Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

БОҒИ ЗИНДАГӢ, НА ДОҒИ ЗИНДАГӢ

Меҳру муҳаббат, шавқату ғамхорӣ нисбати фарзанд табиати инсон аст. Аслан меҳру шафқат нисбати кӯдак дар вуҷуди падару модарон табиатан тавлид меёбад. Падару модарро аз шафқат ва шафқатро аз падару модар ҷудо тасаввур кардан номумкин аст. Аммо боиси таассуф аст, ки баъзе волидайн бо сабаби намоиш додани ҷиддияту виқори худ ба кӯдак дурушту дағал муносибат мекунад.

Кӯдак ҳанӯз аз аввали ба дунё омадан қобилияти ҷудо кардани неку бадро пайдо мекунад. Завқу салиқа, вокуниши кӯдак, неку бад дар ҳамин марҳилаи ҳаёти ӯ пайдо мегардаду оҳиста-оҳиста равнақ меёбад. Аз ин рӯ, дар ин марҳила рафтори аҳли оила нисбати кӯдак хело муҳим аст. Падару модар ва дигар калонсолони оила фаромӯш набояд кунанд, ки кӯдак ҳамавақт аз рӯйи дидаю шунидааш ва фаҳмишу идроки худ ба онҳо баҳо медиҳад. Бо таассуф қайд карданием, ки аксарияти мо падару модарон нисбати фарзанди худ хушбин нестем. Вақте фарзанд ба ҷиноят даст зад, он гоҳ ангӯшти надомат газида «чаро чунин кор рух дод?»- гуён афсӯс мехӯрем.

Масъалаҳои таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон тавассути як қатор қонунҳо аз ҷумла қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба танзим дароварда шудааст.

Бинобар ин ҷиҳати ба роҳ мондани назорати иҷрои ҳамин қонун ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои дахлдор вогузор гардидааст.

Дар паёми имсолааш  Сарвари давлат қайд карданд, ки: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди калон дорем... Аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд».

Ҷиҳати иҷрои қонунҳои мазкур ШКВД ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар ноҳия буда дар ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо ва муассисаҳои таълими умумӣ зиёда аз 40 маротиба суҳбату вохӯриҳо гузаронида барои амалӣ шудани қонунҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти зарурӣ ба роҳ мондем. Тибқи супоришҳои Вазорати корҳои дохила ду маротиба амалиёти «оворагард», «наврас» ва «талбандагӣ» гузаронида, 19 нафар ноболиғонро дастгир карда, нисбаташон парвандаҳои маъмурӣ, ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода ба суд ирсол кардем.

Ҳастанд падару модароне, ки нисбати тарбияи фарзандон хушбин нестанд. Нисбати ноболиғон Маҳкамов Исматҷон Абдуллоевич, Амиров Билолиддин Фатҳуллоевич, Ҳафизов Некрӯз Файзалиевич ва Қамарзода Шаҳроми Амирҳамза истиқоматкунандагони шаҳраки Файзобод, ки дуздию ғоратгарӣ содир карда буданд,  парвандаи ҷиноӣ тартиб дода  ба суд равон карда шуд. Суд рафтори ношоистаи онҳоро дар маҷлиси судӣ мавриди муҳокима қарор дода, ба ноболиғон  Маҳкамов Исматҷон Абдуллоевич ва Амиров Билолиддин Фатҳуллоевич бо дастрасии моддаи 244 қисми 3 банди «а»-и КҶ ҶТ, ба Ҳафизов Некрӯз Файзалиевич ва Қамарзода Шаҳроми Амирҳамза бо моддаи 244 қисми 2, бандҳои «а,б,в,г»-и КҶ гунаҳгор дониста ба онҳо тибқи моддаи 244 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадбиқи моддаҳои 63 ва 87-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин кард. Суд ноболиғӣ ва пушаймонӣ зоҳир кардани онҳоро ба инобат гирифта, бо дастрасии моддаҳои 71 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъйиншударо нисбати ноболиғон шартан татбиқ карда ба онҳо як сол муҳлати санҷишӣ таъйин намуд.

Вале, чи тавре маълум гардид, онҳо бо сабабҳои номаълум тарки таълим карданду волидонашон ин рафтори онҳоро нодида мегиранд.

Бемасъулиятии падару модарон ва омӯзгорон дар он аст, ки дар се моҳи аввали соли равон нисбати 17 нафар хонандаҳо, ки дар содир кардани ҷиноят даст доранд  ва нисбати 28 нафар падару модарон тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд» парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода ба суд фиристода шуд.

Роҳи аз ҳама босамару муваффақ дар тарбияи фарзанд баробарҳуқуқии онҳо назди волидон мебошад. Фарзанде, ки дар муҳити носолим тарбия меёбад, рӯзе ҳатман ба роҳи хато меравад. Аз ин хотир мебояд ҳисси бадбиниро дар дили фарзандон бедор насозем.

Масъалаи дигари доғи рӯз ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомилшавии ҷавонон мебошад. Ҳамагон огаҳӣ дорем, ки аз ноҳия мо низ ҷавонон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гашта, дар давлатҳои Ироқу Сурия меҷангиданд, онҳоро барои чунин амалҳои номатлуб, одамкушиву одамрабоӣ ташвиқу тарғиб мекунанд. Бояд гӯем, ки нисбати чанде аз онҳо парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда ба суд ирсол карда шудааст.

Пас, кумитаҳои маҳаллаҳо, раисони ҷамоатҳо ва аҳли ҷомеа, омӯгорони муҳтарам ба он бикушем, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия карда, масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд ба ҷомеаи солим зери назорати доимӣ қарор диҳем. Ва муваффақ ба он шавем, ки сатҳи ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар корҳои номатлуб дар байни ноболиғони ноҳия бартараф карда шавад. Беҳуда гузаштагонамон нагуфтаанд, ки «Фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар».

Сайфзода Самад Мадамон ,

сардори ШВКД-и ноҳия Файзобод,

полковники милитсия.