Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ГУЛПАРВАРӢ: ҲАМ МАҲАЛ ЗЕБО МЕГАРДАДУ ҲАМ БУҶА ҒАНӢ

Имрӯзҳо тозаю озода нигоҳ доштан,бо шинонидан,зебо гардонидани шафати коргоҳу муассисаҳо, гулгаштҳои дохил ва ду тарафи роҳҳои маркази ноҳия бо гулу гиёҳҳои ҳаррангаю зебо ва ҳамешасабз як рукни асосии ҳаёти мардум ҳисоб мешавад. Биноан ташкилу сохтани гулхонаҳои хурду бузург қариб дар тамоми шаҳру навоҳиҳо ва ҷамоатҳо рӯ ба равнақ дорад.

Мутаассифона, ҳолат на дар ҳама ҷо якрангу ба мақсад мувофиқ аст. Аслан дар ноҳияву марказҳое, ки ташкилу сохтани гармхонаҳои гулпарварӣ ба роҳ монда нашудааст, дар мавсими гулшинонӣ бо мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мегарданд.

Дар ноҳияи мо ҳам дар арафаи мавсими гулу гиёҳ ва дарахтҳои ороишӣ шинонидан корхонаю муассисаҳо ба чунин мушкилиҳо мувоҷеҳ мегарданд, ки сабаби асосии он дар набудани гулхонаҳои парвариши гулҳо мебошад. Барои гулфаршу гулзор сохтани назди идораю муассисаҳо ва пешгоҳу роҳравҳои корхона масъулинро зарурати овардани гулҳои ҳарранга аз дигар навоҳиву манотиқи кишвар пеш меояд. Пас, саволе пайдо мегардад, ки оё вақт ва зарурати дар ноҳия ва бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба роҳ мондану ташкили гулхонаҳои хурду бузурги гулпарварӣ фаро нарасидааст? Пас аз ташкилу дуруст ба роҳ мондани гулхонаҳо ҳоҷати худи ҳамон коргоҳ бароварда мешавад, сониян, навъҳои гуногуни гулҳо аз қабили мехчагул, петуния, виола, лолаю маргарита,навъҳои садбарг ва розаю навъҳои гуногуни онро ба фурӯш баровардан имкон дорад, ки талабот ба онҳо хеле зиёд аст ва он сабаби ғанӣ гардидани буҷаи ҳамон корхона мегардад. Дар ҳоле, ки дар тамоми ноҳия танҳо як мағозаи гулфурӯшӣ дар маркази ноҳия мавҷуд аст, ки он ҳам танҳо ба фурӯши гулҳои сунъӣ машғул аст.

Дуруст аст, ки идораи хизмати манзилию коммуналии ноҳия, ки зиёдтар ба шинонидан ва нигоҳубини гулҳою дарахтони ороишӣ машғул аст, соле пештар дар назди иншооти обсофкунии ноҳия дар масоҳати 200-250 м гармхонаеро барои парвариши гулҳо ташкилу созмон доданд. Аммо ин талаботи рӯзафзуни аҳолии ноҳияро қонеъ гардонида наметавонад. Дар мавсими гузаштаи гулшинонӣ аз гулҳои ин парваришгоҳ танҳо дар ду тарафи шоҳроҳ ва гирду атрофи он истифода карданду халос.

Ҳини суҳбат бо сардори ин коргоҳ маълумамон гардид, ки онҳо ният доранд соли равон дар масоҳати калон гармхонаи гулпарварӣ ташкил намоянд. Ҳамчунин дар масоҳати хурдтар дар назди идораи хоҷагии хизмати манзилию коммуналӣ низ сохтмони чунин гулхонаро дар назар доранд, ки боиси дастгирист. Ғайр аз ин сардори ин коргоҳ иброз дошт, ки мушкилии асосӣ танҳо дар ба дастовардани тухмии гулҳо мебошад, ки дар шароити имрӯза нархи ниҳоят гарон доранд ва дар аксари мавридҳо ба даст оврдани он аз хориҷи кишвар иттифоқ меафтад.

Ду нафар соҳибкори дигар Иззат Нарзуллоев ва Мавлавӣ Камолов аз деҳаи Ҷонварсӯз низ ба гулпарварӣ машғул ҳастанд, аммо доираи фаъолияти онҳо бисёр маҳдуд аст ва ҳам бо эътирофи худашон фоидаашон низ ночиз аст.

Аз баррасӣ ва шарҳи мавзӯъ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки фурсати он расидааст, ки ташкили гулхонаҳои гулпарвариро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ мондан зарур аст. Ҳамчунин ҷамоатҳои деҳот ҳам дар ин кор саҳмгузор буда метавонанд, махсусан соҳибкорони пуртаҷриба, саховатмандони хайрандешу сарварони муассисаҳо.

Хушрангию зебоии атроф нишон аз ободию осудагии мардум аст.  

Ҳукматуллои АКРАМ, “НФ”.