ҲУҚУҚ
130 АДАД ТАЛОҚ ДАР 1 СОЛ
- Подробности
-
09 Фев 2018
- Опубликовано 09.02.2018 13:45
Ё КИҲО ГУНАҲГОРОНИ ТАҚДИРИ НОРӮШАНИ 138 НАФАР ТИФЛАКОНИ НОБОЛИҒАНД?!
«Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».
Эмомалӣ Раҳмон,
Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таҷрибаи ҳаёт ва зиндагӣ нишон медиҳад, ки инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯи бахт ва ҳамқадами парвозии орзуҳои хеш аст. Хушбахт ҳамон касест, ки дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ ба хотири бунёди оила иштибоҳ намекунад. Ҳар шахс бояд дониста бошад, ки хушбахтии оилавӣ хати шукӯҳи зиндагиро муқаррар карда, хиёнат ба ин муқаддасот пару боли ормонҳоро мешиканад, ки оқибат гирифтори азоби виҷдон мегардад.
Оила узви ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст ва он бояд дар пояи ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббату самимият, тарбияи фарзандони хушодобу солеҳ, нигоҳ доштани нангу номуси оиладорӣ асос бигирад. Пас, бунёди оила ҳавову ҳавас нест. Ҷавонон бояд пеш аз ақди никоҳ бастан дуруст дарк намоянд, ки хонадоршавӣ танҳо ба хотири зан ё шавҳар шудан нест, балки ин масъулияти бузург назди ҷомеа ва сарнавишти наслҳост. Мутаассифона, имрӯз баъзан хурдтарин нофаҳмиҳо боиси сар задани ихтилофҳо ва дар ниҳояти кор ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад, ки бисёр нанговар аст. Ба рақамҳо рӯ меоварем: соли 2017 дар ноҳия 130 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора назар ба чанд соли охир зиёд аст.
Ин эрод - сабаби зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳо - аз минбари иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ва маҷлиси ҷамъбасти сол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия садо дод. Сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо аз рӯи таҳлилҳо чунин арзёбӣ гардид: мувофиқ наомадани хислатҳои зану шавҳар дар оиладорӣ, омода набудани ҷавонон ба зиндагии оилавӣ ва кӯтоҳандешии навхонадорон, дахолати волидон, аз тарафи мардон бунёд намудани оилаҳои дигар ва хиёнати занҳо ба шавҳарҳо, никоҳи хешовандӣ, ба муҳоҷират рафтани ҷавонписарон ва муддатҳои зиёд барнагаштани онҳо, издивоҷи маҷбурӣ, ғурури ноҷо, беҳудагӯӣ, ҳавобаландии зану шавҳар нисбати якдигар, хушунати хонаводагӣ, кам ҳам бошад рашки беасоси хушдоманҳо нисбати келинҳо, ба хотири соҳиби шаҳрвандии Русия шудан ва, аз ҳама ташвишовар, бетарафии атрофиён, масъулону фаъолони аҳли ҷамоатчигӣ.
Мувофиқи маълумотномаи дардастдоштаи мо ҷудошавии оилаҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Мискинобод 24 адад, Қалъаидашт 21 адад, Чашмасор 1 адад, Ҷавонон 17 адад, шаҳраки Файзобод 25 адад, ба номи Д.Алиев 21 адад, Вашгирд 9 адад, Меҳробод 24 адад, Бӯстон 12 адад аст. Аз оилаҳои ҷудошуда 138 нафар кӯдакони ноболиғ аз оғӯши меҳру муҳаббати якҷояи падару модар маҳрум мондаанд, ки тарбияю тақдири ояндаи онҳо норӯшан мемонад. Рақамҳои болоӣ бозгӯи фаъолияти масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сари масъалаи мазкур мебошад.
Ба андешаи мо, барои пешгирии ин падидаи номатлуб таъҷилан аз ҳисоби масъулон гурӯҳи корӣ созмон дода, дар ҳар як ҷамоати деҳот ва шаҳрак вохӯриҳои рӯ ба рӯ, суҳбати мизҳои мудаввар гузаронда, сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро таҳлилу муҳокима карда, баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, бунёди оилаҳои солиму пойдор, зери назорати доимӣ гирифтани оилаҳое, ки дар арафаи ҷудошавианд, мақомотҳои дахлдор ва кумитаҳои маҳалла ҷалб карда шаванд. Зеро паси ҳар як оилаи ҷудошуда тақдире, ғаму андӯҳе, ташвише, беадолатии иҷтимоӣ ва ё фишори бераҳмонаи зиндагӣ ниҳон аст. Ва бетарафии ҳар яки мо нисбати вайроншавии оилаҳо - ин ниҳоди муқаддас – маҳаки асосии ҷамъият гуноҳест нобахшиданӣ.