Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

Фирдавс ҚУРБОНЗОДА

ДУБАЙТИҲО

Ба хоини Ватан бахшиш набвад,
Гиёҳи мурдаро сабзиш набвад.
Ҳама коло харидоре биёбад,
Вале хармуҳраро арзиш набвад.
***
Муқаддас дон Ваҳдатро бародар,
Мазан лофу газоф аз рӯйи минбар.
Ҷадал кун, то бифаҳмем якдигаро,
Чӣ хурдему бузургему баробар.
***
Маро Модар – Ватан чун дидагон аст,
Дилам аз меҳри ӯ доим ҷавон аст.
Тамоми олам арзише надорад,
Маро гавҳар макони тоҷикон аст.

 

ТОРА-ТОРА АЗ ҲАР БОРА

Эй ҷавони нозанин, бедор шав,
Аз пайи гумраҳ марав, ҳушёр шав.
Фахри мову ту бувад аҷдоди мо,
Рӯ ба фарҳанг овару пурбор шав.

***
Кӯҳи Маҳтобӣ ба сони кал шудаст,
Кӯҳ не, монандаи як тал шудаст.
Оқибат савдо кунанд ин кӯҳро,
То дарак ёбем, корҳо ҳал шудаст...

***
Мусича ба зоти худ бепарвофалак аст,
Аз беҳунарӣ лоначалак – палак аст.
Тухмаш ба замин фитода исроф шавад,
Хулласи калом, як даҳони амак аст 1).

***
1).    Даҳони амак – чӯби душохае, ки барои мувозинат зерпаҳлӯи табақ гузошта мешуд.

 

ҲАЙФ

    Дилсӯзӣ ба чанорҳои деҳаи Дубеда, ки ба хотири зебоӣ, бузургӣ ва сояи ғафсашон дар айёми шӯравӣ ва имрӯз низ суд меоварданд, наздик аст, ки вожгуна шаванд. Ашхоси манфиатҷӯй бехабаранд, ки мероси гузаштагон – ёдгории табиатро хароб карда истодаанд.
     Эй мардум, худро нодида нагиред! Чанорҳоро наҷот диҳед! Фардо  дер хоҳад шуд!


Ин дарахтони азими сарбаланд,
Дар ҳама давру замонҳо хӯрда фанд.
Нокасонро пурғановат кардаанд,
Худкушанду худ ба ҷарӣ мепаранд.

 

МУЛКИ БОДӢ

Дубедаи пуршамол,
Соҳиби ҷоҳу ҷалол.
Ҳам макони орифон-
Як мактаби дар камол.
        
***

Элок шерозадор аст,
Ин сухани Бозор аст.
Обаш як осиёбу
Воҳимааш бисёр аст.
                 
 ***

Кофарниҳон равон аст,
Равони ҷовидон аст,
Ҳар қатра оби Элок
Роҳати ҷисму ҷон аст.