Вт12032024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ҲУҚУҚ

НАФСИ БАД…

 

Дар урфият мегӯянд: «Нафси бад балои ҷон». Дар ҳақиқат нафси саркаш шахсро ба роҳи хиёнату дӯздӣ мебарад. Нафсро идора бояд кард, то ки паси панҷара қарор нагирӣ.

Дар ин мавод мо аз нафароне ном мебарем, ки бо роҳи дӯздию ғоратгарӣ рӯзӣ дидан мехостанд.

Нуруллои Файзалӣ санаи таваллудаш 24 декари соли 1993, зодаи шаҳраки Файзобод, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, қаблан бо ҳукми суди ноҳияи Файзобод 19 марти соли 2014 бо моддаи 165 қисми 1, 244 қисми 2 бандаҳои «а,б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду солу ду моҳ аз озодӣ маҳрум шуда, моҳи ноябри соли 2014 бо татбиқи банди 1, моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014, таҳти рақами 1130 аз адои ҷазои боқимонда озод карда шудааст. Нуруллои Файзалӣ баъди аз ҳабс озод шуданаш ба ҷои истиқоматии доимиаш, кӯчаи Зебуннисо, хонаи 4, шаҳраки  Файзобод баргашта боз ба дӯздии моликияти шаҳрвандон даст задааст.

Нуруллои Файзалӣ, ки худ дар ҳолати ретсидивӣ қарор дошт, бо ҳамшариконаш Қосимов Мустафо Ҳабибуллоевич, таваллудаш 30 апрели соли 1997, истиқоматкунандаи кӯчаи Чинаӣ хонаи 122, ноҳияи Файзобод бо маслиҳати пешакӣ моҳи октябри соли 2017, соатҳои 15-30 дақиқа аз заминҳои чарогоҳи ҳудуди кӯчаи Зебуннисо як сар чорвои калони сесоларо, ки 2500 сомонӣ арзиш дошт, дуздида ба ҷабрдида Мирзоев Суҳбатулло Ризоевич зарари моддӣ расониданд.

Нуруллои Файзалӣ дид, ки кораш омад мекунаду ба даст намеафтад, бори дигар бо ҳамроҳии ҳаммаслакаш Муҳтоҷов Давлатманд Абдулазизович, таваллудаш 20 феврали соли 1989, истиқоматкунандаи деҳаи Хуросони Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод моҳи ноябри соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ аз назди партовгоҳи кӯчаи Зебуннисои ноҳия як сар гови  4000 сомонӣ арзишдоштро  дуздида ба Муродалиева Гулнисо Саидмуродовна зарар расониданд.

Вақте диданд, ки корашон омад мекунаду бе заҳмат соҳиби пулҳои шараққосӣ мешаванд, ин дафъа 10 ноябри соли 2017 Нурулло бо ҳамроҳии дӯстонаш Давлатманду Мустафо як сар чорворо, ки тахминан 3600 сомонӣ арзиш дошт, аз заминҳои тутзори воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Файзобод чаро дошт, бе мушкилӣ дуздида ба соҳиби чорво Холова Марҳабо зарар расониданд.

Ҳамин тариқ дар маҷмӯъ Нуруллои Файзалӣ чор ҷинояти дуздӣ, Муҳтоҷов Давлатманд Абдулазизович ва Қосимов Мустафо Ҳабибуллоевич бо се ҷинояти дуздӣ айбдор дониста шуданд.

Ҳангоми таъйин намудани ҷазо тибқи талаботи моддаи 61 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд кирдори судшавандаҳоро ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи миёна мансуб дониста ва пушаймонӣ зоҳир кардани судшавандаҳо ва ба пуррагӣ барқарор кардани зарари расонидаашон ва ҷабрдидаҳо нисбаташон ягон даъво надоштанро ба назар гирифта, мувофиқи кирдори содиркардаашон, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр ба Нуруллои Файзалӣ ба муҳлати се сол бо адо кардани ҷазо дар коллонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд. Ба Муҳтоҷов Давлатманд 2 солу 2 моҳ ва ба Қосимов Мустафо 2 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ба адо кардани ҷазо дар коллонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин кард.

Ф.М.МИРЗОЗОДА, судяи суди ноҳияи Файзобод.