ИҶТИМОЪ
БАХШАНДАИ УМРИ БАРДАВОМ
- Подробности
-
16 Сен 2015
- Опубликовано 16.09.2015 15:32
Ҳанӯз дар миёнаи асри гузашта Муҳаммад Иқбол мақоми зан дар ҷомеаро яке аз масоили дардноки ҷомеа ба қалам дода, тарафҳои гуногуни мушкилоти зани Шарқро муоина мекунад. Алломаро тақдири зан ба ташвиш меовард. Воқеан ҳам, ин масъала дар ҳамаи давру замон мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафту аз қадим то ба имрӯз таваҷҷуҳи ашхоси пешқадамро ба худ ҷалб карда, занро бахшандаи умри бардавом ном мебурданд. Дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-и худ Аҳмади Дониш менависад,ки «зан дар давраи амирӣ қадру манзалате надошт. Гӯё ҳамчун ба асъори мубодила дар дарбори амир табдил ёфта буд.»
Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки баҳри иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат ҳамаи шароитҳо муҳайё гардидааст. 3 декабри соли 1999 ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» далели гуфтаи мост.
Давоми 24 соли истиқлолияти давлатамон ҳалли мушкилоти рӯзгори занон дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дорад. Бо мақсади баланд бардоштани мақому нақши зан дар ҷомеа, мустаҳкам намудани пояҳои оила, сохтори махсуси давлатӣ-Кумитаи кор бо занон ва оила ва бахшҳои он дар ноҳияҳо фаъолият мекунанд.
Боиси қайд аст, ки тавассути дастгирии бевоситаи Сарвари давлатамон ҳуқуқҳои баробарии мардону занон, ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани бонувони лаёқатманд, ҷалби занону духтарон ба соҳибкорӣ, идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ, касбомӯзӣ ва таъмини онҳо ба ҷои кор, фароҳам овардани шароити мусоид барои занону духтарони соҳибкасб, ки ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии онҳо боис мегардад, корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар ноҳияи мо ҳам ба тарбияву ҷобаҷогузории занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар мансабҳои хизмати давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Имрӯз дар ноҳия бист фоизи хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд. Айни ҳол аз шумораи 46252 нафар занон 17820 нафарашон ба фаъолияти ҷамъиятӣ ҷалб гардидаанду 186 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ифои вазифа мекунанд. Дар интихоботи қарибулвуқуъи вакилон ба маҷлиси ноҳиявӣ 8 нафар бонувон ба боварии мардум сазовор шуданд. Аз ҳисоби занон вакилон дар маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ хеле зиёд аст.
Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бонувон дар фаъолитяи хеш нисбатан серталаб буда, ба мушкилоти табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа бештар нигоҳи ғамхорона доранд.
Ба хотири эҳё ва рушди ҳунарҳои дастии занон дар ноҳия курсҳои омӯзишӣ ташкил ёфта, дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 8 нафар ба курси сабадбофӣ,16 нафар занону духтарон дар курси қолинбофӣ ва 65 нафар занону духтарон дар курсҳои гуногуни кӯтоҳмуддат касбҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулпарварӣ, қаннодӣ, компютерӣ, муҳосибӣ, занбури асалпарвариро аз бар намуда, соҳиби шаҳодатнома шуданд. Аксаран чунин курсҳо дар ҷамоатҳои деҳот ба хотири ҷалби занони деҳот ташкил шуда буд. Танҳо давоми соли гузашта 314 нафар занону духтарон ба омӯзиши касбҳои дар боло зикр гардида ҷалб шудаву 10 нафар гулпарвар, 12 нафар қаннод, 6 нафар занбури асалпарвар ,7 нафар муҳосиб, дар маҷмуъ 35 нафар ба ҷойи кор таъмин шуданд.
Занони ноҳия бахусус дар пешрафти соҳаи кишоварзӣ саҳми арзанда доранд. Дар вохӯрии соли гузашта бо соҳибкорон барпонамудаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси хоҷагии деҳқонии «Ғалмова» Надежда Сайфуллоева баромад намуда, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба хотири баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуд. Ин бонуи меҳнатқарин бо истеҳсоли қаламфури болғорӣ, ки вазнаш 560 грамм аст, барои дар китоби Гиннес ворид шудан довталабӣ намуд.
Иштироки занони ноҳия дар баргузории иду чорабиниҳои ноҳия арафаи таҷлили иду чорабиниҳои фарҳангӣ хело назаррас аст. Ҳамчунин бонувон дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби оилаи солим, аҳамияти шири модар, пешгирии бемориҳои сирояти миёни занону духтарон ва ноболиғон, масъалаҳои зӯроварӣ дар оила, худкушӣ, худсӯзӣ, нашъамандӣ, никоҳи бармаҳал ва хешутаборӣ, сарфаю сариштакорӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, сабабҳои аз мактаб дур мондани духтарон ва идомаи таҳсилу касбомӯзии саҳми босазо доранд
Чи тавре ҳангоми суҳбат бо мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Гулнора Халифаева аён гардид, дар назди бахши мазкур маркази машваратӣ-иттилоотӣ таъсис ёфтаасту занону духтарон метавонанд оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва мушкилиҳои баҳсталаби худ аз маслиҳати ҳуқуқшинос ройгон истифода баранд. Ба маркази мазкур соли гузашта 56 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз ин 47 нафар занону духтарон ва 8 нафар мардон оид ба мушкилотҳои манзилӣ, баҳсҳои оилавӣ, расонидани кӯмак, гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва замини наздиҳавлигӣ мебошанд.
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб миёни занону духтарон ва ноболиғон бо номи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» чорабинии маърифатӣ доир гардид, дар он аъзоёни шӯрои занони ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳамчунин фаъолзанон ширкат доштанд. Зеро ин мавзӯи доғи рӯз буда, дар раванди муҳокимаи он тамоми қишрҳои ҷомеа, аз он ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, ходимони дин фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат доштанд.
Амалӣ гардонидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» баҳри фаъолгардонии мавқеи зан саҳми назаррас дорад. Ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ҷалб кардани занону духтарон ва баланд бардоштани нақши онҳо ба нафъи ҷомеа ва пешрафти он мусоидат мекунад. Аз ин хотир бояд ба он муваффақ шуд, ки занону духтарони ноҳия номбардору ифтихори диёрамон бошанд.
Тиллои СОҲИБНАЗАР,
хабарнигори «НФ».