ИФТИХОР
ДАВЛАТИ БУЗУРГИ ТОҶИКОН
- Подробности
- Опубликовано 22.12.2014 10:46
- Автор: Super User
Ҳар иқдоме, ки бӯйи нек дорад, касро ба мақсад мерсонад. Инро дар мисоли иқдомҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидан метавон. Ҷавонмардӣ, кӯшишҳо баҳри нуфузи миллат, ростқавлӣ, бахшояндагӣ, хоксорӣ, далерию ҷонфидоии ӯ барои Ватану миллат дар ҳар қадам мушоҳида мешаваду ба чашм намоён мегардад.
Бояд бигӯям, ки маҳз Истиқлоли Тоҷикистон ва талошҳои хирадмандонаи сарварамон моро ба сарбаландиҳо расонд. Беҳтарин неъмати Истиқлолият сулҳу ваҳдат мебошад.
Тоҷикистони ҷавон дар як муддати кӯтоҳ ба таваҷҷуҳи оламиён ноил гардид. Музаффариятҳои пай дар пайи кишвар қудрати моро дар арсаи байналхалқӣ намоиш медиҳад. Ҷаноби Олӣ кӯшиш мекунад, ки тамоми сокинони Тоҷикистон дар ҳимояи давлату ҳукумат хушҳолона зиндагӣ ба сар баранд. Бо чунин мақсад дар вохӯрӣ ва Паёмҳои ҳарсолааш ба табақаҳои ниёзманд кӯмак расонданро таъкид мекунад. Дастури Сарвари давлат дар маҳал дастгирӣ меёбад. Мисоли равшанаш иқдомҳои раиси ноҳияи Файзобод Эмомназар Каримиён мебошад. Ӯ ба соҳибкорону саховатмандон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Ман шахсан мувофиқам, ки аз ҳисоби ҳоҷиёни соли 2014 ба камбизоатон ёрӣ мерасаду ягон гӯшаи ноҳия рӯйи ободӣ мебинад. Мебинем, ки дар якчанд деҳаҳо бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу синфхонаҳо таъмир карда ё хати оби нӯшокӣ меоранд. Даҳҳо мушкили дигари сокинони ноҳия осон мегардад.
Салоҳияти Ҷаноби Олӣ дар Созмони Миллали Мутаҳид ба ҳайси раиси маҷлис нуфӯзи халқи тоҷикро баланд бардошт. Халқи олам дарк намуд, ки тоҷикон як миллати меҳмондӯст ва бофарҳанг боқӣ мондаанд. Пешниҳодҳои Сарвари Тоҷикистон ҳамеша қабули ҷомеаи ҷаҳон мешавад. Пешниҳоди Оби тоза, муқобилият ба терроризм ва маводи мухадир ва ғайра.
Ман як нафақахӯри одӣ мебошам. Синам наздики 70 аст. Маълумоти кофӣ надорам, аммо дарк мекунам, ки ҳамаи ин пешравиҳо ризои Худо ва ташаббуси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ман аз уҳдаи инъикоси ҳамаи заҳматҳои Сарвари давлат намебароям. Фақат ҳаминро мегӯям, ки оромию тинҷӣ ва беҳарос шабу рӯз гаштанамон давлати бузурги тоҷикон аст.
Сарвари мо ба гуфтаи ниёгон ва Қуръони карим пайравӣ намуда, мардумро таъкид менамояд, ки фарҳанги меросӣ ва тоҷики номдор будани худро аз мади назар дур накунанд. Худо метавонист ҳамаи моро мусулмон ё ғайримусулмон гардонад, лекин барои имтиҳон моро гуногунзабону гуногунмазҳаб офарид. Ӯ рафторҳои моро, ҳамаи хислатҳои моро дар мизони санҷиш бар мекашад.
Сафари кории Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ва шаҳри Ваҳдат дар рӯзҳои пеш аз ҷашнгирии 9 сентябр нишонаҳои озодию истиқлолиятро ба мо бори дигар ёдрас менамояд.
ФАЙЗИ РАҲМОН
Чу истиқлол моро сарвари боэътимор омад,
Ба хоки файзбори мулки мо аз нав баҳор омад.
Чӣ бахти тоза хандон шуд ба рӯйи миллати тоҷик,
Нигини рафта бар дасти Сулаймони савор омад.
Ҳаросон монда буд ин мулк, як марди сипаҳсолор,
Зи лутфи Холиқи Яздон марди шоҳкор омад.
Бақои миллату давлат зи файзи номи Раҳмон аст,
Барои миллати тоҷик чунин марди баор омад.
Аз ин бахти худододӣ тамоми тоҷикон шоданд,
Барои бепарасторон парастори Кибор омад.
Хирадмандона рафтораш, ҳалиму хоксор аст ў,
Чу Нушервони одил баҳри миллат бахтёр омад.
Сари таъзим фуруд меоварад Ҳоҷӣ Шароф аз он-
Ҷавонмарде ба амри дил бар ин корзор омад.
Ҳоҷӣ Шарофи АКОБИР, деҳаи Заркамар.