эҷодкорони лаёқатманд Савлатшоҳ Хоркашов (Ховарӣ), ҳоло сардори раёсати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Ҷалилов – олими таърих, директори литсейи касбии техникии деҳаи Дубеда ба номи Қурбон Назиров, Файзалӣ Аминов - устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маҳмадсидиқ Толибов – менеҷери ташкилоти ҷамъиятии «Академияи муколама» дар Тоҷикистон, Саъдӣ Мирзоев – сардори кафедраи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тӯрабек Ҷобиров – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 тавассути ин маҳфил завқу салиқаи худро сайқалу такмил медоданд ва бо эҷоди ҳунармандонаашон серхонанда буданд. Чаро нагӯем, ки Саъдӣ Мирзоев, хатмкардаи бахши арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки соли 1988 ба кор омад, байни ҷавонон бо хати қаламаш фарқ мекард. Ӯ, ки ҳини донишҷӯйӣ (солҳои 1981-1986) дар маҳфили адабии донишгоҳ иштирок мекардааст, бо тасвироти зебои шеърофарӣ аз дигарон як сару гардан боло буд, аён мегардид, ки даври тафаккураш васеъ, домани андешааш фарох асту дар олами назм диду мушоҳидаҳояш барҷастаю маъникашанд. Ҳамон вақт аз эҷодкорони маҳаллӣ танҳо ӯ бо ҷӯяндагию навгӯияш фарқ мекард. Барои шеъраш, дар кадом мавзӯе бошад, ибораҳои шоирона меёфт ва хонандаи ҳақиқиро ба андеша водор менамуд.
Ва инак, дар даст дафтари шеърҳояшро дорем, ки «Сарнавишт» номгузорӣ шудааст. «Сарнавишт» 120 саҳифа дораду аз 103 пора шеъри гуногунмавзўъ, 2 ғазал ва 6 қитъаву 3 дубайтиву 34 рубоӣ иборат мебошад. «Сарнавишт» асосан шеърҳои дар солҳои 1982 – 2009 эҷодкардаи шоирро дар бар мегирад. Аниқ аст, ки имсол ё соли дигар дафтари мукамалтаре шеърҳои баъдинаи ӯро ба оғӯш мекашад ва ташнагони лаҳни шеворо бо хаёлҳои рангини шоирона шод мегардонад.
Як чизро ногуфта намешавад, ки тасвироту баёни Мирзо Саъдӣ бӯи шеъри устод Бозор Собир мекунанд. Воқеан, ҳамон солҳои дар идораи нашрияи маҳаллӣ кор карданаш ба ашъори ин устоди калом таваҷҷуҳи хоса дошту бо ихлоси баланд аз ҳунари суханофариаш ҳарф мезад. Набошад, муҳаррири «Сарнавишт» Рустами Ваҳҳоб ин тавр намегуфт: «Аз сабки баён ва вожаҳои калиди ашъораш ба равшанӣ маълум мегардад, ки ӯ ба ашъори устод Бозор Собир дилбастагии хоса дорад». Касе, ки шеъри устод Бозорро парастиш кунад, ба Мирзо Саъдӣ эроди сахт намегирад. Устод Бозор ғуломи қофия нест. Ӯ мудом савори аспи маънии баланд аст, бар маънии андешаманд такя мезанад.
Дар фарҷоми сухан чанд сатр ва ибораю ифодаҳои Мирзо Саъдиро аз ин китоб («Сарнавишт») меорем, ки хеле шоирона гуфта шудаанд:
1.Мармари субҳи садафболин
Гӯйи аз чоки гиребонат намоён аст.
Офтоби тозаи рӯ
Аз уфуқи шонаҳоят шуъларезон аст.
2. Имшаб, ки шири моҳ тароват зи пуштаҳо
Бар рӯйи деҳи хастаю хомӯши масти хоб.
3. Ман ҳамчу соғаре пурам аз бодаи гуноҳ.
4. Ту дар замини гулафшони чашми бедорам
Қадам бинеҳу қадам зан, марав бурун аз чашм.
5. Ман монда пушти пардаи сабзам,
Ҳис мекунам, ки соати набзам
Аз умри монда сония медуздад.
Ҷӯрабек МУЪМИН.