ҲУҚУҚ
АСИРИ НАФС
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 16:35
Падидаи нораво ва нанговаре, ки имрӯзҳо миёни гурӯҳе аз ашхоси баднафс вусъат ёфтаву бо тадриҷ паҳн мешавад ва боиси таассуф ва ташвиши ҳамагон гаштааст, ин фиреб додану эҳтиром надоштан ба мардуми истеъмолкунанда аст. Ин қабил одамон асири нафс гаштаву мехоҳанд бо роҳҳои осону бедардимиён маблағҳои хурду калон ба даст оваранд. Тасдиқи ин гуфтаҳо баргузории мурофиаи суди сайёр, рӯзи 18 апрели соли 2017 дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ки амали нанговари мардумфиребии сокини деҳаи Андигони ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат Маҳмаёров Сироҷиддин Мирзоёрович мебошад. Мурофиаи мазкур рафтори авомфиребонаю нанговари Маҳмаёров С.М-ро фош карда, ӯро бо моддаи 294 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор намуд.
Маҳмаёров Сироҷиддин барои бо роҳи осон ба даст овардани маблағи зиёд ба гумроҳ кардани истеъмолкунандагон дар мавриди сифат ва хосияти маводи истеъмолшаванда ба чунин як амали нораво даст задааст.
Дар рафти мурофиа судшаванда Маҳмаёров С.М. бо айби ба ӯ эълонгардида дар содир кардани ҷиноят бо моддаи 294 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра гунаҳгор ҳисобид. Номбурда нишон дод, ки дар ҳақиқат бо автомашинаи тамғаи КАМАЗ, рақами давлатиаш 40-08 рт 08, ки дар ихтиёр дорад, миёнаҳои моҳи октябри соли 2016 ба кони ангишти «Сайёд» рафта 10 тонна ангишти пастсифатро бор карда ба деҳаи Устошамси ноҳияи Файзобод меорад. Мувофиқи нишондоди корхонаҳои саноатӣ ангишти овардаи ӯ бо нархи 90 сомонӣ муайян шудааст. Нишондоди мазкурро намояндаи кони ангишти «Сайёд» Назаров С. низ тасдиқ карда иброз дошт, ки вобаста ба навъҳои сифати доштааш нархи ангишти кони мазкур барои 1 тонна аз 90 сомонӣ то 180 - 200 сомонӣ муайян гардидааст. Аммо Маҳмаёров С.М. ангиштеро, ки ба 1 тоннааш 90 сомонӣ нарх муқаррар шудааст, оварда ба гурӯҳи истеъмолкунандагони деҳаи Устошамс А. Латипов, Н. Холов, Н.Шаропов, Т.Боев, Г.Сайфуддинов, А.Камолов, И.Бобоназаров бо нархи 200 сомонӣ барои як тоннааш фурӯхта, ҷамъулҷамъ беш аз 2000 сомониро ба киссаи худ задааст. Ҳамчунин ӯ кафолат додааст, ки ангишти овардаи ӯ дорои сифати баланд мебошад. Баъдан истеъмолкунандагони ҷабрдида аз сифати пасти ангишт ба Маҳмаёров С.М шикоят бурда, баргардонидани маблағи додаашонро талаб кардаанд. Аммо ӯ аз баргардонидани маблағи гирифтааш саркашӣ намудааст.
Аммо Маҳмаёров С.М танҳо баъд аз санҷиши пурра ва ҳаматарафаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пешниҳод намудани маводҳои зарурӣ ба гуноҳи содиркардаи худ иқрор шуд. Далелҳои ҷамъоварда гуноҳи ӯро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 294 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи пурраи худро собит намуд.
Суд барои ин амали содирнамуда Маҳмаёров Сироҷиддин Мирзоёровичро бо моддаи 294 қисми 2 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, тибқи моддаи мазкур ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати як сол бо адои ҷазо дар коллонияи ислоҳии низоми умумӣ ва маҳрум кардан аз фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати як сол таъйин кард.
Бо дастрасии талаботи моддаи 61-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ба гуноҳаш иқрор будану аз кардааш пушаймон гаштан ва бори аввал даст ба ҷиноят задан, ҳамчунин пурра барқарор гардидани зарари расонида аз ҷониби Маҳмаёров Сироҷиддин Мирзоёровичро ба инобат гирифта нисбаташ қисми 1 моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ кард ва ҷазои таъйингардида шартан иҷро нашуда, як сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.
Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки: «бори каҷ ба манзил намерасад». Асири нафс гардидану пайи сарвату мол давидан пайёмади хуб надорад. Ҳар амалеро хоҳ нек ва хоҳ бад сазое дар пай аст. Чунки оқибати фиребу найранг ва мардумфиребӣ бори беобрӯйӣ ба бор меорад. Арзанда нест бо чунин амалкардҳои пасту нанговар сари болои худро дар назди зану фарзанд, ёру дӯст ва мардум паст задан.
С.Қ.ҚУДРАТЗОДА,
раиси суди ноҳия.