ИҶТИМОЪ
ХОҲӢ НАШАВӢ РАСВО, ҲАМРАНГИ ҶАМОАТ БОШ!
- Подробности
-
07 Сен 2015
- Опубликовано 07.09.2015 14:51
Ман ҳамчун дигар сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод муроҷиати ҲНИТ-ро ба Созмони Милал ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон дар бораи иҷро нашудани бандҳои созишномаи тақдирсози истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки кафили сулҳу оромии имрӯзаи кишвари мо гардидааст, боз як дасисаи наву иғвоангез қабул кардам. Ман чунин мешуморам, ки муроҷиати мазкур ғайричашмдошту бемавқеъ баён гардидааст. Аз ҷумла дар муроҷиатномаи онҳо гуфта шудааст, ки: "Мутаассифона, тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳафзоишбахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст.”
Ин худ боз гувоҳ аз он медиҳад, ки роҳбарияти ҳизби мазкур бори дигар чеҳраи аслии худро намоиш доду парда аз рӯи ҳамаи кирдорҳояш боз кард. Нишон дод, ки ҳанӯз ҳам аз рехтани хуну нолаи занону модарони хеш, тифлони дар орзуи падарон чашм ба роҳ сер нашудааст. Ин ҳизб тайёр аст, ки ба хотири манфиатҳои нопоки хеш амалҳои ноҷавонмардонаю ҷангҷӯёнаи худро давом диҳад. Аммо онҳо хатои маҳз хоҳанд кард. Зеро роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар акнун боз ҳам муқтадир гардидаву ҳомии якпорчагии тоҷикистону мардуми азизаш мебошад. Он сулҳу Ваҳдате, ки ҳаждаҳ сол муқаддам ба даст омада буд, барои ҳар як сокини мамлакат азиз асту баҳри ҳимояи он ҳамагон омодаанд.
Афсӯс, ки роҳбарияти нотавонбини ҲНИТ боз пайи халалдорсозии ин оромиш овоз баланд кардаву саҳми дигар шарикони иттиҳоди мухолифинро дар имзои ин сулҳи бебозгашт нодида гирифтаанд. Охир аъзои собиқ Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон на танҳо наҳзатиҳо, балки аъзои ҳизбҳои гуногуни кишвар низ буданд. Наход баъзе наворҳое, ки аз бадахлоқии аъзои ҲНИТ чун дигар аъзои ҷомеаи кишвар намоишу тавзеҳ дода мешавад, маънои фишор болои онҳоро дошта бошад. Магар дар ҷумҳурии озоду демократӣ ва дунявии мо ҳама, аз ҷумла аъзоёни ҲНИТ низ дар назди қонун баробар ҷавоб намегӯянд?!
Хуб мешуд ҲНИТ ба ҷои ин муроҷиат пеш аз ҳама барои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба сафи ДИИШ ягон фатво медод. Воқеан ҳам, агар раҳбарияти ҲНИТ заррае дар ғами миллату давлат ва истиқлолияти кишвари хеш мешуданд, шикояту бечоранолиҳо, таҳдидҳоро як сў гузошта, барои ба сафи ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" пайвастани аъзоёнашро монеъ мешуданд ва муроҷиатҳоро ба кишвар ва созмонҳои хориҷӣ як тараф мондаву дар фикри ободии кишвар мегаштанд. Фикр мекунем вақти он расида, ки роҳбарияти ҲНИТ ба ислоҳ ва тарбияи ахлоқии аъзои худ диққат медоду ҳамаи нокомиҳои хешро аз «бадбинии дигарон» нисбат ба худ намеҷўст.
Имрӯз барои ҳамаи мо маълум аст, ки мардуми кишварамон бо он ҳама боқимондаҳои даврони Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ падруд гуфтаанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар соли 2015 мебошаду ин бозгӯй аз он аст, ки мардуми мо ба сатҳи нави фарҳанги сиёсӣ расидаву худ хубро аз бад ва сараро аз носара ба хубӣ фарқ мекунад. Маълум аст, ки бохти ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2015 боиси шӯру вал-вала дар дохили Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон шудааст. Ба ҷои мактубнависию бечоранолӣ сари як мақсад биёеду барномаи хешро барои саҳм гирифтан дар ободии мамлакат ва беҳтар сохтани рӯзгори мардумамон сарф намоед. Яъне ҳамроҳи давлату ҳукумат ва мардумаш бошед. Зеро чи тавре дар урфият мегӯянд: Хоҳӣ нашавӣ расво, ҳамроҳи ҷамоат бош. Акнун мардуми Тоҷикистон имрӯз ба қадри ваҳдат ва истиқлолият мерасад. Имрӯз душвор асту дигар наметавон онҳоро фирефтаи афсонаҳои ин дунё ва он дунё кард. Аз ин хотир мо бо қатъият мегӯем, ки имрӯз ҳеҷ кас ва ҳеч як гурӯҳи сиёсӣ ҳаққе надорад, ки барои обрӯву ҳалли мушкилотҳои хеш ба неруҳои сиёсии беруна такя кунад ва бо ин роҳ дубора оромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Вазъи имрӯзаи кишварҳои араб ва Украина бозгӯи рушани чунин дастгириву кӯмакҳои хоҷагони хориҷии шумост, муҳтарам роҳбарияти ҲНИТ. Имрӯз сулҳу ваҳдати Тоҷикистон намунаи олии бунёдкорӣ, осудагӣ ва пешрафтаст, ки дар пойдории он бояд қувваҳои солими сиёсӣ, ки ба боварии аксарияти мардум соҳиб шудаанд, саҳмгузор бошанд.
Мо ба раиси ҲНИТ – Кабирӣ, ки имрӯз ҳатто миёни фарзандони мо-муҳоҷирони меҳнатӣ дур аз Тоҷикистони азиз, баҳри ҳалли масъалаҳои дохилии худ шикояту иғвоангезиҳояшро алайҳи ҳукумати мамлакат шурўъ намудааст, муроҷиат менамоем, ки бас аст ба асаби онҳо расидан. Имрӯз муҳоҷирон худ мушкилоти зиёдтаре аз масъалаҳои ҳизбии шумо доранд. Обрӯро бо чизе харида намешавад. Имрӯз, ки обрў ва нуфузи сиёсии шумо ва ҳизбатон поён рафта истодааст, мехоҳед бо навиштани нома ва муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ камбудиҳоятонро рӯпӯш намоед. Охир дастовардҳои солҳои истиқлолият, таҷрибаи сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии миллати соҳибтамаддунамонро имрўз нодида гирифтан амали ҷавонмардонаву хирадмандона намебошад. Фаромӯш сохтаед, ки дар ҷараёни ин фоҷиаи нанговар садҳо ҳазор одамон дар кишварамон талафоти ҷонӣ ва молӣ диданд. Иқтисодиёти кишвар батамом хароб гардидаву беш аз як миллион шаҳрвандон маҷбуран хоки ватанро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя барои ҳифзи ҷони худу фарзандонашон фирор намуда буданд.
Ана, дар чунин давраи ҳасосу тақдирсоз кӯмаки СММ ва кишварҳои кафил барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот хавфи аз байн бурдани давлатамонро, ки пеш омада буд, яктарафа кард.
Қайд кардан ба мавридаст, ки омили ҳалкунандаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ халқи шарифи Тоҷикистон буд, на ягон ҳизби сиёсӣ, ки шумо мепиндоред.
Дар ҷамоати деҳоти мо, ки яке аз калонтарин ҷамоатҳои ноҳия ба ҳисоб меравад ягон нафар узви ҲНИТ нест. Ин маънои онро дорад, ки мардум бо шумо нест, афкору ақидаи шумову ҳизбатонро дастгирӣ намекунад ва нахоҳад кард. Аз ин хотир мо ба раиси ҲНИТ М. Кабирӣ муроҷиат мекунем, агар чанд нафари башуморе ақидаҳои шуморо дастгирӣ карданӣ бошанд, ҳама хешу таборонатон аст, ки бо кӯмакатон дар мамлакатҳои араб ва Покистон таҳсил кардаву дар чораҳаи зиндагӣ имрӯз ҳайрону фандхӯрдаанд. Куҷо рафтанашонро намедонанд. Бас аст мардумро ба хотири манфиатҳои нопоки худ ба сӯи гумроҳӣ бурдан. Ман ҳамчун як шахси таҷрибаи кофии рӯзгордида бо овози баланд мегӯям, ки мардум дигар ба ин роҳ намедиҳад ва аз паси шумо нахоҳад рафт.
Убайдулло Абдуллоев,
имоми деҳаи Чаноро.