Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

РАНГҲОИ ДУРАХШОН

Лаёқату касбу ҳунар инсонро баобрӯву соҳибэҳтиром мекунад. Ин гапи нав нест. Андешаи солхӯрдагону пирони рӯзгор аст. Лек нафаре, ки ҳунару маҳорати сохтан ё офаридани маҳсулоти сирф милливу мардумиро дорад, имрӯз миёни ҷомеа соҳибэҳтиром аст.

Ҷумъагул Муҳиддиноваи дурахшонӣ чевариро давраи мактабхонӣ аз модараш омӯхтааст. Дар аввал танҳо шероздӯзӣ мекард. Баъдтар бо тавсияи модар гулдӯзиву кашидадӯзиро аз бар намуд. Чун дасташ ба сӯзан задан одат карду аз тори риштаҳо гулдастаҳо омода сохт, ба ин пеша меҳраш фузун гардиду пайваста маҳораташро сайқал дод. Имрӯз ӯ ҳам медӯзаду ҳам мебофад. То чанд соли пеш дар манзили зисташ ба ин кор машғул буд. Пайваста бо фармоиши нафарони эҳтиёҷманд гулдӯзиву кашидадӯзӣ, ҷӯроббофию қуроқдӯзӣ мекард. Дастони моҳираш ба мардуми деҳаи Дурахшон бисёр расидааст. Аз нақли занони деҳа шунидем, ки Ҷумъагул қариб ба ҳамаи ҷавондухтарон сару либоси арӯсӣ дӯхтааст. Ӯ на танҳо ба духтарон сару либос дӯхтааст, инчунин дасти онҳоро ба ин кор рост карда, нозукиҳои ин пешаро омӯзонидааст.

Ҷумъагул пас аз хатми курси семоҳаи қолинбофии Маркази рушди калонсолон соли 2008 дар назди Литсейи касбӣ-техникӣ пешаи қолинбофиро низ аз худ намуд. То ба имрӯз беш аз 40 намуди қолинча бофтааст.

Ӯ пайи аз худ намудани нозукиҳои касб назди чандин соҳибҳунар шогирд истод. Бешак, дар ин боб гуфтаи бузургон ба ёд меояд, ки зикраш ба маврид аст:

Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,

Шавад рӯзе, ки худ устод гардад.

Имрӯз ӯ устод аст. Ба хурду бузурги Дурахшон аз дӯхтану бофтан ҳарф мезанаду дасти ногирои эшонро дар омодасозии нақшу нигори қадимаи мардумӣ гиро мекунад.

Хушбахтона, чанде пеш бо дастгирии соҳибкор Мирзомаҳмуд Файзалиев дар маркази деҳа сехи дӯзандагӣ бунёд гардид. Ҷуъмагул дар ин коргоҳ ҳамчун устод фаъолият мекунад.

Воқеан, доштани ҳунару маҳорат касро дар зиндагӣ хор намекунад. Духтараш донишҷӯст. Хароҷоти таълим пурра аз ҳамин ҳисоб аст. Мегӯяд: ҷӯробу чолбанд, давриву гулдӯзӣ ва сару либоси арӯсии тайёркардаашро дар бозорҳои пойтахт фурӯхта, маблағи таҳсили ӯро муҳайё месозам.

Ҷумъагул ният дорад, ки то фарорасии иди байналмилалии Наврӯз қолини зебое тайёр карда, ба намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ пешкаш намояд.