ИФТИХОР
ЧИСТ РОҒУН? – ИҚТИДОРИ ДАВЛАТ АСТ
- Подробности
- Опубликовано 26.11.2018 09:07
- Автор: Super User
То оғози расмии сохтмони НБО-и Роғун ман аз омодагиҳои корҳои сохтмон дар иншооти мазкур огаҳӣ доштам. Ва баъди хатми донишгоҳ бо ҳукми тақдир муддати қариб ду сол солҳои 1976-1977 дар шаҳраки Обигарм кору фаъолият карда, бештар бо ҳаёту рафти корҳои сохтмончиён шинос гардидам. Баъди дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» фаъолият намудан якҷоя бо ҳамкорон С. Шоев, Н. Гадоев (руҳашон шод бод),Ҷ. Мӯминов, Т. Соҳибназаров, бонуи русзабон О. М. Чистопрудова борҳо ба НБО «Роғун» сафарҳои корӣ дошта, маводҳои зиёде дар саҳифаҳои рӯзнома рӯи чоп овардем.
Аз рӯи маълумот ва пешгӯиҳо бояд солҳои 1989-1990 ду чарх (агрегат)-и неругоҳ ба кор дароварда мешуд. Барои ин гурӯҳи калони бинокорону мутахассисон таҳти шиори «Эстафетаи коргарӣ», ки ҳашари умумихалқиаш меномиданд, аз ҷумҳуриҳо ва шаҳрҳои гуногуни СССР –Белоруссия, Эстония, Туркманистон, Латвия, Урал, Харков, Норак омада дар сохтмон саҳм мегирифтанд. Сохтмони Роғун чунон босуръат буд, ки мутахассисон ҳатто пеш аз муҳлат ба кор даровардани агрегатҳои онро пешгӯӣ мекарданд.
Ташвиқи кору фаъолияти онҳо ҳамеша дар навиштаҳои мо тасвир мешуд. Мутаассифона, бозсозиҳои солҳои 1980-1990-ум, пошхӯрии давлати шӯравӣ, оташи ҷанги бародаркушӣ ба он оварда расонд, ки маблағгузорӣ ба сохтони неругоҳи азими аср қатъ гардид. Баъди хеле талаю тороҷ ва хароб гардидани қисми зиёди техникаҳои пуриқтидори ин иншоот,хушбахтона, бо саҳми беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чархи аввалин (агрегат) рӯзи 16 ноябр ба кор дароварда хоҳад шуд, барои мардуми мо муъҷизаест, бо лутфи Худовандӣ.
Ин ҷо лаҳзаеро аз вохӯрӣ бо аҳли бунёдкорони иншооти мазкур ба ёд оварданиям, ки яке аз он даҳҳо хотираҳост.
Меҳринисо шоираи тавонои тоҷик, ки аз айёми донишҷӯӣ то ин дам ҳамдигарро мешиносем, дар яке аз сафарҳои худ ба НБО-и Роғун бо як гурӯҳ адибон маро низ бо худ ҳамсафар гирифт. Дар ин сафар адибон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Муҳтарам Ҳотам, Раънои Мубориз ва чанде дигарон дар яке аз қитъаҳои сохтмонӣ бо бинокорон вохӯрии ширину хотирмоне доир гардониданд. Меҳмонон шеърҳои дар васфи Роғун эҷодкардаи худро хонданд. Санъаткорони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо созу суруди худ якҷоя бо шеърхонии адибон он рӯз ба бинокорон рӯҳи тоза ва хурсандии беандоза бахшиданд. Махсусан ин мисраҳои Муҳаммад Ғоиб хеле рӯҳнавоз буданд:
Чист Роғун?-Иқтидори давлат аст,
Кони ганҷу махзани пурсарват аст.
Боварат гар нест, шарҳаш медиҳам:
Ҳарфи Р-аш рӯшанӣ бошад фақат,
Душмани ҳар рӯшаниҷӯ зулмат аст.
Ҳарфи О бошад, зи ободӣ нишон,
Балки О об аст, руди исмат аст.
Ғайрату ҳиммат ҳама дар халқи мост,
Ҳарфи Ғ-аш бозгӯи ғайрат аст.
Устуворию умед У-аш агар,
Ҳарфи Н номусу нангу нусрат аст
Як гурӯҳ сохтмончиён «Бо номусу нанг Роғунро месозем»-гӯён беихтиёр садо баланд карданд.
Имрӯз бо ифтихормандӣ мегӯем, ки Роғун, ки оғози сохтмони он 43 сол пеш сар шуда буд, бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чархи аввали он ба кор надохта шуда, ормонҳои мардуми чашминтизор амалӣ гардида, бори дигар шуълаи бузургтарин неъмат – умед ба зиндагии осоиштаро дар қалби мардуми Тоҷикистони азиз равшантар менамояд.
М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».