Вт01282025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

АМАЛҲОИ ХАЙРУ САВОБ

Миллати тоҷик бо анъанаю урфу одатҳои аҷдодӣ ва оинаҳои миллии хеш ифтихор менамояд. Аҷдодони мо дар вақти сохтӯмони хона бе талаби музд ба ҳамдигар ёрӣ мерасонданд, бо роҳи ҳашар ҷӯй канда, барои истифодаи умум об меоварданд, даст ба даст, тариқи ҳашар роҳ бунёд менамуданд. Ҳамчунин ба шахсони бе фарзанд, якаву танҳо, беваюу, бечора кумак мерасонданд, барои тарбияи фарзандони “бесар” маслиҳат медоданд ва ғайраву ҳоказо. Аксарияти ин анъанаҳо имрӯз ҳам аз байн нарафтаанд. Мешавад, ки аз анъанаву, урфу одатҳои мо хориҷиён ҳайрон монда, ба фарҳанги миллати мо арҷ мегузоранд. 

Дар Файзобод ёфт мешаванд саховатмандоне, ки дасти хайр доранд. Онҳо ба дармондагон беминнат, беғаразона ёрӣ мерасонанду барои худ доман – доман савоб ғун мекунанд. Чанд сол пеш фарзандони худобиомурз Фозилшоҳ Комилов бо нияти бо оби ошомиданӣ таъмин кардани якчанд хонаводаи кӯчаҳои Айниву Зебунисо чоҳ кофтанд. Аз чуқурии ҳафтод метр оби софи ошомиданӣ бо қувваи барқ боло мебарояд.

Бояд зикр кард, кӣ дар шаҳраки Файзобод 40-50 хонаводаи ду кӯча- Зебунисою Айнӣ аз оби ошомидани танқисӣ мекашанд. Барои ҳамин ҳар гоҳе аз чоҳи кандаи фарзандони Фозилшоҳ об мегиранд, дуо мекунанд, ки рӯҳаш шод бошад. Воқеан, сарвари хонадон ва бонуи ӯ, инчунин панҷ-шаш фарзандашон Хонаи Худоро зиёрат карда, аз рӯи ҳунару ақлу фаросаташон зиндагии шоиста доранд. Онҳо дасти хайр доранд.

                                                   ****

Шаби 22 январ барфи баланд борид, тахмин ним метр. Роҳи марказӣ рӯфта шуд, то ки рафтуои мошинҳо ба болою поён осон гардад. Вале роҳи байни кӯчаҳо душворгузар шуд. Рафтани кӯдакон ба мактабҳояшон мушкил гардид. Саҳари ҳамон рӯз ба кӯча назар кардам, ҳамсоя, Ҳамза Раҷабов, ки як ҳафта пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштааст, бо курчаки худсоз раҳи кӯчаи Айниро ба дарозии 200 метр, аз назди дарвозаи худашон то роҳи калон рӯфта истодааст. “Ҳай боракалло” ва “Офарин” гуфтамаш, ки изҳор кард: “Кӯдакҳои кӯча ба мактаб рафта наметавонанд, бояд роҳ кушоем барои онҳо”. “Савоби калон мегирӣ”- гуфтам.

                                                                                 Ҷ. БАҲОРОВ, “НФ”.