Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҲНИТ: АЗ НОМИ ИСЛОМ БАР ЗАРРАРИ ИСЛОМ

Мақсад аз навиштани ин сатрҳо даъвати ҳамдиёрони азиз, хусусан насли ҷавони кишвар ба эҳтиёт аз як фитнаи навбатӣ мебошад, ки имрӯзҳо ҲНИТ бо амалҳои хеш ҷомеаи суботёфтаи моро ба гирдоби низову бесуботӣ роҳнамоӣ мекунад. Рӯирост таҳдид кардан аз ҷониби Шӯрои ҲНИТ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ба андеша меорад, ки ин гуна муроҷиати таҳдидомез ба кадом мақсад бошад.
Боз ба нооромиҳо кашидани Тоҷикистоне, ки акнун зина ба зина аз бумбасти коммуникатсионӣ баромада истодааст. То имрӯз барои тоату ибодат кардан, дар роҳи Худову расул, хайру саховат намудан,  ба ҷо овардани рукни Ҳаҷ ва дигар масъалаҳои исломӣ (намоз,рӯза,дафн) касе аз масъулини давлатӣ монеъ нашудааст. Бунёди зиёда аз 4000 масҷид дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишонаи он аст, ки мардуми тоҷик озодона тавонистанд аз дину оини худ бархурдор бошанд. Ба ҷои он, ки намояндагону пайравони ин ҳизб бо ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрати насли наврас, ҷавонон, донишҷӯён ва пайравони дини ислом бошанд, баръакс, имрӯзҳо мебинем, ки ба ном роҳбарони  ин ҳизб, “шайхону муллоҳо” дар наворҳои фаҳш ва фисқу фасод ба чунин  корҳое даст мезананд, ки ақли солим онро дарк намекунад. Маълумотҳо мавҷуданд, ки  М.Кабирӣ дар давоми фаъолияташ ҳамчун раиси ҳизб чандин гектар замину иншоотро харидорӣ намуда, боз бо нархи гарон фурӯхтааст. Ҳол  он ки онҳо метавонистанд, дар кишвар  ятимхонаеро бунёд ё мактаберо сохта таъмиру тармим карда кори хайреро анҷом бидиҳанд, лекин чунин амалҳои хайр аз ҷониби ҲНИТ   ба чашм нарасид. Ба замми ин ҳамаи ин ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди сохтани ятимхонаҳо барпо кардани тӯйҳои домодию арӯсӣ, хатнасӯри кӯдакони камбизоату ятим тибқи талаботи дини ислом шахси мусалмонро бояд хурсанд гардонад, аммо баъзе аз дастандаркорони ҲНИТ ин иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукуматро бо тамасхур менигаранд. Айб ҷустан хеле осон аст, вале дили озурдаеро бардоштан  ва сари ятимеро сила кардан, обод кардан,мардумро сарҷамъ кардан корест басо мушкил.
Агар мо ба кишвари ҳамсояи ҷангзада Афғонистон назар афканем мебинем, тӯли солҳои зиёд мардуми он, ки низ мусулмонанд, аз дасти мусулмонони манфиатҷӯву ифротгаро зери азияту шиканҷа қарор доранд ва аксарашон дар фурқату ғарибӣ бо фақру бенавоӣ умр мегузаронанд.
Модоме, ки худро ҳизби  сиёсӣ муарифӣ мекунед, пас чаро намедонед, ки имрӯз чӣ манфиатҳое меҷӯянд абарқудратҳои дунё? Дар давлатҳои мусулмонии Шарқи наздик, ки аксарияти мардум мусалмон аст, бубинед чӣ гуна мусалмонро бар зидди мусалмон шӯрондаанд ва онҳо якдигарро сар буридаву оташ зада истодаанд, ки ин даҳшат аст. Магар мо дар кишварамон нисбати аҳли оилаамон хешу таборамон, миллатамон ҳаминро орзу мекунем? Оё фаромӯш кардаем, ки чӣ гуна рӯзҳои талхро мардуми тоҷик аз сар гузаронидааст.
Ҳодисаҳо ва равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир нишон дода истодаанд, ки мардум махсусан ҳизбҳои сиёсии давлатҳо дар ин рӯзҳои ҷаҳонишавӣ дар атрофи сарвари давлатҳои худ ва дастгирии сиёсати ҳукуматҳои худ якдилӣ  нишон медиҳанд, аммо ҲНИТ чӣ? Дар рӯзҳое, ки як гурӯҳи ҷавонони гумроҳ бо роҳи фиреб ҷиҳод гуфта ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷалб шуда истодаанд ё баъзе расонаҳои хабарӣ ба муқобили сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Тоҷикистон хабарҳои иғвоангез паҳн менамоянд, аксар  аъзоёни ҲНИТ бо онҳо ҳамкорӣ намуда, Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳон доғдор намуданӣ мешаванд. Магар ҳамин аст ватандӯстӣ,   магар ҲНИТ наметавонист изҳороте ба ин воқеаҳо баён намояд? Метавонистанд, аммо онҳо инро барои сарзамини аҷдодиашон раво намебинанд, чунки нияташон дигар аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки халқ қувваест бузург ва он ҳамеша сафедро аз сиёҳ фарқ мекунад ва ҳеҷ гоҳ ҳеҷ кас ба мақсади бад нахоҳад расид. Ҳақ ба ҷониби шоир Саидост, ки мегӯяд:
Ҳар, ки бо  душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

С. ВОҲИДОВ, мудири бахш оид
ба корҳои дини мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии ноҳия.