Пт11222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ХОЛНОМАИ 700 БОНУИ ФАЙЗОБОД

КИТОБИ МУНАВВАРА ТАҒОЕВА  «БОНУВОНИ ФАЙЗОБОД» АЗ ЧОП БАРОМАД

Бонуи тоҷик чун зани боназокат, меҳрубону оилапарвар ва меҳнатдӯст на танҳо дар кишвар, балки берун аз он эътироф гардидааст. Тайи солҳои фаъолияти эҷодӣ дар маҷаллаи «Фирӯза» бароям муяссар шуда, ки ба тамоми гӯшаву канори сарзаминамон сафар карда, бо садҳо нафар занону духтарон, комёбиҳою андеша, дунёи зебову рангин ва ботаровати онҳо, ки рисолати иҷтимоии хешро аксар хуб дарк намудаанд, ошно бишавам.

Аз ҷумла ба Файзобод – ноҳияи хушманзараву мардумаш сарбаланд –низ борҳо рафта, бо ҳаёти пурсамари бонувони ин мавзеи шарафманд шинос ҳастам ва дилбастагӣ дорам.

Ва хушо, ки зани солеҳа, рӯзноманигори соҳибқалам ва ҳамсабақи мо Мунаввара Тағоева, ки якумр баҳри ташаккули ҷаҳони маънавии ҳамдиёрони хеш, камолоти рӯҳонии бонувон талош варзида, ба муваффақиятҳои намоён ноил гардидааст, китоб – донишномаро бо номи «Бонувони Файзобод», ба ифтихори занони ноҳияи Файзобод таҳия кардааст, ки чанде  пеш дастраси  хонандагон гардид.  Китоб зиндагиномаи 710 нафар  занони комгору саодатмандест, ки ҳастиашонро баҳри рушди ҷомеа, солиму солеҳ ба воя расонидани фарзандон ва пешрафти соҳаҳои маорифу фарҳангу тандурустӣ ва иқтисодиёту иҷтимоиёт бедареғ бахшидаанд. Бешубҳа, рӯзгори эшон барои наслҳои ҷавони имрӯзу оянда намунаи ибрат, дарси муҳаббат, хештаншиносӣ, садоқат бар Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ҳис карда мешавад, ки муаллиф ба модари азиз, ба бонувони муъҷизаофар эҳтирому эҳтимоми беандоза дорад. Меҳру ихлоси ӯ дар баёни сатрҳо ифода гардидааст.

Зулфия Атоӣ,

Шоири халқии Тоҷикистон.