ИФТИХОР
БУЛБУЛСАРОИ ДОСТОНИ ҚАҲРАМОНӢ
- Подробности
- Опубликовано 27.11.2014 21:45
- Автор: Super User
Куҷо Ҳикмат Ризо нохун тарошид,
Худи тори дутораш мехарошид,
Худи тори дутораш суфта мекард,
Худи тори дутораш метарошид.
Бозор СОБИР
Ҳикмат Ризо достонсарои машҳур ва шоири шинохтаи мардумӣ дар бадали 40-50 соли даврони шӯравии Тоҷикистон дар ҳаёти фарҳангии кишвар нақши бориз дошт. Ҳунари гӯрғулисароии ӯ дар Тоҷикистон ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Эрону Авғонистон эътироф гардидааст. Достону манзума ва шеъру сурудҳои ӯ вирди забони мухлисон, вориди китобҳо, сабти қартаҳои овоз шуданд. Ҳикмат Ризо дар ҳамаи озмунҳои ҷумҳуриявии гӯрғулисароён ҳамеша дастболо шуда шуҳрати гӯяндагиаш меафзуд. Бояд бигӯем, ки мардуми тоҷик достонҳои “Гӯрғулӣ”-ро тавассути радио ва телевизион бори нахуст дар иҷрои ӯ шуниданд.
Ҳикмат Ризо, ин ҳунарманди хушсалиқа соли 1894 дар деҳаи Ёнахши ноҳияи Обигарм ба дунё омада он ҷо ба воя расид. Дар наврасию ҷавонӣ деҳқонӣ кард, сардори бригада ва мудири фермаи колхоз буд. Ӯ аз 15-солагӣ ба даст дутор гирифту ба сурудхонӣ ва фалаксароӣ сар кард. Дар 22-солагӣ мустақилона гӯрғулӣ мехонд. Дар ҳунари ҳофизӣ устоди аввалини ӯ бародари калониаш Зиё Ризо буд. Баъдан давоми 40 сол аз Наврӯз Ҷомаҳмадов гӯрғулӣ омӯхт. Устоду дастгири дигари ӯ Хол Мусофир аст. Ҳикмат Ризо мегуфт: “50 ҳазор байтро дар дили ман Наврӯз андохт”. Баътар ин адад ба 126 ҳазор мисраъ расид. Яъне Ҳикмат Ризо бо истеъдоди худододи худ ба эпоси “Гӯрғулӣ” аз худ иловаҳо даровард. Олимони фолклор эътироф кардаанд, ки гӯрғулии Ҳикмат Ризо ба 150 ҳазор мисраъ мерасид.
Ҳикмат Ризо бо ҳунари ҳофизӣ, бо истеъдоди баланди гӯрғулисароӣ тӯю маъракаҳоро гарм мегирифт, дар дили мардум орзуи фардои дурахшонро ҷо мекард, ғаму дарди зиндагии онҳоро сабук мегардонд. Солҳои 40-ум (асри пешин), ҳини дар сохтмони роҳи калони Душанбе-Хоруғ кор карданаш, дар васфи роҳсозон суруд мехонд, пораҳои эпоси “Гӯрғулӣ”-ро зам-зама мекард.
Овозаи сарояндагии Ҳикмат Ризо ба аҳли илму адаб ва ҳунари Тоҷикистон расид. Ва бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ва олими намоёни соҳаи филология Абдулғанӣ Мирзоев соли 1948 ба шаҳри Душанбе омад. Ҳамон вақт аз забони ӯ 35 достони “Гӯрғулӣ” (иборат аз 100 ҳазор сатр) сабт гардид. Ин ганҷи бебаҳо дар хазинаи фолклории Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон маҳфуз аст. Ҳикмат Ризо ба ғайр аз достони “Гӯрғулӣ” дар ҳаҷми 25 ҷузъи чопӣ афсонаю ривоят ва ёддошту хотираҳои сабткарда дорад. Соли 1965 гӯрғулии Ҳикмат Ризо дар 4 қартаи калонҳаҷм сабт карда 4 бор ба нашр расид.
Зиндагии Ҳикмат Ризо ба ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ пайвасту пайванд буд. Ӯ иштирокчии Даҳаи санъат ва адабиёти тоҷик дар Москва (с.1949) ва Симпозиуми шарқшиносони ҷаҳон дар шаҳри Москва (с.1960) мебошад.
Ҳикмат Ризо эпосҳои қаҳрамонии халқи тоҷикро дар асри 20 устувор гардонд ва бо ин хидматаш, ба замми дар дили халқ ҷо гирифтан, ба унвонҳои Ҳофизи халқии Тоҷикистон, “Шоири халқ” ва “Ҳомери асри 20” шуҳрат ёфт.
Риштаи умри Ҳикмат Ризо зимистони 3 феврали соли 1990 дар синни 96-солагӣ дар маҳаллаи Буни Ҳисораки шаҳри Душанбе канда шуд. 17 ноябри соли 1990 ба хотири гиромидошти номи ӯ дар деҳаи Мискинобод нимпайкараи ӯро гузоштанд, ки дар рӯзи кушода шуданаш ҳазорҳо нафар мухлисони ӯ ҷамъ омада буданд.
Бандаи камтарин ба “Гӯрғулӣ” дар 12-солагӣ ошно будам, ба ин далел, ки Ҳикмат Ризои ҳамон вақт 65-сола дар деҳаи Ҷойникудӣ (Чилчашмаи ҳозира) дар хонаи Холи магазинчӣ (Хол Нуров) шабе ҳофизӣ кард. Бо ду чашми сар дидам, ки мӯйсафедон ҳангоми гӯрғулихонии ӯ яке даст таги манаҳ ниҳода, яке лӯлаболишт зери бағал, яке сари хам оби чашм резонда бо тамоми ҳастӣ ҳофизро гӯш мекарданд. Мани наврасро ҳамон вақт қаҳрамонии Гӯрғулӣ Аваз, Нуралию Шуралӣ не, зеро ба фаҳми он намерасидам, балки садои марғуладори ҳофиз мафтуну ҳайратӣ карда буд: садои Ҳикмат Ризо ғайримуқаррарӣ, бо фишордиҳии гулӯ ғулғулазанон берун меҷаст, шира дошт, равғанӣ мебаромад. Он вақтҳо баландгӯяк гуфтанӣ асбоб ҳануз вуҷуд надошт.
Соли 1967 ҳини дар курси сеюми факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленини шаҳри Душанбе, имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонданам дотсенти кафедраи адабиёт Собира Аминова барои навиштани кори курсӣ мавзӯи “Санъатҳои бадеӣ дар эпоси “Гӯруғлӣ”-ро ба ман дод. Зарур буд, ки китоби “Гӯруғлӣ”-ро саросар мутолиа намоям. “Гӯрғулӣ” тасвирот ва ифодаҳои ҷолиб дорад. Хусусан санъати ташбеҳу истиора, тавсифу сифатчинӣ хеле фаровон истифода мешаванд. Чанд сатер барои мисол:
Монанди тандури навбаҳор
Садои тавла кадак ҳаводор
Ай садои тавли Нуралихон
Шеро банд шид, хирсо гурезон,
Говмоҳӣ дар тайи баҳри калон
Дар шинокунӣ зад он замон,
Инчунин хабар гардид Ормон
Хавар ёфт ай мурдай қалавур,
Ин ғул-ғула дар шаҳр шидак пур.
Золим хамондак фавҷи навкар
Бар зидди ин бачаи кокулзар.
Ай навкар хамбонд то бист ҳазор,
Ҳар як ката-ката, сар манор,
Ҳар як қашқафил даҳан чу ғор.
Санъати ташбеҳу тавсиф хоса дар тасвири ҷамоли хубрӯён ва ҳангоми зӯроварии паҳлавонон мавқеи хоса медиҳад. Санъатҳои дигари бадеӣ-таззод (ба ҳам муқобил гузоштан), лаффу нашр (ғун кардану паҳн намудан), тақсим, тааҷҷуб, нидо, киноя, таъриз (аз хубӣ баҳс карда, бадиро ифода намудан, ё баракс), талмеҳ (шира додани сухан) низ “Гӯрғулӣ”-ро зебу фар медиҳанд. Албатта, истифодаи санъатҳои бадеӣ ва ба гӯшу дили шунаванда расондани онҳо ба маҳорати ҳофиз вобаста аст. Ҳар қадар санъати гуфтор таъмин бошад, ҳамон андоза ба гӯши шунаванда малеҳу гуворо мерасад. Ҳикмат Ризо ба таври раднопазир ин маҳоратро дошт. Далелаш, чӣ тавре дар боло ишора кардем, дар ҳамаи озмунҳои гӯрғулихонӣ ҷойи аввалро ишғол кардани ӯст. Аз ҷониби санъатшиносони франсавӣ ба баҳои “Гомери асри 20” ноил шудани Ҳикмат Ризо ба сабаби азбаркунии як достони мукаммал ва услуби хоси иҷрокунандагии ҳофиз аст.
Чӣ пинҳон кунем: ки хондани китоби “Гӯрғулӣ” онқадар кайфияте набахшад, ки аз гӯрғулихон мешунидӣ, хоса аз Ҳикмат Ризо. Ҷойи инкор нест, ки ин достонро асосан гӯяндагонаш машҳур гардиданд. Гӯрғулӣ қолаби муайяни шеърӣ надорад. Онро ҳини мутолиа асосан қофия зеб медиҳад. Танҳо ҳофизи моҳир ба мисли Ҳикмат Ризо ба гӯрғулӣ тавассути садои марғуладор ва тарзи баёни мутаассир ҳангоми васфи қаҳрамонҳои мусбат ва мазаммати қаҳрамонони манфии асар шира мебахшанд. Ҳикмат Ризо ҳамчун устоди гӯрғулӣ бо маҳорати худ аз дигар ҳофизон фарқ мекард.
Достони гӯрғулӣ асари реалистӣ буда муборизаи халқи заҳматкашро барои бахту иқболи хеш, зиндагии осудаи бехушунат тараннум намояд. Қаҳрамонони достон Гӯрғулӣ, Аваз, Нуралӣ, Шералӣ, Ҳасан, Шодмон, Ширмоҳ муборизони адолати иҷтимоӣ, муҳофизони ҷоннисори ватани хеш, яъне Чамбули Мастон мебошанд. Ин образҳо дар заминаи симоҳои қаҳрамонони “Шоҳнома” Ҷамшед, Кова, Бежану Манижа, Рустаму Суҳроб, Сиёҳвуш, Гурдофарид ба вуҷуд омадаанд. Тавре ки Фирдавсии Тусӣ дар симои қаҳрамонони худ сифатҳои ҳақиқии инсонӣ: башардӯстӣ, шуҷоату далерӣ, ватанхоҳиву ҳисиёти гирои халқпарвариро инъикос мекунад, эпоси “Гӯрғулӣ” (дар тавсифи мо – Ҳикмат Ризо) низ ин гуна омилҳои инсониро офаридааст. Ҳикмат Ризо қаҳрамонони худро ҳини муборизаҳои шадиди ҳифзи марзу буми Чамбул аҳён-аҳён “руҳафтода” мекунад, боқӣ, дар аксар маврид онҳо, хусусан Гӯрғулӣ, Аваз ва Ҳасан мардони далер, зираку тавоноянд. Дар гӯиши Ҳикмат Риҳо ин қаҳрамонон шикастнопазиранду то лаҳзаҳои охирин мубориз ва сарбаланд тасвир меёбанд. Аз бобои Ҳикмат шунида будам: “Авазу Нуралии Кокулзарро, ки куштӣ, аз гӯрғулӣ чизе намемонад”. Ва меафзуд: “Хубаш, дигар гӯрғулӣ нахон...”
Ҷӯрабек МУЪМИН.