ИҶТИМОЪ
ФАЙЗОБОД-НИГИНИ ФЕСТИВАЛ
- Подробности
-
14 Сен 2015
- Опубликовано 14.09.2015 15:39
Дар доираи нахустин Конфронси байналмилалии туристӣ дар мавзӯи «Туризми Тоҷикистон: имкониятҳо ва заминаҳои нави ҳамкорӣ» рӯзи 30 август дар Боғи Ирами пойтахт Фестивали фарҳангию сайёҳии мероси роҳи абрешим бо номи “Рангоранг” доир гардид. Дар он баробари ширкатҳои сайёҳӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сафоратҳои муқими Тоҷикистон, инчунин дастаҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони халқии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ имкониятҳои сайёҳии худро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла дар фестивал намояндагиҳои давлатҳои Афғонистон, Арманистон, Белорусия, Покистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Туркия ширкат карда, ҳунарҳои дастӣ ва таомҳои миллии худро барои ҳозирин пешкаш намуданд.
Иштирокчиёни фестивал, ки аз коршиносони байналмилалӣ, мутахассисони соҳа ва сафирони кишварҳои хориҷӣ иборат буд, аз намоишгоҳ дидан карда, бо урфу одат, анъана ва имкониятҳои сайёҳии якдигар аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
Сафирони кишварҳои хориҷӣ аз гӯшаҳои намоишгоҳи минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, ки муаррифгари захираҳои бою туристии кишвар мебошанд, боздид карда, соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро ояндадор арзёбӣ намуданд.
Сокинони Файзободи навину Вашгирди қадим, ки роҳи абрешим дохили он мегузашт, бо дастовези хоса ва анъанаҳои сирф миллӣ он рӯз вориди Боғи Ирам шуданд.
Дар Фестивали байналхалқӣ аз нӯҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастони мардону бонувони ҳунарманди халқӣ ба маърази тамошои меҳмонони дохилию хориҷӣ гузошта шуд. Ҳангоми тамошо диққати меҳмононро бештар табақҳои тайёр намудаи усто Солиҳбеги меҳрободӣ ва қошуқу кафлезҳои Бобишои чуқуракӣ ба худ ҷалб кард. Чун ба растаи хӯрокҳои миллӣ наздик шудем, сели меҳмонони зиёдро дучор омадем, ки аз нуқлу навои ҳамдиёрони мо даҳон ширин мекарданд. Лаззати таҳмолҳои гарми аз тоба гирифтаву оши нав дамхӯрдаро ҳар нафаре, ки мечашид, такрор ба такрор ба ҳунари дасти онҳо офарин мегуфт. Вақти боздид аз растаи кишоварзони диёр ҳар бинанда помидору булғории калон-калони сурхро ламскунон бо чашми ҳайрат бӯ мекашиду садҳо аҳсант ба мардуми меҳнаткаши диёрамон мехонд. Ҷойи дигар гурўҳи меҳмононро назди чахдегҳои дӯғу кулчаҳои чун рӯи моҳ гирди ҷамоати деҳоти Ҷавонон дидем, ки бо завқи хоса болои нон маскамолӣ карда, ҳаловат мебурданд. Айнан ҳамин манзара назди ҳунари кулолгарӣ ва кӯзаву офтобаҳои холаи Сочигул Асоева (аз ҷамоати деҳоти Меҳробод), ки кайҳо боз ба сокинони ноҳия тариқи рӯзномаи маҳаллӣ ошност, ягон нафарро бетаваҷҷуҳ намемонд. Нақши дастони кулолгар он рӯз аз даст ба даст дар тамошо буду роҳати бинандаҳо. Шаҳу арӯси файзободӣ, ки дар даромадгоҳи намоишгоҳ бо чеҳраи париёнаву қомати мавзуни хеш зери чодар меистоданд, аз назари бинанда дур намонд. Ин лаҳзаҳо назди ҳозирин Нигинаапаи элокӣ дар даст доира бо овози марғуладораш рубоию дубайтиҳои халқиро замзама мекарду гулдухтарони зебои диёр мехиромиданд.
Ҳар нафаре, ки боре оби Файзободро нӯшидаву ташнагӣ шикастааст, аз таъму маззаву фоиданокиаш бархӯрдор аст. Вақти тамошои дастовардҳои диёрамон яке аз меҳмонони хориҷӣ лаҳзаи наздик шудан ба шишаҳои «Оби Файзобод» бобати ташнашикан ва давобахш буданаш ҳарф мезаду тавсиф менамуд. Ин ҷо донистем, ки «Оби Файзобод» бо хусусияти давобахшиаш берун аз ҷумҳурӣ ҳам овозадор будааст.
Мусаввараву тасвирҳои ҷолиб ҳам то андозае диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Дар намоишгоҳ Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон ҳам аз дигарон қафо набуд. Маҳсули дастони наврасони диёрро меҳмонон хуш пазируфтанд. Бахусус, лаҳзаи рассомии Нуриддинҷон, ки вақти намоиш диққати тамошобинонро ба худ ҷалб карда буд. Умуман заҳмату меҳнати якдилонаи сокинони диёр буд, ки ҳунару истеъдод ва маҳсули ба намоиш гузоштаашон гули сари сабади фестивал гардид, ки ин васфро мо ҳамон рӯз аз даҳони даҳҳо нафар аз сокинони дигар шаҳру навоҳии кишвар шунидем. Меҳмонон ҳам ба намошгоҳи ноҳияи мо, ки иборат аз армуғон барои сайёҳон, хӯрокҳои миллӣ, сӯзаниву девориҳо, куртаҳои зардӯзӣ, тоқиҳои рангоранг, кандакорӣ ва ороишоти гуногун аз меваву сабзавот буд, баҳои баланд доданд.
Аз ин дидаву шунидаҳо эҳсос кардем, ки нигини фестивал файзободиҳо буданд.
Пас аз тамошои маҳсули ҳунару дастовардҳои ба намоишгузошташуда, қисмати фарҳангии чорабинӣ оғоз гардид. Дар ин қисмат сараввал муовини якуми Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ баромад карда, меҳмононро ба пойтахти Тоҷикистон Душанбешаҳр хуш омадед гуфта, афзуд, ки имрӯз барои рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо роҳандозӣ шудаву ин самти афзалиятноки кишвар дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад. Сипас дастаи ҳунарии ансамбли «Гулшан» бо таронаҳои ҷаззобу дилнишин хотири тамошобинонро болида намуданд. Дар хотима барномаи омоданамудаи дастаи ҳунарии ноҳия, ки талқингари садоқат ба ватану арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ буд, дилҳоро шоду табъҳоро болида кард. Ва ҳамаи ин бори дигар исбот намуд, ки санъати волою ҳунари нотакрори мардуми Файзобод ҳамешагист ва он аз насл ба насл хоҳад гузашт.
Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».