Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

АЗ ТОШУ САНГУ САФОЛ ДАСТ КАШЕМ

«Ном – нисфи ҳусни инсон»-мегӯянд. Балки он кулли ҳунс аст. Агар ном зебо бошад, шуниданаш гӯшрову дилро навозиш медиҳад, хусусан номҳое, ки ба гулҳои баҳорӣ, ба ҳусну зебоӣ, ба покию иффат, ба далерию мардонагӣ, футувату ҷавонмардӣ тааллуқ дошта бошанд.

Номи зебо таваҷҷуҳангез аст. Мешавад, ки аз рӯи ном одамон сазовори дӯстдорию иззат мегарданд. Чунин далел бар ҳамин асос аст: набераи бандаи камтарин дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуд. Инҷо аз рӯи қоидаи ҷоришуда ба донишҷӯёни ноҳияҳои наздики Душанбе, аз ҷумла Файзобод, хобгоҳ намедодаанд. Бонуи мутасаддии ҳамин кор ба номи набераи ман (Фаҷрия) таваҷҷуҳ карда, ӯро наздаш мехонад ва мегӯяд: «Ба хотири номи хушрӯят ба ту хобгоҳ медиҳам».

Фаҷрия ҳарчанд калимаи тоҷикӣ нест, (маъниҳои дилчасп, сапедадам, субҳдам, сафедии субҳ дорад), дониста гузошта шудааст. Ба он хотир, ки дар номгузорӣ кам вомехӯрад. (Дар омади гап бояд гӯем, ки ҳар чиз зиёд шуд, беқадр мешавад).

Вобаста ба ҳамин, гуфтан мехоҳам: пеш аз он ки ба навзод ном гузорӣ, бояд маънии онро донӣ. Бисёриҳо номи шунидаашонро (кӯркурона) ба фарзандон мегузоранд. Масалан, Нилуфар ном мемонанд, бехабар аз он ки нилуфар чӣ чиз аст. Ё ки шояд рубоии машҳури Абӯалӣ ибни Сино – «Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал…»-ро аз касе шунидаанду ба ҳамин хотир духтарашонро Зуҳал ном мегузоранд, ҳол он ки Зуҳал дар фалак сайёраи наҳс ҳисобида мешавад. Зуҳал калимаи арабӣ буда, номи дигари он Кайвон аст. Баъзеҳо Зарқумойро хушоҳанг ҳисобида ба фарзанд ҳамин номро мувофиқ медонанд. Ин ном аз се таркиб – зар+қум+ой иборат буда, ба андешаи мо, таркиби дуввум ғалат аст. Зарқумой не, бояд Зарқамар бошад. Зеро ҳам зар (тилло) маънӣ дораду ҳам қамар, яъне моҳ.

Ин гуна номҳое, ки аз нофаҳмӣ ба фарзандон часпонда мешавад, кам нестанд.

Ҳоло ҳозир ба номҳои шахсиятҳои таърихӣ рӯ овардаем. Ин хуб аст, дар сурате, ки ба маънию мақсад сарфаҳм равем. Дар Тоҷикистон (ва дар мардуми дигар ҳам) номи Рустам садҳову ҳазорҳост. Ё ки Сиёвушу Суҳроб. Инҳо қаҳрамонҳои достони «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиянд. Дар мушоҳидаи мо ин номҳоро бештар касоне «дӯст» медоранд, ки ҳатто кӣ будани Фирдавсию чӣ будани «Шоҳнома»-ро намедонанд. Агар аз «Шоҳнома» хабардор мешуданд, садҳо номи қаҳрамони мусбати ин асарро интихоб менамуданду фақат ба Рустаму Суҳробу Сиёвуш «намечаспиданд».

Хушбахтона, даҳсолаи охир аз Тешаю Табару Досту Хаскашу Хоркаш, Тошу Сангу Сафол ва амсоли инҳо даст кашидем. Вале ҳанӯз ҳам ҷо-ҷо ба ин номҳои безеби гӯшхарош вомехӯрем, ки соҳибонашон панҷсола-даҳсолаанд. Тифоқо аз падаре пурсидем, ки чаро ба фарзандаш Табар ном мондааст? Шунидем: «Ба хотири бобояш». Дар ҳақиқат тааҷҷубангез: бобое, ки сад бор болои гӯраш сабза дамида хушк шудаасту аз ҷасадаш шояд устухон намонда бошад, магар бо номи ӯро гузоштан рӯҳаш шод мешавад?!

Баъзеҳо ба фаҳмиши худ ба номҳои асбобу ускунаҳо «ҳусн» андохта, масалан, Табаралӣ, Тешагул ном мебофанд. Қурчӣ ҳам ҳусни соҳиби номро коҳиш медиҳад, бигзор, ки он маъние ҳам дошта бошад. Биёед, аз Сурху Сиёҳу Кабуд ҳам  даст кашему ба номгузории Бозору Ҷумъа, Барфу Борон, Гургу Шеру Паланг хотима бахшем.

Ҳоло мешунавем, ки духтарбачаҳои то 12-13-сола Осия, Алия, Рупия, Румайсо, Савмина ном доранд. Ин номҳо дар таъсири филмҳои туркӣ пайдо шуда, хоси забони тоҷикӣ нестанд.

Чизи дигареро мавриди таваҷҷуҳ мегузорем, ки бо айби кормандони ҷамоат – зеро хатои падару модаронро ислоҳ намекунанд, - дар зодномаҳо ба ҷои Нурмуҳаммад Нурмат, ба ҷои Юсуфов Юсупов ва ғайра  сабт мешавад.

Ана ҳамин ғалатнависиҳою нодониҳои моро ба инобат гирифта Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ»-ро бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия кард, ки 27 июли соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Феҳрист аз ҳарфи А то Я 3360 номи духтаронаю писаронаро дар бар гирифтааст. Чи тавре мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия Фаришта Раҳматуллоева гуфт, китоби «Феҳрист…» ба ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак дастрас буда, тавсия шудааст, ки ҳангоми бақайдгирӣ ба падару модарон номҳои зебои тоҷикӣ, номҳое, ки дар заминаи меъёрҳои таърихӣ пайдо шуда, ҳамчун арзиши маънавии миллӣ эътироф гардидаанд, пешниҳод карда шаванд. 

Ҷӯрабек МУМИН, «НФ».