ИФТИХОР
ЁДҲО АЗ ҲИКМАТИ ГӮРҒУЛИСАРО
- Подробности
- Опубликовано 27.11.2014 21:46
- Автор: Super User
Тоҷикистон бо шахсиятҳои маъруфу шинохтаи хеш дар арсаи ҷаҳон мефахрад. Ҳикмат Ризо дар гӯрғулихонӣ ҳамто надошт. Бесабаб ҳам набуд, ки олимони ғарб ӯро “Гомери асри 20” номиданд. Гӯрғулии бобои Ҳикмат мардумро ба ваҳдат, меҳру муҳаббат, қаҳрамонӣ, созандагӣ, ишқи пок, ахлоқи ҳамида ва ростгӯиву росқавлӣ роҳандозӣ мекард. Ҳаводорони гӯрғулӣ боборо ҳамчун як марди заминию хоксор дӯст медоштанд.
Дар хотир дорам, хонандаи мактаби миёна будам. Бобои Ҳикмат бо адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ ва чанд нафари дигар меҳмони хонандагони мактаби мо шуданд. Бобо қатори дигарон сухан кард. Ин напҳояш дар ёдам мондаанд: - “Фарзандони азизам, шумо дар замони тинҷу осуда зиндагӣ мекунед. Шумо хонед, илм омӯзед. Илму дониш инсониятро аз ҷаҳолат, нодонию торикиҳо мебарорад. Одами бесавод мисли шахси роҳгумзада аст”.
Баъди вохӯрӣ бо хонандагон меҳмононро ба хонаи директори мактаб Ҳомид Ҷомиев бурданд.
Деҳоти Дараигӯсфандак мисли ҳозира зебою озода набуд. Хонаи одии похсагин ва бомпушашон хокӣ буд. Бобои Ҳикмат баъди намози асрашро хатм кардан думбураашро гирифта гуфт: - “Даст ба кору дил ба ёр” ва табассуми латифе карда афзуд: “Гоҳ Худою расул, гоҳ нағмаю усул”- гӯён думбураашро ба ҷур оварда ба хондан шуруъ кард. Он вақтҳо на баландгӯяк буду на асбоби барқӣ, вале садои фораму дилнишини бобо атрофро пахш мекард.
Мардуми деҳаи Дараигӯсфандак ва гирду атрофи он меҳмонии бобои Ҳикматро фаҳмида гӯрғулишунавӣ омада буданд. Дар долону саҳни хона дигар ҷойи нишастан намонд. Шаб аз ним гузашта буд, аммо суруди бобо балзагӯиву ширингуфториаш анҷом намеёфт.
Бобои Ҳикматро бори дигар назди хонаи радиои шаҳри Душанбе дидам. Ӯро барои сабти овозаш даъват карда буданд. Дар тан ҷомаи хокистарранг, дар сар салаи кабуди офтоббурда, дар пояш калучу маҳсӣ ва дар миёнаш локӣ дошт. Ману бародарам Ҳомид Ҷомиев директори мактаби Дараигӯсфандак, ки барои сабти сурудаш омада буд, бо Маҳкам Ҳоҷиқулов ва як марди дигар бо насаби Раҳимов боборо вохӯрию аҳволпурсӣ кардем. Маҳкам Ҳоҷиқулов ба бобо рӯ оварда гуфт:
- Падар, ҷойи сабти овоз хело гарм аст, бо ин ҷомаат чӣ гуна тоқат мекунед?
- Парво накунед, писарам ман-ку тоқат мекунам, вале тоқати шумо дар гумон аст. Шумо, шаҳриҳо фоидаи ҷомаро намедонед. Ҷома дар
зимистон гармӣ медиҳаду дар тобистон хунукӣ. Ин ба сифати халаделник аст.
Донишҷӯи курси сеюми донишгоҳи омӯзгорӣ будаму дар хонае иҷорашин. Дар ҳамсоягии бобои Ғулом, Достӣ, Назр зиндагӣ мекардам. Номбурдаҳо аз мардуми Сарихосори Кӯлоб буданд. Бо бобои Ҳикмат Ризо ихлоси хасое доштанд. Қариб дар ҳамаи тӯю маъракаҳояшон боборо даъват мекарданд
Охирон маротиба бо бобои Ҳикмат дар ҷашни 80-солагиаш, ки дар клуби Бобоивалӣ доир гардид, дидор дидам. Дувоздаҳ нафар хонандаро аз қисматҳои достони “Гӯрғулӣ” омода карда будем. Бобои Ҳикмат аз шеърхонии толибилмон хеле хушҳол шуд. Ногуфта намонад, ки дар ҷашни бобои Ҳикмат Муъмин Қаноат, Боқӣ Раҳимзода, Гулрухсор, Басир Расо, роҳбари ноҳия Мирзохӯҷа Шоев (рӯҳаш шод бод) иштирок доштанд.
Мардони бузург, хоса онҳое, ки ба эҷод сару кор гирифтаанду ба халқ холисона хизмат кардаанд, аз ёдҳо намераванд, балки дар дилҳо мустаҳкамтар ҷой мегиранд.
Қ.ҶОМӢ.