ИҶТИМОЪ
ЗАРГАРБОНУ
- Подробности
-
13 Апр 2018
- Опубликовано 13.04.2018 14:25
Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи моро давраи калони бонувоне ҷалб намуд, ки маҳсули ҳунари заргаронро бо шавқ тамошо мекарданд. Духтаракон зиреҳу гӯшвора, ангуштарину дастпона, сарсӯзанию пешсӯзанӣ, қулфи гиребону муҳраю марҷонҳои аз тиллою нуқра ва дигар маснуот тайёршударо ба гӯшу гардану пеши бари якдигарӣ овехта, завқ мебурданд, аксгирию харидорӣ мекарданд. Дар ҳақиқат зебою зебанда буданд маҳсули ҳунари ба намоишгузоштаи заргарон.
Ва рӯзе баъд бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ин намуди ҳунари мардумӣ ба яке аз дӯконҳои заргарӣ, ки ҳунармандонаш он рӯзи наврӯзӣ маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузошта буданд, омадем. Бонувони зиёд, дар қатори онҳо чанд нафар ҷавонон низ, бо навбат аз Бибиҷон Бӯриева, зане, ки чун ҳунарманди хушзавқу хушсалиқа ба наздикӣ бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардида буд, фармоишу иҷрои дархостҳои худро мепурсиданд: «Апаҷон, ба ман зиреҳе диҳед, ки дандонаҳояш хурду хушсохт бошад», «Апаҷон, ана ин дастаи гӯшворамро, ки шикастааст, пайванд кунед», «Тавсия диҳед, ки ба арӯсшавандаам кадом намуди зару зевари қадимаи нуқрагинро ҳадя намоям»… Бибиҷон ба ҳар як дархосту фармоиши мизоҷонаш зару зевари табъи дилашонро бо чеҳраи кушоду пуртабассум пешниҳод менамуд. Чун навбати мо расид, барои андаке вақташонро гирифтан узр пурсида аз кору фаъолияти имрӯзаашон пурсон шудем.
Ӯ пеш аз ҳунари заргарӣ ба гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, чолбандбофӣ, кулчаи калону нони тунукбандӣ ва ғайраҳо машғул мешуд. Баъди оиладор шудан ба ҳунари заргарии бародарони ҳамсараш Давлиёр, Юсуф, Бахтиёр, Сафо, Худоёр машғул буданд, зеҳн монда ҳавас пайдо кард. Аз байни бародарон Юсуф, ки панҷ сол дар фирмаи «Тоҷиккристал»-и шаҳри Душанбе нозукиҳои ин касбро омӯхта буд, барои ҳамаи аҳли хонадон ҳаққи устодӣ доранд. Имрӯз, ки ин ҳунарро хуб омӯхтааст, мегӯяд, ки агар занон бештар ин ҳунарро омӯзанд, беҳтар аст. Зеро аксари мизоҷон – корафтодагони дӯконҳои заргарӣ занҳоянд. Бонуи заргар хубтар мефаҳмад, ки кадом маҳсулоти заргарӣ ба онҳо маъқул меафтад. Духтараш Мадинаҷон низ ин касбро омӯхта заргари нозукхаёлу чирадасте гардидааст. Ҳамсараш Авлиёр ба онҳо ёрдам мекунад. Писараш Муҳаммадҷон, ки дар синфи 9-ум мехонад, мехоҳад ба коллеҷи ҳунарҳои мардумии пойтахт дохил шуда намуди дигари ҳунарҳои мардумӣ - кандакориро омӯзад.
Бонуи заргар аз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ беҳад миннатдор аст. Зеро раис барои кушодани дӯкони алоҳидаи заргарӣ онҳоро дастгирӣ намуд. Ин дастгирию ғамхории раис онҳоро хеле рӯҳбаланд намуда имконият дод, ки дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳия бо маҳсули ҳунармандии худ иштирок намоянд. Махсусан иштирок дар фестивали ҷумҳуриявии «Бозори ҳунар», ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар «Боғи Ирам»-и пойтахт барпо гардиду уро соҳиби сертификат ва мукофот гардонд, боиси ифтихори бузурги ин бонуи заргари деҳотӣ гардид.
Воқеан, эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имконият медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ рушд кунад. Мушоҳида менамоем, ки мардум ба ҳунарҳои қадимаи хеш ниёз дорад. Сардори давлат хуб мегӯяд, ки «Ҳунар на танҳо касро мехӯронаду мепӯшонад, балки обрӯ медиҳаду умрашро дароз мекунад».
- Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест, Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест, - гуфтааст Ҷомии бузург. Имрӯз мебинем, ки дар ҳақиқат пеши ин бонуи ҳунарманди хуштолеи даврон ганҷу зар ҳеҷ аст. Бигзор дасти ҳунармандашон ҳеҷ гоҳ дардро набинаду ба даҳҳо бонувони дигар ҳунар омӯзанд.
Дар сурат: Бибиҷон Бӯриева дар коргоҳи заргарӣ.