ИҶТИМОЪ
«АВАНГАРД» ДАР ФАЙЗОБОД
- Подробности
-
13 Апр 2018
- Опубликовано 13.04.2018 14:10
Бо иқдоми муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсияи илмӣ, ки дар толори филармонияи халқии ноҳия доир шуд, баробари фаъолону ҷавонони ноҳия, ҳамчунин беш аз 60 нафар ёварони ҷавони гурӯҳи «Авангард» аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат доштанд. Нахуст меҳмонону иштирокдорони конференсия бо намунаҳои ҳунари сокинони ноҳия, таъомҳои кадбонуҳо ва эъҷози дасти хонандагони муассисаҳои таълимӣ шинос шуданд.
Воқеан ҳам, ҳунармадони файзободӣ дар эҳёи бисёр ҳунарҳои мардумӣ саҳми назаррас доранд.
Раҷабзода Миралӣ, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллӣ дар оғози кори конференсияи илмӣ- назаравиявӣ ба фаъолияти гурӯҳи «Авангард» ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб баҳои баланд дода, сипас аз имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия сухан кард. Бахусус аз боду ҳаво ва иқлими барои сайёҳӣ мувофиқи ноҳия ва обҳои маъданиву мавзеҳои табобатӣ, ҳамчунин аз мавзеҳои фарҳангӣ-таърихӣ, ки ёдгоре аз Вашгирди бостон аст, ҳозиринро ошно сохт.
Абдусаттор Фотеҳзода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади худ оид ба вазъи ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон рақамҳои мушаххас оварда, таъкид намуд, ки аҳли ҷомеа, бахусус худи ҷавонони фаъол, баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб пешоҳанг бошанд.
Баъдан, Абдусаттор Фотеҳзода барои ҳамкории арзанда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони ноҳия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи мероси ниёгон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва риояи тартибу низом ба роҳбарияти ноҳия ва чанд нафар иштирокдорони ҳамоиш «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.
Аз иштирокдорони конфронс Саодат Шехова, Мунаввара Умарҷонова, Миҷгона Саидова суханронӣ намуда, забони ифтихор кушоданд, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷавонии хуррам насиби эшон гардидааст.
Дар қисмати дигари конфронс ҳунармандони ноҳия дар боби ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар саҳначаҳо намоиш доданд.
Ҷавонон аз осорхонаи Файзобод дидан намуда, дар маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдбуди яке аз собиқадорони ВКД, полковники зиндаёд Розиқбек Назрибеков, ки солҳои нобасомониҳои кишвар вазифаи маслъули Сардори ШВКД дар ноҳия ба уҳда дошт ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия яке аз кӯчаҳои маркази ноҳия ба эҳтироми ӯ номгузорӣ шудааст, ширкат намуда, аз намоиши ҳунару Наврӯзи сокинони кӯчаи мазкур ошноӣ пайдо карданд.