Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИЛҲОМИ УСТОДИ МО ҶӮШ МЕЗАНАД

Устоди азизу  арҷманди мо Фирдавс  Қурбонзода ба синни мубораки 75 мерасад. Дар андешаи мо, аҳли эҷоди нашрияи «Набзи Файзобод», гӯё ин санаи мавлуди рӯзнома аст. Оре, умри азизу ҳаёти гузарои устоди қадрдону дардошнои мо ба умри беш аз 80-солаи  рӯзнома сахт тавъам аст. Фирдавс  Қурбонзода қариб 5 сол  роҳбарии ҳайати эҷодиро ба дӯш дошт.  Давраи сарварии устод аз давраҳои шукуфоии ва авҷи камолот ё ба таври дигар давраҳои тиллоии рӯзномаи мо буд, гӯем хато намешавад. Зеро ин айём як гурӯҳи хубу тавонои эҷодиро устод рӯи кор овард, ки бо сеҳри қалами гиро тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқи ноҳия мушикофона аз ҷониби ин ҳайат таҳлили худро меёфт. Шеваи кору зиндагӣ бо ҳидояти қалам маҳз дар ҳамин давра маҷрои худро ба тавозуни қавоиду қонунҳои мамлакат муайян сохта буд. Устоди азизи мо ҳеҷ гоҳ хурдагир набуданд, дар ҳамон замонае, ки даврони коммунистияш ном мебурданд, ӯ журналистро дар баёни фикру андеша  озод монда буд. Кӯшиш менамуд, ки ҳайати эҷодӣ ихтиёран мавзўъ интихоб намояд ва, албатта, мавзӯе, ки дарди ҷомеа, мушкилоти рӯзро гуфта тавонад. Хислати  аз ҳама нек ва паҳлӯи қавию мусбати эшон  ин буд, ки ӯ корманди худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда метавонист, барои ин амал донишу малакаи сиёсӣ ва роҳбарияш кифоя мекард.  
Чун имрӯз санаи шодбошу  камолоти устоди мост, бо ифтихор мегӯем, ки зодрӯзат муборак бод ва ҳеҷ гоҳ дасти камро набинеду  мудом бо сари баланд ва эҷоди пуртароват  паҳлуи мо  шогирдон монед.   Ва инак аз боғи пуртаровати  илҳоми устод чанд намунаеро  манзури  хонандагони «Набзи Файзобод» мегардонем.


Ҳайати эҷодии «Набзи Файзобод».