ИҶТИМОЪ
МОДАР ЧУН БАҲОР ХУШРӮЮ ХУШБӮЮ ХУШНАФАС…
- Подробности
-
27 Март 2018
- Опубликовано 27.03.2018 15:31
(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР» )
Моҳи март чеҳраи бонувона дорад – бо нармии ҳавояш, боронҳои сим-сими найсонаш, бо офтоби гарму пурҷилояш… ва хуш аст, ки силсилаидҳои ин моҳи муборак бо «Рӯзи модар» оғоз меёбад. Ва ҳамасола «Рӯзи модар» дар кишварамон, хоса дар диёри мо, бо шукӯҳу ҷалол ҷашн гирифта мешавад. Ба ифтихори ин иди мубораку муқаддас – «Рӯзи модар» дар толори фирлармонияи халқии ноҳия ҷамъомади идона баргузор гардид. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аҳли толорро, ки намояндагони беҳтарин занони диёр буданд ва дар шахси онҳо тамоми бонувонро бо ҷашни «Рӯзи модар» самимона табрику муборакбод намуд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бонувони диёр баробари мардон дар ободонию созандагӣ ҳиссаи сазовори худро мегузоранд. Онҳо бо фарзандони хуштолеашон ифтихор менамоянд. Дар арафаи иди «Рӯзи модар» ба бонуи хушбахту хуштолеъ Шаҳодатхон Нуралиева, сокини деҳаи Даштимарзо, ки соли 2016 чоргоник таваллуд карда буд, хонаи сеҳуҷрагӣ бо тамоми таҷҳизоташ ҳадя карда шуд, ки он беҳтарин рӯйдоду туҳфа барои тамоми модарони диёр гардид.
Модарон чун баҳор хушрӯю хушбӯю хушнафасанд ва бигузор ҳамеша чунин бимонанду сиҳатманду сарбаланд, хонаободу саодатманд бошанд.
Раҷабзода Миралӣ ба як гурӯҳ занони собиқадор ва пешқадамони соҳаҳои гуногун ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳо супорид.
Сипас аҳли ҳунармандони диёр бо дастагули рақсу суруд хотири бонувонро болида гардониданд. Махсусан сурудхонии ҳофизаи хушадо Муслима Қодирова, ки байни мардум бо суруди «Аллаи модар»-аш шуҳратёр аст ва ба табрики модарони диёр омада буд, маҳфили созу наворо таровати хоса бахшид.