ИҶТИМОЪ
ҲУНАРИ АВЛОДӢ
- Подробности
-
27 Март 2018
- Опубликовано 27.03.2018 15:03
Боиси ифтихор аст, ки тӯли асрҳо дар Файзобод ҳунарҳои мардумӣ аз байн нарафтанд.
Ин ҷо мо дар бораи ҳунари оҳангарии усто Зиёратшоҳ қисса карданием, ки ба маҳсули дастони ӯ мардум эҳтиёҷ дорад. Зиёратшоҳ давомдиҳандаи касби бобои худ усто Аслони машҳур аст, ки солҳои 1935-1948-и қарни гузашта дар устохонаи оҳангарии колхози Обигарм кор мекард. Баъдтар солҳои панҷоҳум дар деҳаи Дубеда устохонаи оҳангарӣ кушода, ҳамроҳи писараш ҳоҷӣ Сайёд ин ҳунарро идома дод.
Зиёратшоҳи наврас назди бобою падари худ шогирд истода ин касбро аз худ намуд. Баъди хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳия, тавре мегӯянд, оташи устохонаи авлодиашро хомӯш шудан намонд. Зиёратшоҳ оҳангарӣ, ин ҳунари заҳматталабро ба фарзандонаш Зинатшоҳ ва Ғафуршоҳ ёд додааст. Падару писарҳо барои мардум корду табар, тешаю гулмех, белу каланд, кафгиру наъли асп ва дигар намуд асбобҳои оҳанӣ тайёр мекунанд.
Зиёратшоҳ ба замми устои оҳангар буданаш, раисии маҳаллаи Дубедаи -1 ва вакили ҷамоатро низ ба уҳда дорад. Маҳз бо роҳбарии ӯ ва ғайрати ҳамдеҳагонаш аз Чашмаи Пири Хол, ки то деҳа масофаи 7 км дурӣ дошт, оби нӯшокӣ овард. Бо роҳбарии ӯ дар шоҳроҳи Душанбе –Роғун, ки аз канори деҳаи Дубеда мегузарад, симчӯбҳои барқӣ шинонда шуд, ки шабонгоҳ роҳро то дуриҳо равшанӣ медиҳад.
Маҳсули кори Зиёратшоҳ дар намоишҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ мақбули тамошобинон аст.
Имрӯз яке аз гӯшаҳои осорхонаи ноҳияро маҳсули ҳунари оҳангарии ӯ зеб медиҳад.
Ногуфта намонад, ки модари бузургвори Зиёратшоҳ холаи Лайлӣ, ки ба синни 87 расидааст, ҳамеша дуогӯи фарзандону ҳамдеҳагон аст.
Мо низ ба усто Зиёратшоҳи оҳангар ва раису вакили деҳа барор мехоҳем.