Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ШОИРИ ВАФОДОРИ ВАТАН

Устод Бозор Собир 1 майи соли 2018 дар Америка аз олам гузашт. Маъруфияти ӯву маҳбубияти ашъораш аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардид, ки пайкари ӯ ба Тоҷикистон оварда дар мазористони Лучоб ба хок супурда шуд. Пешвои миллат дар ситоиши устод мегӯяд: «Бозор Собир аз зумраи шоирони ватансарое буд, ки тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ заҳматҳои зиёде кашидааст. Тамоми эҷодиёти Бозор Собир, бахусус ашъори замони соҳибистиқлолияш, аз эҳсоси гарми ватандорию худшиносии миллӣ саршор аст».

Бозор Собир заҳматашро умре барои офаридани беҳтарин ашъор дар васфи Ватан сарф кард, ки аз ҳар мисраъ худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватанхоҳии устувор чун чашмаҳои баҳори Ватан ҷӯш мезанад.

Ман Ватанро аз қафои пода пайхас кардаам,

Рӯзу шаб бо панҷ ҳисси зотиам ҳис кардаам:

Бо забону чашму гӯшу бо димоғу дасту по,

Бо чамидан, бо шамидан, бо чашидан, бо самоъ.

Бояд бигӯем, ки ӯ дар  ватансароиву ватаншиносӣ ҳамчун донишманди комил ҷилва мекунад. Ба ёд меорем «Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд», «Забони модарӣ», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Девори Бухоро», «Теғи Сино», «Дарвозаи Бухоро», «Аҳмади Дониш», «Ғазои Восеъ»-ро. Ин ашъор бо истифода аз санъатҳои талмеҳ ва ишора даҳҳо номҳои таърихиро зикр менамоянд ва хонандаи закиро талқин мекунанд, ки фазилати андешаашро бедор намояду ба бузургии шоир тан диҳад.

Устод Бозор Собир нуздаҳсола дурӣ аз Тоҷикистонро бо ашъораш наздик мекарду талхии ғурбатро бо эҷодаш ширин мегардонд, дарди дилашро бо сатрҳои пурдарди дили хеш «даво» мебахшид. Даҳ соли аввали ғарибӣӯро ба чунин ҳасрат овард:

Даҳ сол гул начидам аз пуштаҳои қишлоқ,

Аз пуштаҳои қишлоқ як дам ҳаво нахӯрдам.

Дар сарзамини ғурбат аз сакта нотавонам,

Дур аз Хами Мазорам ман ҷон намесупорам.

Гирди мазори модар даҳ сол ман нагаштам,

Даҳ сол ман нагаштам гирди мазори додар.

Ҳар як гули сияҳгӯш чун хоҳари сияҳгӯш

Дар орзуи ман буд даҳ сол дидааш тар.

Устод бори аввали омаданаш аз Америка (феврали соли 2004) дар зодгоҳаш Файзобод  «қад-қади роҳи хокӣ» қадамзанон «дастҳои чанори пир», чашмаҳо, «ҳавзи оби найзор», «кавари пухтаи лаб-лаби ҷар», «дуди печони ошдонҳо», «зоғҳои ошёнагумкарда», «Қалъаи кофир»-у пуштаҳоро дида дуди дил бароварду ҳавасу ормон шикаст.

Ғариби кӯи сахт аст, на ҳар кас ин сахтиро таҳамул карда метавонад. Бозор Собир тавассути қалам ин кӯи сахтро таҳамул кард. Магар инсоне ҳаст, ки ғарибиро Ватан гӯяд?!  Барои Бозор Собир «дур рафтан аз Ватан имкон надошт», зеро меҳраш ӯро «чун зодбуни меҳрубон сӯяш мекашад». Чӣ тавр метавонист «аз замину ҳамрангу ҳамхуни худ» бигрезад?!, зеро, охир,  «дар нофи заминаш хуни нофаш» рехтааст. Нӯшдоруро ба ӯ фақат Ватан дода метавонад.

Устод дар шеъри «Хонақоҳи ман», ки чанд ифодаашро дар боло ба риштаи қалам кашидем, нолону хунчакон мегӯяд:

Аз Ватан вақте  ки мерафтам,

Ёдам аз ӯ дар фазо мерафт.

Додам аз ӯ дар ҳаво мерафт,

Гуфтам: аз рӯи ҳаво хат мекашам рӯи Ватанро,

Баъд аз ин, бигзор, бигзор,

Ман набинам рӯи ӯро,

Ӯ набинад рӯи манро...

Шоир хостааст «дар шишаи танги ҳавопаймо» ба ҳамин маънӣ хат кашад. Вале муҳаббати Ватан магар ёро медод, ки ба чунин «қарор» мухолиф набошад? Ғолибан он шишаро мебӯсад, он қадар мебӯсад, ки дилаш мехост, серӣ мебӯсад, ки ҳатто бӯсааш «дар шишаи танги ҳавопаймо намеғунҷад».

Ватансароию ватанхоҳии Бозор Собир хосса буда, бо олами андешаю тахаюлот, завқу салиқаи эҷодиаш фарқкунанда аст. Ҳунари шеърофариаш дар ватансароии ӯ бештар акс меёбад. Дар таҳқиқи банда устодони зиндаёд Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ҳақиқатан шоирони дардҳо, розҳою ниёзҳоиВатан ҳастанд. Бозор Собир аз барҷастатарин шоирони навовари адабиёти муосир буда, бо образҳои ҷаззоб, воқеан шоирона, андешаҳояшро рангоранг, дилнишину марғуб ифода мекунад.

Китобе, ки рубоию дубайтиҳои устодро ба таври мукаммал таҳти унвони «Чорпора» ва «Гулҷӯш» ҷой додааст, «Шоиру шеъре агар ҳаст» мебошад. Ин китоб соли 2006, ҳини дар Америка будани устод, аз ҷониби шоир Низом Қосим мураттаб гардид. «Чорпора» 414 рубоӣ ва «Гулҷӯш» 38 дубайтии устодро дар бар гирифта, қисме дар ғарибӣ (Америка) ҳангоми «фароғат»-и устод эҷод шудаанд. Оҳангҳои ватандӯстона дар «Чорпора» хеле хушу гуворо садо додаанд, онҳо Ватанро, Тоҷикистони азизро, обу ҳавои ҳаловатбахшро инъикос менамоянд:

Шаҳрест маро чаҳор фаслаш зард аст,

Шаҳре, ки чаҳор фасли зардаш гард аст.

Шаҳре, ки чаҳор фасли гардаш дард аст,

Шаҳре, ки чаҳор фасли дардаш сард аст.

Шеъри устод Бозор Собир, дар кадом мавзӯе гуфта шуда бошад, навозиши рӯҳ аст, хосса дар мавзуҳои Модар ва Ватан, тарғиби арзишҳои суннатии миллӣ ва нангу номуси миллӣ. Ӯ панҷоҳ сол пеш, дар даврони ҳокимияти коммунистӣ бо забони модарӣ табли бедорӣ, худшиносӣ зад. Намунаи беҳтари ашъори он солҳо «Забони Ватан»(дар маҷмуаи сеюми ӯ –«Гули хор») мебошад, ки баъдан «Забони модарӣ» номгузорӣ шуд. Ҳамон солҳо, ки устод 28-30-сола буд, чун шоири ватансаро шӯҳрат ёфт:

Ҳарчӣӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хитаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою девон дошт, дод.

Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт.

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,

Душмани бехонааш дар хонаи ӯҷо гирифт.

Ҳар шоире, ки вориди адабиёт мегардад, албатта, дар бораи зодгоҳаш шеър эҷод мекунад. Устоди мо ҳам истисно нест. Ӯ, ба мушоҳидаи мо, дар 26-28 мавриди эҷод номи Файзободро зикр мекунад. Ва ишқу вафои худро ба зодгоҳаш бо таровату салосату нафосат, самимонаю ошиқона, бо ҳиссиёти ҳаяҷонбахш, зебову гуворо инъикос менамояду тараннум мекунад. Ба ин мисраъҳои дутақтеа таваҷҷуҳ кунед:

«Пурсояву пурмаҳтоб

Шаб хам-хами Файзобод.

Акси шаби маҳтобӣ

Дар шабнами Файзобод.

Шаббодаи саҳрояш

Бо бӯйи палак ояд,

Чун бӯйи малак ояд,

Аз авҷи фалак ояд.

Устод дар остонаи 80 буд. Бо ҳама вазниниҳои рӯзгор, шикастҳои руҳонию ҷисмонӣ мо намегӯем, ки ӯ аз олам номурод рафт. «Пайванд», «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Сангдевор», «Бо чамидан, бо чашидан», «Чашми сафедор», «Симхор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам», «Аз гули хор то симхор», «Шоиру шеъре агар ҳаст», «Хуни қалам», «Лолаи сиёҳ» ва дигар китобҳо, ки вафодории ӯро нисбат ба Модар-Ватан саршор нишон медиҳанд, номи Бозор Собирро ҷовидон нигоҳ медоранд.

Ҷӯрабек МӮМИН, рӯзноманигор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.