Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

СОАТЕ ДАР СУҲБАТИ ҲАФИЗ ҒАФУРОВ

Сабадбофӣ дар қатори дигар ҳунарҳои мардумӣ таърихи тӯлонӣ дошта, на ҳар кас аз уҳдаи иҷрои он   баромада метавонад, агар дилбастагӣ надошта бошад.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз бо яке аз донандагони ин ҳунари воло, сабадбофи чирадаст Ҳафиз Ғафуров, ки маҳсули дасти ӯро дар ноҳия ва берун аз он бахусус, дар   Душанбешаҳр харидорӣ мекунанд, вохӯрда атрофи ин ҳунари мардумӣ   пурсон шудем.

-Эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ» ба мо, ҳунармандон, ба қавле ҷони нав, рӯҳи нав ва неруи нав бахшид. Аз давраи бачагиам ба бофтани сабад дилбастагӣ доштам. Мӯйсафеди Абдулло Зубайдов ва амакам Ғаффор Ғафуров (рӯҳашон шод), сабадбофони машҳур буданд, нозукиҳои ин касбро аз онҳо омӯхтаму бо завқи худ сабад мебофтам. Ҳамдеҳаам Ризо Мирзоев, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қазоқистон курсҳои сабадбофиро хатм кардааст, дар деҳа омӯзиши ҳунари сабадбофиро ташкил кард. Ҳабдаҳ нафар ба курс шомил шуда, бофтани чандин намуди сабадро ёд гирифтем. Имрӯз харидорони сабадҳои ман хеле зиёданд. Махсусан бо фармоиши масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сабад, мизу курсӣ, гулдон, хуму кӯза мебофам.

Чанде пеш ҳангоми таҷлили «Рӯзи модар» дар қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд. Ҳангоми тамошои ин намоиш раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба сабадҳои бофтаи ман баҳои баланд дода фармуд, ки барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои кадбонувон ҳангоми чорабиниҳои идона барои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сабад бофам. Фармоишро ба ҷону дил қабул карда, чи тавре мебинед, якҷоя бо духтаронам Судобаю Дилноза пайи иҷрои супоришем.

Дар ҳақиқат, сабадҳои бофтаи акаи Ҳафиз шоёни таърифанд. Ба ӯ барори кор хостем. Умед бар он дорем, ки ташкили курсҳои сабадбофӣ дар ноҳия ва омӯзонидани ҷавонон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.