Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МАЪЮБОН НИЗ ҲУНАРМАНДАНД

«Мо дар оянда низ ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»).

Ҳамасола бо туфайли роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбон – шахсони имконияташон маҳдуд ҳарчи бештар ғамхорӣ зоҳир карда мешавад, то онҳо аз ҷамъият дар канор набошанду аз азияти маъюбӣ эмин бошанд. Зеро:

Зи шикастҳои тақдир нолидан чӣ суд,

Равонат набошад, илоҷаш бипӯй!

Воқеан, дар рӯзи таҷлили иди Рӯзи Модар ба намоиш гузоштани маҳсули ҳунари маъюбони ноҳия диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб менамуд. Муовини раиси Иттиҳодияи маъюбони ноҳия Бунафша Чақонова намоиши ҳунарҳои гурӯҳи маъюбонро, ки роҳбаладӣ мекард, моро бо онҳо шинос намуда нақл мекард.

-Имрӯз аз шумораи аъзоёни иттиҳодия маҳсули ҳунари 9 нафар бонуро интихоб намуда ба намоиш баровардем. Хушбахтона, маҳсули ҳунари онҳо ба ҳар як бинанда писанд афтода, дар як замон харидорони худро пайдо намуданд. Болиштчаю жемпер, куртаю чолбанд, мӯйқапаку дастпӯшакҳои тайёрнамудаи хоҳарон Гулизор ва Соҳибҷамол Сайфуддиноваҳо, гулдону гулҳои аз риштаҳо тайёркардаи Давлатмоҳ Раҷабова, тоқиҳои дӯхтаи Бибигул Изомиддинова, болиштчаҳои зиндадӯзию қуроқии Савригул Маҳмудова ва дигарон дар ҳақиқат зебою дилрабо буданд. Он рӯз махсусан бисёриҳо ба ҳунари Давлатмоҳ Раҷабова, ки бо ришта гулдону гулҳои рангоранг, ки шабеҳи гулҳои табиӣ буданд, таваҷҷуҳи хосса доштанд. Чанд намунаи ҳунарҳое, ки ӯ оварда буд, ба фурӯш рафта, аз чанд нафари дигар фармоиш гирифт.

Иттиҳодияи мо 1803 нафар аъзо дорад, ки онҳо маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, 3 буда, синну соли гуногун доранд,- мегӯяд Бунафша Чақонова. Мехоҳам, ки маъюбони мо дар қатори ҳама дар тамоми чорабинию намоишҳо иштирок намоянд. Як сухани хуб, як лаҳзаи шодӣ давои тани ранҷури онҳост. Инчунин ният дорем, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ягон макон гирифта дар онҷо нуқтаи фурӯши маҳсули дасти маъюбонамонро ташкил намоем. Чанд нафар аъзоёни дигари мо, ки ҳунарҳои сартарошӣ, таъмири таҷҳизотҳои техникӣ, пойафзолро доранд, мехоҳанд нуқтае дошта бошанду ба мардум хизмати хуби арзон расонанд. Агар дар амалишавии ниятҳои неки мо хайрхоҳе ҳисса гузорад, сарфароз мешудем. Беҳуда нагуфтаанд:

Беҳин коре, ки андар зиндагонист,

Накухоҳӣ ба кас роҳатрасонист.

М.ТАҒОЕВА, «НФ».