Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

ДИЛОВАРОНИ ҲАМОН СОЛҲО

Сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун 27 сентябри соли 1976 сар шуд. Аз он вақт то соли 1990 ба инҷо рафтуо доштем. Мақсади асосӣ: инъикоси рафти сохтмони неругоҳ, ба он хотир, ки Роғун ҳанӯз номи шаҳрро нагирифта буду Обигарм ба ноҳияи Файзобод дохил мешуд. Баъдан ҳам, чанд соли ба шаҳр табдил додани Роғун, он дар ҳайати ноҳияи Файзобод меистод.

Афсӯс, муноқишаҳои аёни кишвар имкониятҳоро аз даст гирифтанд. Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барҳам хӯрд. Ва сохтмони неругоҳ, ки даврони шӯравӣ «Иншооти умумииттифоқӣ» унвон гирифта буд, қатъ гардид.

Ба бахти мо, тантанаи Истиқлолияти мулки тоҷик ҷавлон заду Ҳукумати Тоҷикистон мақсади гардон кардани чархи сохтмони «Роғун»-ро ба миён гузошт. Халқи тоҷик рафти пуравҷи «Роғун»-ро аз шабакаҳои телевизион ва матбуоти тоҷик фаровон мебинад. Мо аз ҳар қадами пешравӣ қабат-қабат гӯшт гирифта, ояндаи боз ҳам фарохтари ҳаёти кишварро пеши назар меорем.

Акнун марҳилаи аввали таъмини энергетикии Тоҷикистон – яке аз ҳадафҳои барномавии Ҳукумат – муҳайё гардид. Хабари он ки 16 ноябри соли 2018 аввалин мошини нерубахши «Роғун» ба кор медарояд, на танҳо мани журналистро хурсанд мегардонад, инчунин авҷи шодмонии кулли сокинони Тоҷикистонро ба фалак мебардорад.

Шонздаҳуми ноябри соли 2018. Имрӯз яке аз санаҳои муҳимтарини таърихии ҳаёти Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад. Ин рӯзро тамоми мардум бесаброна интизор буданд, ҳатто ду-се даҳсола пеш, ҳине, ки мо, рӯзноманигорон бо қаламу дафтари эҷодӣ ба Роғун мерафтем, ба ҳар касе вомехӯрдему ҳамсуҳбат мешудем, ҳис мекардем, ки нерую тавоноии дасту бозуяшонро ба амалишавии ҳамин ният, ба кор даромадани неругоҳ  бахшидаанд.

Тӯли 15-16 соли сафарҳоямон ба Роғун бо чӣ қадар касон во нахӯрдаем! Чеҳраҳои бисёри онҳо пеши назар аст. Ва тасаввур кардан душвор нест, ки аз қаҳрамонони навиштаҳои мо аксарияташон дар қайди ҳаёт нестанд. Камол Ҳамсариев он солҳо аллакай ба умри 60 мерасид. Равонаш шод бод! Ӯ фаъолияти меҳнатиашро аз чорводорӣ сар кард. Бист сол рамаю галаи  колхозҳои ноҳияи Орҷоникидзеобод (Ваҳдати имрӯза)-ро бонӣ намуд. Баъд ба неругоҳи Сарбанд рафту то анҷоми сохтмон дар он ҷо буд. Соли 1963 ба Норак гузашт. Норак ӯро соҳиби орденҳои Ленин ва Байрақи Сурхи Меҳнат кард. Камол Ҳамсариев аъзои «Академияи коргарони Норак», баробари оғози Роғун инҷо гузашт. Ӯву Анатолий Тюмин ва Анатолий Устинов, ки ба эҳтироми  якдигар соҳиб шуда буданд, дар «Роғунгесстрой» ба бригадаҳои калонтарин сарварӣ менамуданд. Дастаи меҳнатии К.Ҳамсариев бештарашон ҷавонони таҳҷой буданд.

Аввалин сардори сохтмон Виктор Яковлевич Ненахов - шояд ҳашт-даҳ карат бо ӯ суҳбат карда бошем -  аз олам гузашт. Яке аз кӯчаҳои Роғун ба номаш гузошта шудааст. Дар хаёлам, аввалин бор аз ӯ шунида будем, ки танҳо дар наҳри Вахш, дар ин гавҳари камёфти Тоҷикистон, дар якҷоягии ҷараёни дарёи Хингоб 14 неругоҳи барқӣ сохтан мумкин аст, ки иқтидори онҳо ба 12,7 миллион киловат мерасад. Суҳбат бо Виктор Яковлевич хеле гуворо буд. Сохтмони «Роғун»-ро хат ба хат раг ба раг азёд медонист. Суҳбатҳои мо бо Евгений Павлович Карпов низ аз ёд нарафтааст. Ӯ дар Норак вазифаи сардори раёсати сохтмонро уҳда мекард. Дар «Роғунгесстрой» вазифаи сармуҳандисиро интихоб намуд. Корҳои тадқиқотӣ дар Роғун аз солҳои 1960-61 оғоз ёфтанд,- мегуфт ӯ. – Тадқиқот асоси сохтмон аст. Кори сохтмони «Роғун» хеле мураккаб, шаҳр медод Евгений Павлович. – Сиву се миллион мукаабметр гил кандан, дар зери замин 2,5 миллион мукаабметр ҷинсҳои сахтро шикастану берун баровардан лозим меояд. Бинои чархҳои даврдеҳ бо тамоми иншооташ дар мағзи кӯҳ ҷой мегиранд...

Аз охирин сардори сохтмони неругоҳ Николай Григоревич Савченков чор-панҷ соли охир хабар надорем. Қабл аз давом додани сохтмони қатъгардидаи НБО-и Роғун Ҳукумати Тоҷикистон ӯро барои маслиҳати ёрӣ даъват карда буд. Ҳар ҷо бошад, зинда бошад. Н.Г.Савченков барои дар соли 1989 ба кор даровардани неругоҳ орзую ҳаваси зиёд дошт, бо ин ният хуб заҳмат ҳам кашид. Ҳини сафарҳои эҷодӣ аз ӯ дар бораи «Роғун» рақамҳои фаровон гирифта будем. Мегуфт: неругоҳи Роғун аз ҷиҳати характери сохтмон, қудрату тавоноиаш аз неругоҳҳои барқи обии дигари мамлакат фарқ карда, дар ҷаҳон яке аз тавонотаринҳост. Роғун аз бародари худ Норак, ки ҳарду дар дарёи пуртуғёни Вахш бунёд мегарданд, аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ бартарӣ дорад. Агар Норак дорои нуҳ агрегати ҳар кадом 300 ҳазор-киловата бошад, шумораи агрегатҳои Роғун шашто, иқтидори ҳар кадоми он 600 ҳазор киловат аст. Баландии дарғоти Норак 300 метр буда, бо иқтидори пурра 11,2 миллиард киловат-соат қувва медиҳад. Роғун бошад, соле 13 миллиард киловат-соат барқ хоҳад дод. Обанбори Роғун аз Норак васеътар, 12 миллард мукааб об мебарад, ки 4,5 миллион гектар заминҳои ташналабро шодоб хоҳад кард.

Дар рӯзҳое, ки «Роғун»-ро ба кор медароранд, кас мехоҳад аз гузаштаи он бисёр ёд кунад. Воқеаву рӯйдодҳо хеле зиёданд. Соли дувуми кори сохтмон мерафт. Аллакай чандин ҳазор одам кор мекард. Дар як суҳбат Николай Григоревич, ҳамон сардори сохтмон, ин номҳоро бо эҳтиром ба забон гирифт ва хоҳиш кард, агар тавонем, онҳоро бештар таъриф кунем: Бобомурод Муҳибуллоев, Умар Сафаралиев, Шомурод Ҳакимов, Лайс Абдураҳмонов, Анатолий Юмин, Николай Иванов, Элвера Ланг. Тоҷикбачаҳо аксарият аз шаҳраки Обигарм, Файзобод ва Нуробод буданд. Кош сари эшон дард накарда бошад. Аниқ, ки онҳо то нафақа дар сохтмон кор карданд. Аз собиқ ронандагону булдозерчиён, бетонрезону шахбароён, ки 20-солаю биступанҷсола буданд, аксрияташон баробари ба кор сар кардани «Роғун» инҷо омадаанд. Ва диловарона заҳмат мекашанд.

Мо дар вақташ ба Роғун моҳе чор-панҷ карат сафари эҷодӣ доштем. Газетаҳои ҷумҳуриявии ҳамонвақта «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»), «Комсомоли Тоҷикистон» («Ҷавонони Тоҷикистон») хоҳиш мекарданд, ки аз рафти сохтмони неругоҳи Роғун барояшон мавод манзур намоем. Мо бе саркашӣ хоҳиши онҳоро ба ҷо меовардем. Мунтазам хабару мақола, гузоришу мусоҳиба навишта, мерасондем. Бояд бигӯям, ки яке аз сабабҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ ба унвони «Журналисти хизматнишондодаи  Тоҷикистон» (Корманди шоистаи Тоҷикистон) ноил гардидани банда ҳамин ҳамкории зич бо газетаҳои ҷумҳуриявӣ буд.

Дар ҳар дафъаи рафтан дар сохтмон як дигаргунӣ ба мушоҳида мерасид, дигаргунии андак не. Дар соли аввали сохтмон медидем, ки дар дашти Ҷӯшон ҳаёт ҷӯш мезад. Роҳҳои ҳамвору васеъ, кӯпрукҳои нав, заводу сехҳо, биноҳои ташкилотҳои гуногуни сохтмон, ошхонаю истироҳатгоҳҳо сохта ба истифода даромаданд. Боре дигаргунии чашмраси шафати майдони сеюми гармобаи Обигарм моро ба ҳайрат гузошт. Инҷо дар таҳҷои деҳаҳои Дилмарзо ва Сарипулак шаҳраки нави коргарӣ банёд шуда буд, ба ҳисоб 15 бинои истиқоматии сею чорошёна пеши рӯ меистоданд. Шаҳрак инчунин маркази савдо, ошхона, дигар нуқтаҳои маданӣ-маишӣ дошт. Боғча-яслии дорои 320 ҷой кор мекард. Бинои мактаб барои 1176 толибилм қомат меафрохт. Умуман ҳазору сад навигарӣ ба чашм мехӯрд.

Ҳамин гуна навигариҳоро дар Майдон – шаҳри ояндаи Роғун медидем: дар соли дуюму сеюми оғози «Роғун» аллакай даҳҳо оилаҳо дар биноҳои барҳаво бо фароғат зиндагӣ мекарданд. Мактабу боғча, мағозаю ошхона, дигар иншооти маданӣ-фароғатӣ мавриди истифода қарор мегирифтанд. Шаҳри Роғун барои 20 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ гардида буд…

Дар он тарафи соҳили Вахш пармагарону нақбканон синаи кӯҳро шикофта, барои дарё роҳи нав месохтанд. Он солҳо «Роғун» асосан чор минтақаи муҳими корӣ дошт. Ҳама ҷо, ки мерафтӣ, ҷӯшу хурӯши кор медидӣ.

Чеҳраи Идибек Очилов ҳам дар чашми мо нақш дорад. Ӯ, ҷавонмарди 28-30-сола, дар Майдон хона дошту дар сохтмон булдозерчӣ буд. Идибек ҳавсала карда аз кору бори диловарони неругоҳ ба рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнати коммунистӣ» хабару мақола мефиристод. Тавассути навиштаҳои ӯ бо белазчӣ Абдукарим Шамсов ошно шудем. Бори аввали ӯро дидан ҳеҷ бовариамон наомад, ки ҷавонмарди тахмин якунимметра чунин як мошини  «воҳима»-нокро идора карда тавонад. Абдукарим Шамсов аз Файзобод, аз деҳаи Тақназарӣ (ҳозира Сомониён) буда, аз ҷавонӣ дар Норак кор кардааст. Ӯ аз ҷумлаи пешсафони  Роғун буд, ба донистани мо, мукофоти давлатӣ дошт. Умраш дароз бод, ҳоло нафақахӯр аст. Аввалин Камаз, аввалин Кразу Белазҳои пуриқтидорро ба ӯ бовар мекарданд. Чунки дар Норак  - дар ин «муъҷизаи асри 20» таҷриба андӯхта буд.  

«Роғунро тамоми мамлакат месозад». Ин ифодаи маъмули матбуоти ҳамон солҳо буд. Воқеан, даврони шӯравӣ аз тамоми гӯшаю канори СССР барои кор ба Роғун меомаданд. Сохтмони сермиллаттарин ҳисоб мешуд. Тавре дар боло ишора кардем, баробари барҳам хӯрдани СССР (Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Советии Сотсиалистӣ) сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун аз кор монд.

Акнун хурсандии мо ҳаду канор надорад, ки Тоҷикистони ба қавле «хурдакак» сохтмону ба анҷом расондани Роғунро худ ба уҳда гирифт. Ва он қадар дур нест, ки «Роғун» пурра ба кор дарояду ба халқу Ватан хизмат кунад.

Ҷӯрабек МӮМИН.