ҲУҚУҚ
ТАНЗИМ - БАРАКАТИ РӮЗГОР АСТ
- Подробности
-
12 Сен 2017
- Опубликовано 12.09.2017 10:46
Имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 10 сол сипарӣ гардид. Ба шарофати қабули қонуни мазкур як қатор пешравиҳои назаррас дар рӯзгори сокинони ноҳия ба чашм мерасад, ки дар ин самт саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бузург арзёбӣ мешавад. Аз рӯзи қабули қонун зиндагии мардуми кишвар хеле пеш рафта, роҳи исрофкориҳо ҷилавгирӣ карда шуда ва маъракаҳои зиёди мо камхарҷу бе сарфаи зиёдатӣ баргузор мегардад.
Бо дили пур метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ, арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард.
Аз нигоҳи фармудаҳои дини Ислом ҳам сарфаю исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз корҳои зишт ба ҳисоб рафта, пайравонашро аз чунин рафтор манъ менамояд. Ҳамин аст, ки вобаста ба пешравии ҳаёти мардум, рушди ҷомеа ва беҳбуд гардидани сатҳи зиндагии мардум ба қонуни мазкур аз ҷумла таъғйирот дар хусуси баргузории маросимҳои “чил” ва “сол” бе додани таом, ки аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод шуда буд, қабул гардид. Акнун хешовандон, дӯстон ва он нафароне, ки ба хонаи азодор дар ин маросимҳо барои тасаллият меоянд, бо як каф дуо нисбати майити фавтида амали хайрхоҳонаи худро анҷом медиҳанд. Ҳамчунин дар ҷашну идҳои миллӣ, аз ҷумла, иди саиди Фитр ва Қурбон мардум аз оростани дастархони боҳашамат худдорӣ намуда, ба ҷойи зиёдаравию сарфаи беҳуда хони маънавӣ ороста, дар ҳаққи гузаштагонашон дуои хайр мекунанд.
Чӣ тавре ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни мазкур омадааст: “Он пасандозҳое, ки мо дар маъракаҳои дабдабанокамон сарф ва харҷ мекунем, бояд бештар барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, харидани асбобу таҷҳизоти рӯзгор, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, кӯчаю ноҳия, диёри азизи худ ва инчунин барои таълиму тарбияи фарзандонамон равона карда шавад”.
Ҳамзамон ба ҳамагон маълум аст, ки аксарияти фарзандони мардуми тоҷик, шавҳарон, хоҳарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар мамлакатҳои гуногун кору фаъолият доранд. Бонувони азизи мо вазифадоранд, ки меҳнати азизони худро, ки бо машаққати зиёде ба даст оварда шудааст, сарфаю сариштакорона дар рӯзгори худ ва аҳли оилаашон истифода карда, ба буҷаи оилаашон сабукиҳои зиёд оварда, маблағи бақияро барои зиндагии осоиштаи худ истифода намуда, ба таълиму тарбияи фарзандон равона созанд.
Махфират РАШИДОВА, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия.