ИҶТИМОЪ
ИДОРАИ БОЙГОНӢ ЧАРО РОҲБАРОН НИСБАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН БЕТАФОВУТАНД
- Подробности
-
10 Янв 2019
- Опубликовано 10.01.2019 10:21
Идораи бойгонӣ – муассисаест, ки онҷо ҳуҷҷатҳои куҳнаю қадима, ёдгориҳои хаттӣ, дастнависҳо, мактубҳо маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Бо мақсади фаҳмидани фаъолияти имрӯзаи ин муассиса мо бо директори бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Н.Зарифов суҳбати ихтисосӣ доштем.
- Идораи бойгонӣ. Он чӣ мақсаду вазифаҳо дорад?
- Идораи бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 1978 таъсис дода шуда, дар як қисми бинои Кумитаи амнияти миллии ноҳия ҷойгир гардида, аз моҳи апрели соли 1982 то инҷониб фаъолият намуда истодааст. Бойгонӣ дорои 51 адад хазина ва 32593 мавод буда, аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон фаъолияти худро ба роҳ монда ба шаҳрвандон маълумотномаҳо дастрас менамояд. Бойгонӣ ба муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, хоҷагию ҷамоатҳо дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии онҳо шартнома баста, баъди гузаштани 75 сол ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии муҳлати нигоҳдориашон доимӣ ба таври муқарраргардида ба нигоҳдории давлатӣ супорида мешаванд. Қабули парвандаҳо аз муассиса ба бойгонӣ бо санад ба расмият дароварда шуда, як нусхаи санад дар бойгонӣ дар парвандаи хазина нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигари санад ба муассиса баргардонида мешавад.
-Пушида нест, ки дар фаъолияти идораи бойгонӣ камбудиҳою норасоиҳо ба чашм мерасанд. Мушахассан дар бораи беэътиноии баъзе роҳбарон нисбати идораи шумо ва душвории имрӯзаи кориатон маълумот медодед?
- Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки қисми дохилии бинои идораи мо, махзангоҳҳо ва утоқҳои ёрирасон то ба ҳол рӯи таъмирро надида, мизу курсиҳо дар ҳолати корношоям қарор доранд. Камбудии дигари асосӣ ин сари вақт ба бойгонӣ насупоридани маводҳо аз тарафи роҳбарони ташкилоту муассисаҳое, ки муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳояш гузаштааст, мебошад. Ҳарчанд ки борҳо дар ин хусус бо дархости якҷояи бахши бойгонӣ ва идораи бойгонӣ роҳбарон огоҳонида мешаванд. Аз 51 адад хазинаи мавҷуда ҳамасола 20-22 ташкилоту муассиса барои нигоҳубини ҳуҷҷатҳояшон дар бойгонӣ ба идораи бойгонӣ маблағ ворид менамоянду боқимонда ташкилоту муассисаҳо, бахусус хоҷагиҳои коллективӣ бо баҳонаҳои гуногун давоми сол маблағгузорӣ намекунанд. Ишора кардан ба маврид аст, ки баъзе ташкилоту муассисаҳо, аз қабили ЛКТ-24, идораи бойторӣ, корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзили коммуналӣ (КВД «ХМК»), Муассисаи назорати давлатии роҳҳо (МНДР), минтақаи таҷрибавии боғдорӣ (ЗОС), пушида, телеком, хоҷагии коллективии Қалъаидашт ва чанде дигар, ки муҳлати ниҳоӣ дар бойгониҳои идоравиашон зиёда аз 20-25 сол гузашта бошад ҳам, вале маводҳояшонро ба бахши коркард ва ташхиси филиали бойгонии марказии давлатии дар шаҳри Ваҳдатбуда намесупоранд. Дар натиҷа шаҳрвандоне, ки нусхаи ягон ҳуҷҷат ё дигар мавод зарур мешавад, сарсону саргардону норозӣ мегарданд. Аз ин рӯ, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, хоҳиш мекардем, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои идоравиашон, аз қабили нусхаҳои фармонҳои ба корқабулкунӣ ва аз корравӣ, китобҳои музди меҳнати коргарон, дафтарчаҳои меҳнатӣ, варақаҳои шахсӣ, китобҳои хоҷагии ҷамоатҳо сари вақт ба идораи бойгонӣ супоранд.
- Имрӯз барои пешрафти кори идора чӣ тадбиру нақшаҳо андешида мешавад?
- Тибқи нақша-чорабиниҳои бойгонӣ дар самти татбиқи «Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо замимаи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз чор дурнамо, чор самт ва даҳ чорабинӣ ба тасвиб расидааст. Имрӯз бо дастгирии раиси ноҳия идораи бойгонӣ бо як адад компютер ва таҷҳизотҳои чопкунию нусхабардорӣ таъмин гардидааст. Инчунин дар оянда бо дастгирии мақомот баҳри рушди минбаъдаи бойгонӣ барои дар қуттиҳои махсус ҷой кунонидани маводҳои хазина ва ба тариқи электронӣ гузаронидани маводҳои бойгонӣ ниятҳо амалӣ гардида истодаанд. Давоми фаъолияти татбиқи барномаи рушд, ки ба идораи бойгонӣ ва бахши бойгонии назди мақомот тааллуқ дорад, як қатор чорабиниҳо, аз қабили дурнамо оиди таъмини беосеб нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо, ғанӣ гардонидани хазинаҳо аз ҳисоби ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри ташкилоту муассисаҳобуда, инкишоф додан ва мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии бойгонии байниидоравӣ, чорабиниҳо оиди риоя намудани системаи низому ҳарорату рутубати маҳфузгоҳҳо, ташкил намудани гӯшаи сӯхторхомӯшкунӣ, дар бастаҳо ҷойгиркунонии ҳуҷҷатҳо, ошкор намудан ва гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки ба бойгонӣ мансубият доранд, қабул намудани ҳуҷҷатҳои ташкилоту муассисаҳои шакли моликияташон ғайридавлатӣ пас аз коркард бо санад, муҳайё намудани замина барои ғанӣ гардонидани хазинаҳои бойгонӣ, талаб карда гирифтани ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ аз ташкилоту муассисаҳо ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.
Минбаъд ҳам ният дорем, ки корро дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба роҳ монда, дар ғанӣ гардонидани хазинаҳои бойгонии идора ҳиссаи хубе гузорем.
М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».