Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МАКТАБИ ДӮСТМУРОД ПОЯНДА АСТ

Марги бармаҳал дар 39-умин баҳори ҳаёт сарояндаи мумтоз, ба ибораи шоир Бозор Собир, булбули боғи санъати тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиро даррабуд, ки имсол 68-сола мешуд.

Ӯ соли 1950 дар деҳаи хушманзар ва хушҳавои Муллобаротӣ, ки шояд маҳорати баланди овозхониаш аз садои шӯхи чашмасорон, ҳавои форам ва чаҳ-чаҳи булбулони ин деҳа сарчашма гирифтаю дар саросари кишвар ва берун аз он танинандоз гардид, ба олами рӯшан омад. Давраи бачагии хешро дар миёни гулу буттаҳо, теппаҳою мавзеъҳои хушманзари ин ҷо гузаронида, ба нӯшидани оби мусаффои чашмаҳои диёр садояшро ширадор гардонд. Дар забони мардуми маҳал ин гуна маконро «пушта» мегӯянд. Дӯстмурод дар айёме, ки ҳамчун сароянда ном бароварда буд, зуд-зуд ба ҳамин пушта рафта, манзили охирати Алии қиблагоҳашро зиёрат намуда, аз обу ҳаво, манзараҳои гуворо ва садои хуши чашмасорону навои булбулаконаш илҳом мегирифт.

Бори нахуст овози Дӯстмуродро бо ҳамроҳии бародараш Раҷабмурод тирамоҳи соли 1968 дар яке аз чорабиниҳои комиссариати ҳарбӣ, ки кумитаи комсомолии ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) ташкил намуда буд ва банда котиби ташкилоти комсомолии колхози ба номи Орҷоникидзе будам, шунида ба ваҷд омадам. Солҳо Дӯстмуроду Раҷабмурод бештар якҷоя суруд мехонданд.

Баъдтар бо Дӯстмурод шиносоӣ пайдо намудаму бо ҳам дӯсти наздик шудем. Ӯ давра ба давра, сол ба сол дар ҷодаи санъат обрӯву нуфуз ва мақому мартаба касб кард. Дӯстмурод аз соли 1970 то охири ҳаёт корманди Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буду ба дараҷаи Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Он вақт ҳамагӣ 27 сол дошт.

Ёд дорам, баъд аз унвон гирифтан дар театри тобистона, ки дар паҳлуи чойхонаи «Роҳат»-и шаҳри Душанбе ҷой гирифта буд, консерти ҳисоботӣ барпо гардид. Дар ин чорабинӣ Облоқулов аз вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), Муқимов аз вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон), Файзалӣ Ҳасанов аз шаҳри Кӯлоб, ки соҳиби чунин унвон шуда буданд, иштирок доштанд. Аз ҳамаи минтақаҳои кишвар мухлисону ҳаводори санъат ба консерт омада буданд. Албатта, ҳар кадоми онҳо мухлиси худро доштанд, аз ҷумла Файзалӣ Ҳасанов. Чун навбат ба Дӯстмурод расид, мухлисону ӯ аз ҷо бархеста муддате рост истода, гулдастаҳоро боло кардаву қарсакзанон ба саҳна баромаданашро истиқбол гирифтанд, бе ягон муболиға, толор ба як манзараи дилнишине, ки гӯё гулзоре бошад, табдил ёфт. Дар он лаҳзаҳо ҳама яктан, чӣ суғдиву чӣ хатлонӣ, чӣ бадахшию чӣ ҳисорӣ мухлиси Дӯстмурод буданд. Ёд дорам, вақте парда боз шуду Дӯстмурод ба саҳна баромад, қомату чеҳраи нурониаш толорро пурмавҷ кард. Парваригори азимушшаън ӯро чунон ороста карда буд, ки меҳраш дар баробари овозхониаш дар қалби мардум лона сохт. Шиму костюми сафед ба баданаш шинаму зебанда буд. Баъди дубора аз тарафи барандаи намоиш муаррифӣ шудан ӯ табассуми барояш хос намуд. Ҳамин тавр баромади Дӯстмурод оғоз гардиду сурудҳояш аз ҷониби мухлисони сершумор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ ва гулдастаҳо қадр карда шуд. Ногуфта намешавад, ки Дӯстмурод гули сари сабади ин чорабинӣ буд. Ӯ нисбат ба дигарон бештар суруд хонд. Мо, мухлисони файзободиаш, ифтихор доштем. Дар андешаи ман он рӯз лаҳзаҳои беҳтарин ҳаёти Дӯстмурод Алӣ буд.

Мукофоти давлатии Дӯстмурод Алиев водор кард, ки кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Файзобод дар 7 колхозу совхози мавҷуда ва маркази ноҳия консерти ҳисоботии ӯро ташкил намояд. Ҳар дафъа, аз як вохӯрӣ ба вохӯрии дигар сафи тамошобинон зиёд мешуд, зеро аз хоҷагиҳои ҳамсоя ва ноҳияҳои гирду атроф ҳам мухлисон меомаданд. Барномаҳои консертӣ аксаран шабона дар ҳавои кушод барпо мешуданду гирду атрофро анбӯҳи одамон печонида, баъзеҳо ба шохаҳои дарахтон баромада тамошо менамуданд, ки ҳамаи ин дар асл як манзараи дилфиребро мемонд. Ҳар як барномаи ҳунарии Дӯстмурод маҳфили гуворои ширу шакарро  мемонд. Корманди рӯзномаи маҳаллӣ, шоир Ҷӯрабек Мӯмин, ки барандаи маҳфил буд, шеър мехонду Дӯстмурод месуруд.

Бояд бигӯем, ки Дӯстмуроди Алӣ аз худ мактаби бузург боқӣ гузошт ва барои рушди санъати миллӣ хизмати шоиста кард. Ҳунармандони ҷавон қариб аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сабки ӯро истифода мебаранд. Ҳамасола дар рӯзи таваллуди ҳофиз аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба Файзобод омадану ба гиромидошти ӯ консерт намоиш додан, нишони санъаткори асилу писандида будани Дӯстмурод аст. Фақат маҳфили имсоларо ба ёд овардан басанда аст, ки аз гӯшаю канори кишвар 27 нафар пайравони Дӯстмурод ҳозир буданд. Ва ҳар кадом бо савти ӯ замзама карданд.

Боварии комил дорам, ки мактаби Дӯстмурод Алиев даҳсолаҳо амал мекунад.  

Мачитӣ ДИЛШОДОВ, мудири шуъбаи шарикии иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнати Кумитаи марказии комплекси агросаноатии Тоҷикистон.