Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ПОДОШИ ХИЗМАТИ ПУРСАМАР

Дар анҷоми маҷлиси назди раиси ноҳия, ки  рӯзи душанбе доир шуд, барои фаъолияти пурсамар дар хизмати давлатӣ раиси ноҳия Каримиён Имомназар  ба роҳбари дастгоҳи раиси  ноҳия Сафарбек Нурзода ва сармутахассиси бахши   иқтисод ва савдои мақомоти иҷроия  Фатҳулло  Раҷабов Сипосномаи раиси ноҳия ва бо нишони қадрдонӣ аз номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси ноҳия Каримиён Имомназар зимни суханронӣ қайд намуд,ки фаъолияти  босамар дар  сохторҳои хизмати давлатӣ  барои ҳар шахс ифтихори калон аст.  Зеро заҳматҳои шабонарӯзӣ,  дониши баланду  муносибати ҷиддӣ ба кор асоси фаъолияти хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад.    С. Нурзода ва Ф. Раҷабов давоми фаъолияти кориашон дорои чунин  сифатҳо буданд.
Бояд қайд кард, ки С. Нурзодаро бинобар  вазъи саломатӣ  бо хоҳиши  худ ва Ф. Раҷабовро   бо сабаби  ба синни нафақа  расидан   аз вазифаҳои ишғолкардаашон ба бознишастан гуселониданд.
Дар навбати худ С. Нурзода  ва ҳам Ф. Раҷабов зимни баромадашон миннатдории хешро барои чунин  қадрдонӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  баён доштанд.


         «НФ».