Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ЗӮРОВАРӢ ҶИНОЯТ АСТ

Ҳамасола дар тамоми дунё аз 25 ноябр то 10 декабр чун «16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон»  васеъ қайд карда мешавад. Дар ин рӯзҳо чорабиниҳои зиёде доир мегардад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаро  ба ин масъала бештар ҷалб менамояд.

Чунин як ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи гендерии СММ дар Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар толори филармонияи халқии ноҳия доир гардид. Чорабиниро муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова кушода таъкид намуд, ки давлату ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳалли мушкилоти демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ дар тӯли солҳои истиқлолият, маҷмӯи тадбирҳои имконпазиро андешида, амалӣ мегардонанд, ки онҳо дар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд.  Ва яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад.

Сипас  муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз  дошт, ки  роҳнамои ин сиёсати пешгирифта бобати баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, чун дигар бахшҳои хоҷагии халқи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мақсади асосии чорабинии имрӯза низ , илова намуд З.Давлатзода, таваҷҷуҳ ба масъалаи зӯроварӣ, тағйир додани қолабҳои муносибат ва рафтори номатлуб, хотима бахшидан ба паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон мебошад. Яке аз сабабҳои беҳимоягии занон аз зӯроварӣ дар он аст, ки аҳли ҷомеа ба моҳияти ин проблема ба қадри кофӣ сарфаҳм намеравад. Байни ҷомеа ақидаест, ки зӯроварӣ дар оила ин кори оилавӣ ва шахсист. Чунин ақида боиси он мегардад, ки шахсони зӯроварӣ содиркарда аксар вақт беҷазо мемонанд, худро озод ҳис намуда зӯровариашонро давом медиҳанд.   Зӯроварӣ нисбати занон проблемаест, ки ба бисёр омилҳои дигар дахл мекунад.   Ҳама бояд фаҳманд, ки зӯроварӣ дар оила кори шахсии ҳар як оила нест, балки проблемаи ҷамъиятист. Воқеан, аз 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул шуд, ки мувофиқи он зарбу лат, таҷовуз ба номус, фишороварии равонӣ ва иқтисодӣ дар оила ҷиноят ҳисобида мешавад. Ва ин масъала таҳти назари давлат қарор дорад. Аз ин рӯ ҷомеа набояд, ки нисбати ин масъала бетараф монад, -  хулоса намуд З.Давлатзода.

Корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ Саодат Ватанова доири бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва сабабҳои мубтало гардидан ба ин касалиро васеъ шарҳ дод. Дар хатми  қисмати аввали ин чорабинӣ муовини раиси ноҳия Н.Раҷабова ба меҳмонон барои чунин як суҳбати рӯбарӯю ошкоро изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар қисмати дигари  чорабинӣ ғолибони озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Ҳаёт бидуни зӯроварӣ»   хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҷамъбаст ва ғолибон муайян  гардиданд. Инчунин бо ҳозирини  толор викторина-саволу ҷавоб оид ба мавзӯҳои дар боло қайдшуда доир гардид. Ба ғолибони озмун ва фаъолон  туҳфаҳо супорида шуд.   

  Ҳамчунин ҳунармандони театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи таъсирбахшу тарбиявиеро бо унвони «Ҳуқуқҳои шумо дар дасти шумост»-ро намоиш доданд, ки ба аҳли нишаст писанд омад.

М.ТАҒОЕВА,

хабарнигори «НФ».