Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИФТИХОР

НАҚШИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ ДАР ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Cанъати амалии халқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад. Бо вуҷуди он ки имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳуриамон ҳунармандони зиёди мардумӣ машғули эҷод ҳастанд, инкишофу пешрафти ин ҳоло дар сатҳи зарурӣ нест. Чаро ки дар роҳи инкишофи ҳаматарафаи ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ муаммоҳову мушкилотҳои зиёду гуногун вуҷуд доранд. Ҳатто қисмате аз он дар ҳоли  аз байн рафтан аст. Пас, ҳоло зарурати аз ҳарвақта дида бештари ҳалли масъалаҳои марбут ба рушди ин намуди ҳунар ва санъат ба миён омадааст. Пеш аз ҳама, ҳунару санъати амалии халқӣ бо дастгирии ҳаматарафа ниёз дорад.

Дар доираи татбиқи иқдоми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо мактаби омӯзиш ва тайёр намудани ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар ин мактабҳо аз рӯйи усули анъанавии миллии «устод-шогирд» шогирдон тарбия меёбанд. Гузашта аз ин Президенти кишвар дар Паёми навбатиашон соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ» эълон намуданд, ки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварамонро дар роҳи эҳё, нигоҳдошт ва рушди босуръати ин паҳлӯи муҳими ҳаёти мамлакатамон ба чандин маротиб  меафзояд.

Ҳунарҳои мардумӣ, бахусус ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва комилтарин навъи санъат аст, ки ҳамеша ба ҳаёти инсонҳо алоқамандӣ дорад.   Ба ин хотир аст, ки дастгирӣ аз ҳунармандони мардумӣ, ки эҷодкори зебоӣ ҳастанд, нишони олиҳиммматӣ мебошад.

Хушбахтона, дар ноҳияи мо навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ дар мисоли наққошию кандакорӣ, чӯбтарошиву кулолгарӣ, зардӯзию қуроқдӯзӣ, кашидадӯзию попурдӯзӣ ва қолинбофӣ бо шарофати мардони шарифе монанди Усто Солеҳу Усто Саъдулло Зоҳиров, Ҳоҷӣ Бобишо, Муҳаммадсидиқу Мирзоумар ва дигарон мавҷуданду ривоҷ доранд.

Бешубҳа дар кори пешрафту ривоҷ ва рушди ин навъу намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Бахши агентии шуғли аҳолӣ ва меҳнат, Маркази касбомӯзии калонсолони ноҳия зиёд аст. Зеро эҳё ва рушду пешрафт марбут мешавад ба ҳамин мақомоту бахшҳои номбурда. Чуноне ки аз суҳбат бо намояндагони бахшҳои зикргардида маълум гардид, мувофиқи нақша зиёда аз 72 навъи ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия бояд амалӣ карда шаванд. Бештари онҳо тавассути мусоидати ҳамин бахшҳо амалӣ мегарданд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар соли 2018 барномаи «Волиб» бояд амалӣ гардад, ки он сафи омӯзандагонро дар курсҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати таълимии ин бахшҳо зиёд менамояд.

Усули дигари тайёр намудан ва бо ин роҳ нигоҳ доштани ҳунарҳои мардумӣ ин усули «устод-шогирд» мебошад, ки таърихи густурдаю қадима дошта, хусусан дар байни мардуми шарқ маъруф аст. Ин усули эҳёву нигоҳдошти ҳунарҳои мардумиро мо дар мисли оилаи шодравон Усто Солеҳбег Зоҳиров мебинем. Се нафар фарзанди ин устои номдор имрӯз меросбари касби падаранд. Коса, табақ, гаҳвора,сутун маснуоти армуғонии тайёркардаи онҳо дар чандин намоишгоҳҳову озмунҳо  сазовори мукофотҳои аввал гаштаанд. Ба ҳамин монанд ҳунарманди номдори маснуоти армуғонӣ Ҳоҷӣ Бобишо низ дар дохилу хориҷи ноҳия ва кишвар сазовори баҳои баланд гаштааст.

Хулоса, инъикоси анъанаҳои миллӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ бо  инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорат мусоидат менамояд.