Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ДАР ТАВСИФИ НАВРӮЗ

Ҷашни фархундаю хуҷастаи Наврӯз барои мардумони ориёнажод ва, хосса, барои тоҷикон, рамзи бедории табиат, шукуфоию ҷавонии оламу одам аст. Устод Ҷӯрабек Муъмин иди тоҷиконро ин тавр истиқбол мекунад:

Наврӯз ба атри сабзи борон омад,

Бо накҳати мушки навбаҳорон омад.

Меҳмони азизи Тоҷикистони азиз,

Дар чеҳраи нав ба Тоҷикистон омад.

Ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз барои тоҷикон, ба ҳайси ворисони мардуми ориётабор, муждаи фараҳбахш аст. Ин амри хайр ва ормони деринаи ниёгони мо натиҷаи саъю кӯшиш ва талошу заҳматҳои зиёду тӯлонии олимону сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷону Афғонистон, Қирғизистону Туркманистон ва Покистону Туркия мебошад.

Инак, ба сарзамини дилнишину офтобии мо қадами мубораки баҳор боз расид. Баҳоре, ки аз он зиндагӣ рангу бӯи тоза мегирад, табиат бедор мешавад, дарахтҳо муғча баставу гул мекунанд, дар домани кӯҳу дара, аз дашту водӣ, талу теппа, аз пуштаву ёлаҳо сабза дамида, ҳама ҷо саросар сабзу гулпӯш мегардад, табиати афсунгар ба истиқболи Наврӯз мебарояд, Наврӯзе, ки ба дилҳо суруру шодмонӣ бахшида ба ҳар як хонадон файзу эҳсон мебахшад.

Ҳофизи Шерозӣ бо чунин ифода ширинбаёнӣ мекунад:

Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,

Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.

Шоир барафрӯзии боди наврӯзиро ба ин тарз инъикос менамояд:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Баҳору Наврӯз илҳоми шоиронро бедор мекунад. Эҷодкорон аз ҳарвақта бештар қалами эҷод меронанд, дар ситоиши Наврӯз тарона меофаранд. Бесабаб нест, ки рӯзи 21 март – Рӯзи назм эълон шудааст. Якҷоя таҷлил намудани Соли нав ва Рӯзи шеър ба мақсад хеле мувофиқ мебошад. Шеъру мусиқӣ ва зебоӣ ҷузъи муҳими оини наврӯзист. Дар Наврӯз илҳоми устод Ҷ.Муъмин ин тавр замзама кардааст:

Наврӯз ба ҷилвагоҳи ёрон омад,

Бо ҷилваю хандаи шукуфон омад.

Пеши қадамаш чеҳраи дил бикшоед,

Бар мулки шарифи Тоҷикистон омад.