Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҲАВЗАИ СУРХДАРА

Бо иқдоми Барномаи ҷонибдории  инкишофи иҷтимоии  манотиқи куҳистони  пружаи  Оғохон дар зерҳавзаи  обҷамъшавии Сурхдара  машварати омӯзишӣ доир гардид, ки сокинони  деҳаҳои фарогири ҳавзаи мазкур иштирокчии он буданд.

Идоракунии самараноки захираҳои таббиӣ, роҳҳои пешгирии эрозияи замин ва дар як вақт баланд бардоштани ҳосилхезии хок бо истифода аз технологияҳои дастраси маҳаллӣ  ва роҳҳои истифода бурдани онҳо мавзӯи машварати мазкур буд.  Машваратро  тренер – мушовир  Маҳбуба Ҳасанова, ки дар мавзуи мазкур таҷриба кофӣ дорад,  тайи ду рӯз   баргузор намуд. Ҳозирин аз амалияи такмилёфтаи корҳои био-муҳандисӣ, яъне тарзи тайёр кардани компост,марҳилаҳои бунёди фашина, тавора (палисад), чапарак, қаторбутаҳо, сангпушкунониҷуфти контурӣ, киштгардон, бисёрзироатчигӣ, контуртеранҷҳо, ҳифзи замин огоҳӣ гирифтанд. Боиси қайд аст, ки машварат ба тарзи амалӣ дар ҳавзаи мазкур  баргузоршуда, иштирокчиён бевосита худ  бунёди ҳамаи усулҳои дар боло номбаршударо амалӣ намуданд.

Дар анҷоми кори машварат  миёни иштирокдорон  саволу ҷавоб сурат гирифт.

Р. Қаландарова