ИҶТИМОЪ
РЕЗАСУХАН
- Подробности
-
16 Сен 2015
- Опубликовано 16.09.2015 15:40
Дар зиндагӣ сахӣ бошед, зеро дороии дунё на ба кас вафо кардаасту на бақо дорад.
***
Агар шумо фақр набинед, фахр намеёбед.
***
Таҷрибаи зиндагӣ китобест, ки ҳар рӯз варақгардон бояд кард.
***
Аз ходаи қоқ соя, аз каси ашқар инсоф маҷӯед.
***
Сухани зишт дуди қаланфур аст, ки димоғро месӯзонад.
***
Аз ғизо сер шудан амри воқеист, аммо толибилми ҳақиқӣ аз хондан серӣ надорад.
***
Имрӯз аз гиребони кас доштӣ, фардо аз гиребони ту медоранд.
***
Ба касе туҳмат мабоф, то ба ту туҳмат назананд.
***
Роҳбандӣ макун, то роҳат баста нагардад.
***
Дар сухан ҳалиму нарм бош, то нарм сухан шунавӣ.
***
«Худам шоҳу таъбам вазир»ғгуфта касро нимароҳ макунед, зеро худ дар нимароҳ мемонед.
***
Рафиқатонро ба кирдор озмоед, на ба гуфтор.
***
Сухане, ки ҳуҷҷат надорад, оқибаташ шармандагӣ аст.
***
Бо бадкорон чунон рафтор кунед, ки надонанд, ки ту медонӣ.
***
Агар сухан гуфтанӣ бошӣ, на думбурида гӯю на думдароз.
***
Бо хирад мол ба даст овардан осон, вале мол хирад намезояд.
***
Баднафсӣ мисли аспи носараест, ки соҳибашро ба бало меандозад.
***
Дар зилати нокас зистан мурдан беҳтар аст.
***
Раҳнамои ҷомеаи печида аҳли эҷод аст.
***
Онҳое, ки дар саҳнаи зиндагӣ хешро ба ҳар шакл ҷилва медиҳанд, чоплусанд.
***
Ҳар кӣ атрофро бо чашми ақл мебинад, пушаймон намешавад.
Қ.ҶОМӢ, омӯзгор.