Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

СОҲИБИ ДУ СИТОРА

Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи орденҳои дараҷаи 1 ва 2-и ҶБВ Теша Раҷабовро хеле хуб мешинохтаму аз корномаҳои даврони ҷангияш дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» ва рӯзномаҳои марказӣ мақолаҳо навишта будам.

Акаи Теша пас аз анҷоми ҷанг солҳои тӯлонӣ ҳисобчии совхози «Файзобод» буду аз ҳамин хоҷагӣ ба нафақа рафт. Инсони хоксору дидадаро буд. Ҳамеша меҳмони маҳфилҳои хонандагони мактаби деҳа буд, ки баргузории чунин вохӯриҳо бо мактабиён дар даврони шӯравӣ расм шуда буд. Бобои Теша аз корномаҳои ҷангии хеш ва чи тавр сазовори ордену   медалҳои ҷангӣ шуданашро ба бачаҳо нақл мекард. Умуман ӯ гули сари сабади хонандагону аҳли деҳаи Чаноро буд.

Ана дар ҳамин хонадон Давлатшоҳ ба дунё омада, дарси шуҷоату мардонагиро аз падар омӯхтаву дар руҳияи меҳанпарастӣ ба камол расидааст. Ӯ бо амри дилу виҷдон ва бо дарки ҷавонмардӣ пас аз хатми мактаби миёна соли 1988 хизматро дар ҳайати ротаи разветкавии двизияи 70-ум Қувваҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон   оғоз кард.

Ротаи онҳо таҳти фармондеҳии командири шуҷоъ Рибков Михаил Александрович баҳри несту нобуд кардани душманони хоки Афғонистон корнамоии бемислу монанд нишон медоданд. Давлатшоҳ Раҷабов хотираҳои мудҳиши ҷангро дар сарзамини Афғонистон ба ёд овардаву ёди рафиқони шаҳиди худро мекунад…

ҶАБҲАИ АВВАЛ. СИТОРАИ ЯКУМ.

Моҳи майи соли 1988. Командирамон М.А. Рибков ҳайати дувоздаҳнафараи моро, ки ҳар доим ба мушкилиҳои пешомада сафарбар мекард, назди худ даъват кард. Мувофиқи хабаре, ки аз двизия дастрас шудааст, аз ҷониби Покистон барои таъмини душманон бо яроқу аслиҳаи ҷангӣ корвони бо яроқ ба хоки Афғонистон бояд гузаронида шавад. Мебояд пеши роҳи онҳо гирифт, то яроқ ба ҳудуди Афғонистон ворид нашавад. Барои иҷрои супориши мазкур дар лаҳзаҳои зарурат аз чархболҳои ҷангии қисм низ иҷозати истифода шуд. Бригадаи мо пайи иҷрои супориш дар деҳаи Мӯсоқалъа ҷой гирифт. Қарибиҳои соати чори бегоҳ чор тан аз душманон, ки вазифаи разветкаро иҷро мекарданд, дастгир шуданд. Ҳангоми пурсиш иқрор карданд, ки ҳайати асосии бо яроқу аслиҳа соате пас омада мерасанд. Мо ҳамагон ба ҷанг омодагӣ гирифтем. Мувофиқи иттилоъи разветкаи душман дар соати муқаррарӣ онҳо омада расиданд. Бо супориши командир онҳоро мо бо оташ пешвоз гирифтем. Ду тараф ҷанги вазнине ба вуқӯъ пайваст. Душман ба талафоти зиёд нигоҳ накарда, мавқеи худро аз даст додан намехост. Алоқаи телефонии мо ба штаб канда шуд. Командири взвод Павел Кузнетсов, ки ман вазифаи ёрдамчии ӯро дар иҷро мекардам,   супориш дод, ки мавқеи ҷангиро тарк карда, бо чӣ роҳе набошад, штабро огоҳ бояд кард, то ба мо кӯмак расонанд.

Чор соат гаваккашон бо азоби алиме ба шатаб расидам ва вазъро   шарҳ дода, кӯмак талабидам. Бо ёрии чархболҳо кӯмак сари вақт расида, душман зери борони тиру тӯп қарор гирифт. Душманон бо талафоти зиёди ҷонӣ ақибнишинӣ карда дар хоки Покистон паноҳ бурданд.

Бо пешниҳоди командирамон барои корнамоӣ ва сари вақт огоҳ кардани штаб маро бо ордени «Ситораи сурх» қадрдонӣ карданд.

СИТОРАИ ДУЮМ ПАС АЗ 14 СОЛ.

Аввалҳои моҳи августи соли 1988 буд. Командирони двизия аз рӯи вазъияти ба амаломада штаби двизияро аз шаҳри Қандаҳор ба шаҳри Шиндов кӯчониданд. Ҳайати сивучорнафараи мо бо чор мошини ҷангӣ (БМП) кормандони штабро роҳбаладӣ мекардем. Ман, ки вазифаи ҷонишини командири отделенияро иҷро мекардам, дар мошини аввал ҷой гирифтам. Дар майдони сиёҳ душман ба мо ба ҷанг пайваст.

Майдони сиёҳ роҳи байни Қандаҳор ва Шиғновро ном мебурданд. Зеро дар ду тарафи роҳ садҳо мошинҳои ҷангӣ сӯхтаю валангор мехобид. Ҷанги мо бо душман тахминан аз се соат зиёд давом кард. Душмани ба ҳуҷумгузаштаро мо мардона зада қафо мегардонидем. Талафоти душман бениҳоят калон буд. Дар ин ҷанги нобаробар аз тарафи мо низ захмиён зиёд буданд. Ҳолатҳои ҷангро бо воситаи алоқа ба штаб расонида супориш гирифтем, ки ярадоронро аз майдони ҷанг берун барорем. Баъди иҷрои супориш дубора боз ба мавқеи пешина баргаштем. Душман ҳарчанд мекӯшид мавқеи моро ба даст биёрад, вале ба онҳо муяссар намегашт. Қарибиҳои соатҳои ҳашти бегоҳ баногоҳ мошини ҷангии мо аланга гирифт. Ронанда, ки Сергей ном дошт, захми вазнин бардошта буд. Рафиқамонро бо мушкилии зиёде аз мошин бароварда ба ҷои бехафв кашидем. Ба ногоҳ чашмам сиёҳӣ заду ба замин афтодам.

Баъди ҳашт рӯзи беҳушӣ дар беморхонаи Кобул ба худ омадам. Баъди чанд рӯзи табобат ману дигар рафиқони ярадорамро аз Кобул ба беморхонаи ҳарбии шаҳри Москва интиқол доданд. Баъди як моҳи табобат маро бо сабаби беморӣ ҷавоб доданд.

Ин корнамоӣ дар он ҷанги нобаробар бо Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР ва «Ситора сурх»-и дуввум қадрдонӣ карда шуд. Аммо мукофоти мазкурро пас аз 14 сол , соли 2002 дар рӯзи иди Наврӯз ба ман супориданд, ки дар хотираам сахт нақш бастааст…

Инчунин   Давлатшоҳ барои хизматҳояш дар хоки Афғонистон ба медалҳои «Барои шуҷоат», «Аз халқи сипосгузори афғон», «50-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945», «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ба иштирокчии ҷанги Афғонистон», медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

НАМУНАИ ДЕҲА

Давлатшоҳ Раҷабов баъди анҷоми хизмати аскарӣ, соли 1989 ба техникуми сохтмон, ҳозира Коллеҷи сохтмонии шаҳри Душанбе дохил шуда, онро бо муваффақият хатм намуд. Чандин сол дар НБО Роғун ба ҳайси сарусто ва баъдтар дар муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои рақами 41 ва 57-и ноҳия ба ҳайси муҳандис дар таъмиру нигоҳдории роҳҳо ҳиссагузорӣ кардааст.

-Давлатшоҳ Раҷабов дар тарбияву донишандӯзии фарзандон низ комёб аст. Писари калонии ӯ Қурбоналӣ Донишгоҳи политехникӣ, Акбаршоҳу Қаноатшоҳ Донишгоҳи аграриии Тоҷикистонро хатм кардаву имрӯз баҳри ободии ватан кор мекунанд. Оилаи Давлатшоҳ дар деҳаи Чаноро оилаи намунавӣ буда, бо рафтору гуфтор, ҳамсоядориву қишлоқдорӣ сазовори таҳсину офаринанд, - мегӯяд раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Чаноро Ҳафиз Ғуломов.

Корнамоиҳои Давлатшоҳ ва дигар ҷанговарони байналмилал, ки аз ноҳия 130 нафаранд ва бо даъвати Ватан барои муҳофизати сарзамини дӯсту ҳамсоя Афғонистон сафарбар шуда буданду аксарашон бо ордену медалҳо сарфароз гаштаанд, имрӯз низ дар тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстию ватандорӣ саҳм мегиранд. Месазад қиссаҳои ҷангии эшонро, ки тимсоли ҷавонмардиву ватандорист барои имрӯзиён рӯи сафҳа овард.

Тиллои СОҲИБНАЗАР,

Аълочии матбуот, маориф ва фарҳанги ҶТ.